Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидамир Зуҳуров: "Ҳолам хуб аст, ба кор бармегардам"


Саидамир Зуҳуров, раиси пешини КДАМ.
Саидамир Зуҳуров, раиси пешини КДАМ.

Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, пас як моҳи мураххасӣ аз бемористон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бори аввал дучори сактаи мағзӣ шуд ва ҳосилаш солхӯрдагӣ ва ҳам фикри зиёд будааст.

Ӯ гуфт, вазъи саломаташ мӯътадил аст ва ба зудӣ ба кораш бармегардад. Зуҳуров дар ҳоли ҳозир мушовири ширкати мухобиротии "Билайн" аст.

"Хеле сангин буд"

Мақоми охирини Саидамир Зуҳуров сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон буд.

Генерал-полковник Саидамир Зуҳурови 67-сола рӯзи 14-уми март дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло таҳти муроқибати пизишкон аст ва доруҳое, ки машварат медиҳанд, истеъмол мекунад. "Бори аввал буд, ки ба сактаи мағзӣ дучор шудам. Хеле сангин буд. Ҳоло ҳам роҳ рафтан ва ба хиёбонҳо баромада наметавонам", - афзуд ӯ.

Зуҳуров гуфт, дар ҷараёни беморӣ даҳҳо нафар ба суроғаш омада ва ё дар ҳаққаш ҳарфҳои хуб гуфтаанд, ки аз онҳо сипосгузор аст. "Ба ман расонданд, ки журналистҳо мақола нашр кардаанд, аз саломати ман изҳори ташвиш намудаанд. Аз ҳамаи онҳо миннатдор ҳастам", - афзуд Саидамир Зуҳуров.

Чанд ҳафта рӯи кати бемористон

Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шоми 22-юми январи имсол бо сактаи мағзӣ (вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар) дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуд ва пас аз ду ҳафта ба хонааш баргашт.

Ӯ аз моҳи феврали соли 2016 дар нафақа аст. Аммо мегӯяд, дар ширкати "Билайн" ба ҳайси мушовир кор мекунад. Мақоми охирини ӯ дар ниҳодҳои давлатӣ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон буд.

Аз Саидамир Зуҳуров то кунун ба ҳайси кадри ҳирфаӣ ва таҷрубадор ном мебаранд ва борҳо дар матбуоти Тоҷикистон аз корҳояш ёдовар шудаанд.

"Масъулиятамро иҷро кардам"

Яке аз корнамоиҳои ӯ -- озод кардани гурӯҳи журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ аз дасти гурӯҳи тарафдори Ризвон Содиров дар охирҳои солҳои 1990-ум будааст. Ҷангиёни марбут ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон хабарнигорони маъруфро чанд рӯз дар гарав нигоҳ доштанд ва намояндагони ҳукумат ба раҳбарии Зуҳуров тавонистанд онҳоро зиндаву саломат раҳо кунанд.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он, ки ҳамон амалиёти хатарнокро чӣ гуна анҷом дод ва ҳоло аз он ҳодиса чӣ гуна ба ёд меорад? – гуфт, “ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки вазифаамро иҷро кардам. Масъулияте, ки ба дӯш доштам, мувофиқи ҳамон амал кардам. Дар миёни онҳо журналистон ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид буданд ва онҳо нияти нек доштанд. Ман ҳам танҳо ба ҳамин хотир ба ин кор рафтам. Ман танҳо масъулияти худро иҷро кардам, ки наҷоти одамон буд".

Саидамир Зуҳуров соли 1951 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе корро аз муаллими фанни таърих дар як мактаби миёнаи ноҳияи Фархор шурӯъ кардааст.

Матолиби бештарро дар инҷо бихонед:

XS
SM
MD
LG