Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Киевро бо зӯр пароканда карданд


Дар натиҷаи пароканда кардани тазоҳуроти тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Киев даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Субҳи шанбе маъмурони пулиси зидди шӯриш бо истифода аз калтак ва гази ашковар садҳо нафар аз тазоҳургаронро аз маркази шаҳри Киев ронданд.

Андрей Шевченко, вакили мардуми мухолифи давлат дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, “даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо нафар боздошт шуданд.” Ба навиштаи ӯ, “Украина дар гузашта ҳеҷ гоҳ чунин чизеро надида буд.“

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ба эҳтимоли ғолиб 30 нафар бар асари латукуби маъмурони пулис ҷароҳат бардоштаанд. Ҷефрӣ Пйат, сафири Амрико дар Киев, истифодаи нерӯ алайҳи тазоҳургарони осоиштаро маҳкум кардааст.

Рӯзи ҷумъа 10 ҳазор нафар дар маркази шаҳри Киев ҷамъ омада хостори истеъфои Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина шуданд, ки ӯ аҳдномаи деринтизори ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо имзо накард. Садҳо нафари онҳо шабона дар майдон монда буданд.

Даргирии нерӯҳои пулис бо тазоҳургарон дар Киев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00


Мулоқоти раҳбарои Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Вилнюси Литва ба поён расид. Дар он Украина дар бораи ҳамгароӣ бо Аврупо мувофиқатнома имзо накард. Дар ин мулоқот Иттиҳодияи Аврупо мувофиқатномаҳои оғози ҳамкорӣ ва тиҷорати озод бо Гурҷистону Молдоваро такмил карданд ва ин санадҳо ба таври алоҳида дар оянда ба имзо мерасанд.

Хосе Манэл Барросо-раиси Кумиссиюни Аврупо аз такмили ин мувофиқатномаҳо истиқбол кард ва гуфт: “Ман хушҳолам, ки имрӯз дар ин ҷо ҳузур дорам ва​шоҳиди рӯйдоди хеле муҳим, яъне шоҳиди такмили мувофиқатномаҳои ҳамгароӣ бо Гурҷистону Молдова мешавам. Ин чархиши муҳиме дар марҳилаи нави муносиботи мо мешавад”.

Барросо ҳамчунин изҳори умед кард, ки ин кишварҳо ҳар чӣ зудтар мувофиқатномаҳои ҳамкориро бо Иттиҳодияи Аврупо имзо кунанд. Ин мувофиқатномаҳо имкон медиҳанд, ки ин ду кишвар бо Аврупо ҳамкориҳои назидки иқтисодӣ дошта бошанд ва низомҳои қонуниву иқтисодии худро бо муқаррароти байналмиллалӣ мутобиқ кунанд. Ба таври алоҳида Озарбойҷон ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи соддатар кардани муқаррароти раводид санаде ба имзо расонданд.

Раҳпаймоиии ҳаводорони Иттиҳодияи Аврупо дар Киев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00


Аммо музокироти миёни Виктор Янукович-раиси ҷумҳурии Украина ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо натиҷа надод. Бо вуҷуди ин Виктор Янукович гуфт, ки Киев мехоҳад дар ояндаи наздик бо Иттиҳодияи Аврупо мувофиқатномаи ҳамкориро имзо кунад. Вай гуфт, " ман таъйид мекунам, ки бо вуҷуди натиҷа надодани мулоқоти Вилнюс Украина мувофиқатномаи ҳамкориро имзо мекунад".
Мулоқоти нахусти Виктор Янукович бо раҳбарони Аврупо шоми рӯзи панҷшанбе анҷом гирифт. Баъд аз ин мулоқот Далиа Грибаускайте-раиси ҷумҳури Литва гуфт, ки дар ин мулоқот тағире дар мавзеъгириҳои Украина мушоҳида нашудааст.

Интизор мерафт, ки Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати озод қарордод имзо кунад. Вале чанд рӯз пеш аз мулоқоти
Виктор Янукович дар мулоқоти Вилнюс
Виктор Янукович дар мулоқоти Вилнюс
Вилнюс Янукович гуфт, ки кӯмакҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Иттиҳодияяи Аврупо кофӣ нест ва ба ҷои он Украина бояд бо ҳамсояи худ Русия ҳамкориашро наздиктар кунад.

Дар эъломияи ниҳоии мулоқоти раҳбарон гуфта мешавад, ки ҳамаи ширкаткунандагон “ аз ҳимояти бемисли мардуми Украина ёдовар шудаанд. Мардум ҳамгароии сисёсӣ ва иқтисодии Украина бо Иттиҳодияи Аврупоро мехоҳанд”.

Хосе Мануэл Барросо-раиси кумиссиюни Аврупо пешниҳоди Украинаро дар бораи ширкати Русия дар музокироти Украина ва Иттиҳодияи Аврупо рад кард. Киев мехоҳад, ки Русия дар корҳои омодагии Украина ба ҳамгароӣ бо Аврупо ширкат ҷӯяд.

