Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайнаби Абдулло, духтари 6 солаи тоҷик дар Русия ёфт шуд


Зайнаби Абдулло
Зайнаби Абдулло

Мақомоти пулиси Русия имрӯз, 9-уми август аз ёфт шудани духтараки 6 солаи тоҷик, ки аз дирӯз бедарак буд хабар доданд.

Ба итилоъи раёсати минтақавии вазорати умури дохилии Русия Зайнаби Абдулло, рӯзи панҷшанбеи 8 август соати 10 аз хона баромада бедарак шуда буд. Дар ин бора шаҳрванди 42 солаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Пушкини Русия истиқомат мекардааст ба мақомоти пулис аз гум шудани духтараш хабар додаст.

Дар натиҷаи кофтукоби кормандони пулис имрӯз духтарак ёфт шудааст. Тавре дар ин бора аз Раёсати корҳои охилии вилояти Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, Зайнаби Абдулло сиҳату саломат соати 11-и рӯзи ҷумъа дар кӯчаи Трудоваяи шаҳраки Ивантеевка пайдо карда шудааст.

«Духтарак сиҳату саломат ёфт ва ба волидонаш баргардонда шуд. Ин духтарак аз хунукназарии волидонаш гум шудааст. Дар ҳақиқат чунин ҳодисаҳо ғолибан рух намедиҳанд, вале мо шодем, ки ин ҳодиса бо хушӣ анҷом ёфт.», гуфт дар тамоси телефонӣ як корманди пулиси вилояти Маскав ба радиои Озодӣ.

Мушоҳида мешавад, ки як қисми муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия бо оилаҳои худ барои кор меоянд ва вақтҳои охир тақдири кӯдакони онҳо зери хатар мондааст.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар паноҳгоҳи атфоли ятими «Транзит», дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамакнун чаҳор навраси 8 то 17-солаи тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин кӯдакон Азизҷони Т., соли таваллудаш 23-юми июни соли 2005, Сайёраи С., соли таваллуш 28-уми августи соли 2003 ва бошандаи вилояти Суғд, Самариддини С., соли таваллудаш 20-уми феврали соли 1997, зодаи ноҳияи Бохтар ва Луқмониҳаким С., соли таваллудаш 27-уми июли соли 1996, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мебошанд.

Консули сафорати Тоҷикистон дар Русия Садбарг Ғаниева рӯзи гузашта зимни дидор аз ин парваришгоҳ бо вазъи ин чаҳор кӯдаки бесаробони тоҷик, ки дар парваришгоҳи «Транзит»-и ин шаҳр нигаҳдорӣ мешаванд, ошно шудааст.

Оқои Эгамзод дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин кӯдакон ба ҳангоми оворагардӣ дар хиёбонҳои шаҳр аз ҷониби маъмурони пулиси Санкт-Петербург боздошт шудаанд. Манбаъ афзуд, ҳоло маълум нест, ки волидони ин кӯдакон кӣ ҳастанд ва онҳо бо кадом роҳ ба ин шаҳр роҳ ёфтаанд.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки ҳамакнун музокирот миёни ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ва Русия барои бозгардони ин кӯдакон идома дорад ва дар наздиктарин фурсат, бо мусоидати вазорати умури дохилии Русия онҳо ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд. Оқои Эгамзод ҳамчунон афзуд, ки кӯдакон ба дасти волидон, хешу таборашон дода мешаванд, ва ё дар сурати ятими бесаробон будани ин кӯдакон, ба парваришгоҳҳои Тоҷикистон супурда хоҳанд шуд.

Ин бори аввал нест, ки кӯдакони оворагарди тоҷикистониро аз кӯчаҳои Русия мақомоти ин кишвар боздошт кунанд. Моҳи январи соли 2013 мақомот 30 кӯдаки тоҷикистониро аз паноҳгоҳи "Транзит"-и Санкт-Петербург гирифта ба Тоҷикистон интиқол дода буданд. Ин кӯдаконе буданд, ки аксарашон бо сабаби кӯтаҳдастии волидонашон ба тарбияи муассисаҳои давлатӣ вогузор шудаанд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG