Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ба 35 соли зиндон маҳкум шуданд


Додгоҳи Нижний Новгороди Русия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун узви созмони тундгаро ва тарҳи амалиёти террористӣ дар ин шаҳр ҷамъан ба 35 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи Нижний Новгороди Русия ба натиҷае расид, ки чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон узви Ҳизби Таҳрир буда, ғайриқонунӣ дар Русия мезистанд ва нақша доштанд, дар ин шаҳр амалиёти террористӣ анҷом диҳанд. Ҳангоми боздошти яке аз онҳо чанд сол пеш аз манзилаш норинҷаки дастӣ, муҳимоти ҷангӣ, шабномаҳоии даъват ба зӯроварӣ ва адабиёти мамнӯъ кашф шудааст.

Се нафари дигар дертар, дар ҷараёни таҳқиқи ҳодиса боздошт шуда, дар манзили онҳо низ маводи тарконандаи тротил, гексоген ва норинҷаки дастӣ ошкор гаштааст. Пажӯҳиш нишон додааст, ки ин чаҳор нафар узви Ҳизби таҳрир буда, ҳамчунин бо таблиғи ақидаҳои тундгароёна дар миёни муҳоҷирони тоҷик машғул будаанд. Бархе аз онҳо бо оилаҳояшон дар вилояти Нижегород ба сар мебурдаанд.

Додгоҳ сарвари гурӯҳро ба 10 сол зиндони низоми сахт, ду бародарро 9-солӣ ва чаҳорумиро ба 8 соли ҳабс маҳкум кард. Наворе, ки дар шабакаи Ютюб пайдо шуд, лаҳзаҳои баъд аз эълони ҳукмро нишон медиҳад, ки ду нафар аз маҳкумшудагон шадидан эътироз мекарданд ва се нафари онҳо намехостанд, чеҳраҳояшон дида шавад.

XS
SM
MD
LG