Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯиҳо дар Тоҷикистон, пеш аз Ҷоми ҷаҳонии футбол. ВИДЕО, САДО


Барандаи Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар Русия, ки 32 тими мунтахаби дунё барои дарёфти он талош хоҳанд кард, насиби кӣ хоҳад шуд? Ин суолест, ки таҳлилгарону коршиносони бахши футбол дар гӯшаҳои мухталифи дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба назару пешгӯиҳои худ ба он қабл аз шурӯи марҳалаи ниҳоӣ посух додан мехоҳанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Назари мутахассисони тоҷик ба Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:00 0:00

Бойирҷон Эгамбердиев, мураббии варзидаи футболи тоҷик, рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба ҳар сурат биёед дар бораи чунин тими мунтахабе чун Олмон суҳбат кунем. Нахуст ин тим низоми қавӣ дорад, ки чанд дафъа, аз ҷумла дар Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия барояшон кор дод. Ҳамчунин дар Ҷоми Конфедератсия, ки дар Русия баргузор шуд. Ин тим ба обу ҳавои Русия мутобиқ шудааст, онҳо инро эҳсос карданд. Фикр мекунам, дар тӯли як соли охир таҷриба ва низоми ин тим тақвият ёфтааст. Ва вазифаи дигаре барояшон боқӣ мондааст, ки унвони қаҳрамони ҷаҳонро дубора дар Русия ҳам ҳифз кунанд.

Боирҷон Эгамбердиев.
Боирҷон Эгамбердиев.

Ба қавли бархе аз таҳлилгарони тоҷик сарнавишти Ҷоми қаҳрамони футболи ҷаҳон дар Русия, асосан мисли солҳои қаблӣ дар миёни шаш барандаи аслии он аз ду қораи ҷаҳон - Аврупо ва Амрико - ҳал хоҳад шуд. Зеро тимҳои мунтахаби наве чунин омодагиро аз қабл барои пирӯзӣ дар чунин мусобиқоти муҳими дунё аз худ возеҳ ба намоиш нагузоштаанд.

Назари мутахассисони тоҷик ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:47 0:00

Салоҳиддин Ғафуров, мудири Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз нигоҳи ман дастаҳои пурқувваттар - Бразилия ва Олмон мебошанд, ки фикр мекунам дар финал вомехӯранд. Аз он ҷиҳат дастаҳои пурқувват мебошанд, ки ҳам мураббиён ва ҳам бозингарони пурқувват доранд. Ва аз бозиҳои рафиқонае, ки онҳо гузаронданд, дар ҳамааш нағз бозӣ карданд."

Салоҳиддин Ғафуров.
Салоҳиддин Ғафуров.

Дар Ҷоми ҷаҳон дар Русия дурахши ситораҳои ҷаҳонии футбол камтар хоҳад буд. Ин назари теъдоде аз мутахассисони футболи тоҷик аст, ки дар ин Ҷоми ҷаҳонии футбол ситораҳои навро интизоранд.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии тими мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин чемпионати ҷаҳон, ба ғайр аз ситораҳое, ки мо медонем, Роналду, Месси, чеҳраҳои нав пайдо мешаванд. Ба фикри ман аз дастаи Англия Рашфорд, ки дар тими “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунад, бозигари беҳтарин мешавад.”

Ба бовари теъдоди дигар, сарнавишти Ҷоми ҷаҳон-2018 бештар дар дасти ситораҳои аввал аст ва ба онҳо бастагӣ дорад, ки бо чӣ омодагиву чӣ табъе ба майдон мебароянд. Португалия ба Криштиану Роналду умед бастаасту Бразилия ба Неймар, Аргентина ба Лионел Мессӣ, Олмон ба Томас Мюллер ва сутунҳои туркиаш - Масъуд Ӯзил ва Самӣ Хидира, Испания – ба сели ситораҳое, ки аз “Реал”-у “Барселона” ҷамъ овардааст.

Зайниддин Раҳимов.
Зайниддин Раҳимов.

Бойирҷон Эгамбердиев, мураббии варзидаи футболи тоҷик, мегӯяд, “ҳар тими мунтахаб ситораҳои худро дорад. Вале мо мехоҳем ё на, ҷоизаи беҳтарин футболбоз тақрибан миёни Неймар, Месси ва Роналдо чарх хоҳад зад. Вале ман мехоҳам, дар ин сабқат Муҳаммад Салоҳ аз дастаи Миср ситораи наву дӯстдоштаи футбол, ки дар Тоҷикистон маъруф аст, ҷой дошта бошад.”

Марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия аз 14-уми июн то 15-уми июл идома хоҳад кард. 32 дастаи мунтахаб барои даст ёфтан ба унвони қаҳрамони футболи ҷаҳон – пуртамошобинтарин риштаи варзиши дунёи муосир мубориза мебарад.

Ҷоми ҷаҳонии футбол рӯзи панҷшанбеи 14-уми июн бо бозӣ миёни тимҳои мунтахаби миллии Русия ва Арабистони Саудӣ, ки дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи «Лужники», соати 18:00 ба вақти Маскав (соати 20:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад, оғоз меёбад.

Пешбиниҳои шореҳи Радиои Озодӣ ва назари корбарон дар инҷост:

Ҷоми Ҷаҳон - 2018: Кӣ қаҳрамон ва кӣ беҳтарин бозигар мешавад?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG