Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Бритониё: "Интернет мисли обу барқ аст, бояд бошад" ВИДЕО


Ҳю Филпотт
Ҳю Филпотт

Баъзе аз сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Рӯзи озодии матбуот аз баста мондани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сахт танқид карданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба баъзе аз сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва хадамоти Гугл маҳдуд аст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол расман маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе аз сомонаҳои интернетиро шарҳ надодаанд. Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев рӯзи 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт, "шояд мушкили техникӣ аз берун аст". Иддаое, ки бисёриҳо ба он бо шубҳа менигаранд.

"Хабарҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мефаҳмам"

Чанде аз сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе
Чанде аз сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе

Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт дар нишасти бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе гуфт, интернетро бояд мисли барқ ва об фикр кунем ва сарфи назар аз чигуна истифода шудан, онҳо бояд бошанд. "Ба интернет ниёз дорем, чун бахши муҳими зиндагии мост. Зеро он ҷо садои мардуми одӣ, яъне нафароне, ки ҳатто таҳсилдида нестанд, шунида мешавад. Ман тамоми хабарҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мефаҳмам", -- гуфт ӯ.

Сафири Бритониё айни замон афзуд, "имкон надорад, ки ҳамаи сомонаҳо баста шаванд, зеро филтршикан ва VPN-ҳо ҳастанд".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сафирони ғарбӣ аз ҳукумат хостанд, ки интернетро набандад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Ба ҷуз аз Ҳю Филпотт, инчунин, ду сафири дигари ғарбӣ аз маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон интиқод карданд. Ҷон Поммершайм, сафири Амрико дар ин нишаст аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки озодии баён, бахусус озодии дастрасӣ ба интернетро таъмин намоянд. Зеро ба қавли сафири Амрико, "бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳо иқтисодро ҳам маҳдуд мекунем".

Изҳороти сафири Амрико

Ҷон Поммершайм
Ҷон Поммершайм

Ӯ афзуд: "Ба ақидаи мо, дастрасӣ ба иттилоот тавасути интернет хеле муҳим аст. Сайтбандиҳо ва маҳдуд намудани дастрасӣ ба интернет ба соҳибкорӣ ҳам халал мерасонад. Ман аз чандин соҳибкор шунидам, ки дастрасӣ ба интернет барои пешбурди корашон фавқулода муҳим аст. Ин як. Дуввум ин ки дастрасӣ ба интернет барои рушди ҷомеа зарур аст. Ин минбарест, ки мардум метавонад озодона назари худро иброз кунад. Шаҳрвандон бо истифода аз интернет имкон доранд, ки муколамаи ошкоро дошта бошанд. Ба ақидаи мо, сайтбандиҳо бояд хотима ёбанд ва интернет фазои озод бошад. Аз тарафи дигар, масъалаҳои амниятӣ низ вуҷуд доранд ва ҳар кишвар ҳақ дорад, ки бо падидаҳои шабеҳи терроризм ва ғайра мубориза барад. Дар ҳар сурат, чунин мубориза набояд баҳонае барои комилан бастани сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли он бошад."

Нилс Ҷансон, мушовир оид ба масоили сиёсии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон низ дар суханронии худ дар ин ҳамоиш, ба дастрасии озод ба интернет дар Тоҷикистон таъкид кард. Ӯ гуфт, "набояд ин озодиро аз шаҳврандон гирифт".

Посухи намояндаи мақомот

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин нишаст ба таъмин будани озодии баён дар кишвар таъкид карданд. Масрур Абдуллозода, мушовири ёрдамчии президент дар умури робита бо ҷомеа гуфт, “таъмини озодии баён дар мадди назари ҷиддии ҳукумат қарор дорад.” Аммо ӯ гуфт, барояшон “танқиди созанда ва бодалел лозим аст, на сӯзандаву интиқомҷӯёна”.

“Барои як муш набояд биноро чаппа кард”

Умед Бобохонов
Умед Бобохонов

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз моликони расонаҳо дар Тоҷикистон гуфтанд, барои “як кайк набояд пӯстин”-ро сӯзонд. Умед Бобохонов, бунёдгузори "Азия-Плюс", рӯзи 3 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷомеаи Тоҷикистон наметавонад бе интернет рушд кунад. Бобохонов афзуд, "ба хотири масоили амниятӣ маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет нодуруст аст", зеро барои як китоби зараровар наметавон тамоми китобхонаро оташ зад.

“Маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет танҳо ба хотири будани маълумоти зараровар ба он монанд аст, ки як бинои баландошёнаро барои дар таҳхонааш муш будан хароб кунем. Ин равиши нодуруст аст. Ба мушҳо бояд дору дод ва онҳоро аз байн бурд ва бино бояд бимонад”, -- шарҳ дод Бобохонов.

Чанд рӯз пеш созмони Хабарнигорони бидуни марз ва Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар гузорише гуфтанд, ки сензураи интернет дар Тоҷикистон боис ба поинравии нишондодҳои кишвар дар Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот шудааст. Ба бовари созмон, журналистони расонаҳои мустақил мавриди фишор буда, ҳар сари чанд вақт барои нашри ин ё он матолиб ваё ба хотири маҳдуд кардани онҳо дар чопи матолиби танқидӣ мавриди фишор қарор мегиранд. Журналистони зиёд дар солҳои охир тарки касб ва ё кишвар кардаанд. Чизе, ки мақомот дар гузашта борҳо рад карда ва гуфтаанд, қонунҳои кишвар озодии баёну суханро иҷоза додаанд.

XS
SM
MD
LG