Гирдиҳамоии тарафдорони Янукович
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00


Дар мулоқоти Вилнюс раҳбарони 34 кишвар, аз ҷумла раҳбарони ҳамаи 28 кишвари узв ва раҳбарони Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Молдова, Украина ва намояндаи Беларусия ширкат доштанд. Аз Беларусия дар ин мулоқот Владимир Макей-вазири хориҷа ширкат кард, зеро вуруди раҳбарони ин кишвар ба қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мамнуъ эълон шудааст.
Аммо дар Украина, ба вижа дар Киев чӣ мегузарад ва вокуниши эътирозгарон ба натиҷаҳои мулоқоти Вилнюс чӣ аст? Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Анна Райская-хабарнигори радиои Озодӣ дар Киев нахуст ҳамин суолро матраҳ кардам:

Райская: Ман бо ҳар касе, ки дар Киев сӯҳбат кардам, онҳо асабонианд. Дар хиёбонҳо сӯҳбат кардам, бо одамони хеле оддӣ, ки аҳли сисёсат нестанд. Онҳое, ки дар эътирозҳо ширкат мекунанд, мегӯянд, ки корашон тамом
Эътирозҳо дар Киев
Эътирозҳо дар Киев
нашудааст. Онҳо то охирин лаҳзаҳо умедвор буданд. Вале имрӯз ин умедҳо барбод рафт. Эътирозгарон мегӯянд, давлату ҳукумат, ки хостаҳои мардумро нодида мегиранд, бояд ба истеъфо раванд ва раиси ҷумҳури наве, ки интихоб мешавад, бояд мувофиқатномаро бо Иттиҳодияи Аврупо имзо кунад. Эътирозгарон ду роҳро пешниҳод мекунанд. Ё эътисоби густардатар, ки биёянд биноҳои давлатиро, ба вижа атрофи дафтари раёсати ҷумҳуриро бигиранд, яъне эътисоби умумӣ эълон кунанд. Дар он сурат раҳбарони мухолифон пешниҳодҳои худро дар бораи роҳҳои канорагирии раиси ҷумҳур ва ҳукумати вай ба порламон бояд бибаранд. Аз ин роҳ мехоҳанд пеш бираванд ва дар порламон райи заруриро ба даст оранд.

Суол: Эътирозгарон тасмими гирифта буданд, ки 29 ноябр аз шаҳри Кеив то марзи Лаҳистон, яъне Полша аз одамон занҷири зинда ташкил кунанд. Оё ин кор анҷом гирифт?

Райская: Анҷом нашуд, вале дар ҳоли шаклгирист. Вале саранҷом ин як иқдоми намоишӣ мебошад ва мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор хоҳад гирифт. Аз ин роҳ мардуми Украина нишон медиҳанд, ки ҷузви Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд ва бояд Украина бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамгароӣ кунад. Аммо мушкиле, ки ҳоло вуҷуд дорад, ин аст, ки одамоне, ки дар тазоҳурот ширкат доранд, инҳо чӣ кор бояд кунанд?

Суол: Бале, ҳоло тасмими инҳо чӣ аст? Чӣ кор хоҳанд кард?

Райская: Он гуна, ки раҳбаронашон тавзеҳ медиҳанд, онҳо ду роҳ доранд. Онҳо мегӯянд, ҳоло бояд пофишорӣ кунем ва саъй кунем, ки раиси ҷумҳурро ба истеъфо равон кунем. Ба ҳукумат ҳам фишор орем ва дар порламон иҷлоси
Киев, пулис роҳи эътирозгаронро мегирад
Киев, пулис роҳи эътирозгаронро мегирад
вижа баргузор шавад, то битавонанд ҳукуматро низ ба истеъфо рвон кунанд. Вале ин роҳи қобили қабул нест ва мумкин аст дар ҷомеа бо нируҳои амниятӣ задухӯрд ба амал ояд, зеро ин роҳи ғайриқонунист. Ба гуфтаи онҳо, роҳи дуввум ин аст, ки ҳамин ҳоло ҳеҷ корӣ накунанд ва ононе, ки дар ин тазоҳурот ширкат доранд, байни мардум фиристода шаванд ва то як соли дигар дар байни онҳо корҳои омӯзишӣ-таблиғотӣ пеш баранд ва ташвиқ кунанд, ки дигар дар интихоботи оянда, ки баъди якуним сол баргузор мешавад, ба тарафдории Виктор Янукович рай надиҳанд. Ба мардум бигӯянд, ки Янукович чун раиси ҷумҳур хостҳои мардумро бароварда накард. Раҳбарони мухолифон гуфтанд, ки тасмими худро дар ин бора дар ҳамин як-ду рӯзи оянда мегиранд.
XS
SM
MD
LG