Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Ҷаҳон - 2018: Кӣ қаҳрамон ва кӣ беҳтарин бозигар мешавад?


То оғози мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи ҷаҳон чаҳор рӯзи дигар мондааст. Бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 аз 14-уми июн то 15-уми июл дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград - баргузор мешавад

Саволи муҳим — кӣ қаҳрамони ҷаҳон мешавад? Ман мунтахаби Бразилияро муддаии №1 меҳисобам. Ба назари ман, дар финал Бразилия ва Олмон бозӣ мекунанд. Бразилия қаҳрамони ҷаҳон мешавад. Аммо Олмон низ шонси зиёд дорад.

​Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи «Лужники», бо бозии гурӯҳи А миёни тимҳои мунтахаби миллии Русия ва Арабистони Саудӣ соати 18:00 ба вақти Маскав (соати 20:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Бозии ниҳоӣ низ дар ҳамин варзишгоҳ 15-уми июл доир хоҳад шуд.

Дар Ҷоми ҷаҳон-2018 дар муддати 32 рӯз 64 бозӣ доир мегардад: дар сабқати гурӯҳӣ – 48 бозӣ, дар ҳаштякфинал – 8 бозӣ, дар чорякфинал – 4 бозӣ, дар нимфинал – 2 бозӣ, барои ҷойи севум – 1 бозӣ ва финал – 1 бозӣ.

Маблағи ҷоизаҳои мусобиқот 400 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Ҷоми ҷаҳон-2014 12 дарсад бештар аст (дар Бразилия 358 миллион доллар буд). Қаҳрамони ҷаҳон 38 миллион доллар мегирад. Ба финалист 28 миллион доллар супурда мешавад. Барои ҷойи севум 24 миллион доллар муқаррар шудааст.

Ҳар як дастаи ширкаткунандаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 на кам аз 8 миллион доллар мегирад. Дастаҳои мунтахабе, ки ба нимфинал мебароянд, бо 22-миллиондолларӣ сарфароз мегарданд. Ба ширкаткунандагони даври чаҳорякфиналӣ 16-миллиондолларӣ, ҳаштякфиналӣ – 12-миллиондолларӣ супурда хоҳад шуд.

Бар асоси қуръакашӣ 32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд. Ду дастаи мунтахаб – Исландия ва Панама – барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунанд.

Дар марҳалаи ниҳоии мусобиқаи 21-уми қаҳрамонии ҷаҳон аз ҳашт дастае, ки пештар (аз замони оғози ин мусобиқот) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд, ҳафттоаш – Уругвай (1930, 1950), Олмон (1954, 1974, 1990, 2014), Бразилия (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Англия (1966), Аргентина (1978, 1986), Фаронса (1998) ва Испания (2010) - ширкат меварзанд. Вале мунтахаби Италия, қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон (1934, 1938, 1982, 2006), ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 роҳхат гирифта натавонист.

Хушномтарин тими миллӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ боз ҳам мунтахаби Бразилия аст. Ин даста панҷ дафъа қаҳрамони ҷаҳон шуда, унвони “пентакампеон” (қаҳрамони панҷкарата)-ро дорад. Бразилия танҳо кишварест, ки дар ҳамаи 21 марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат меварзад. Олмон беш аз ҳар тими дигар – ҳашт дафъа – ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфта, чаҳор бор бо медалҳои тилло сарфароз шудааст.

  • Кадом дастаҳо ба плей-офф ё ҳаштякфинал мебароянд, кадом даста қаҳрамони ҷаҳон мешавад, кӣ беҳтарин бозигар мегардад? Ин мавзуъ дар арафаи Ҷоми ҷаҳон-2018 мавриди баҳси коршиносону мутахассисон ва алоқамандони футбол гардидааст.
Нарзуллоҳи Латиф
Нарзуллоҳи Латиф

Ман, Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ, ҷуфтҳои эҳтимолии 1/8 финалии Ҷоми ҷаҳон-2018-ро пешгӯӣ мекунам. Ба назари ман дар гурӯҳи A Уругвай мақоми аввал ва Русия мақоми дувумро мегиранд. Испания ғолиби гурӯҳи B мешавад ва дар 1/8 финал бо Русия рақобат менамояд. Дар гурӯҳи B Португалия мақоми дувумро азони худ мекунад.

Мувофиқи пешбинии банда аз шаш гурӯҳи дигар ба 1/8 финал дастаҳои зерин роҳ меёбанд: гурӯҳи С — Фаронса ва Перу; гурӯҳи D — Аргентина ва Нигерия; гурӯҳи E —Бразилия ва Швейтсария; гурӯҳи F — Олмон ва Шведсия; гурӯҳи G —Англия ва Белгия; гурӯҳи H — Колумбия ва Полша.

Дар ҳаштякфинал Уругвай бо Португалия, Фаронса бо Нигерия, Бразилия бо Шведсия, Англия бо Полша, Испания бо Русия, Аргентина бо Перу, Олмон бо Швейтсария ва Колумбия бо Белгия рақобат мекунанд.

Дар чаҳорякфинал Португалия бо Фаронса, Бразилия бо Англия, Испания бо Аргентина ва Олмон бо Белгия рақобат хоҳанд кард. Дар нимфинал Португалия бо Бразилия ва Испания бо Олмон рӯбарӯ мешаванд.

Саволи муҳим — кӣ қаҳрамони ҷаҳон мешавад? Ман мунтахаби Бразилияро муддаии №1 меҳисобам. Ба назари ман, дар финал Бразилия ва Олмон бозӣ мекунанд. Бразилия қаҳрамони ҷаҳон мешавад. Аммо Олмон низ шонси зиёд дорад. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Аврупо мегузарад ва дар замони баргузории мусобиқот дар ин қора аз ҳама бештар мунтахабҳои аврупоӣ пирӯз шудаанд.

Ба бовари бисёриҳо, сарнавишти Ҷоми ҷаҳон-2018 бештар дар дасти ситораҳои аввал аст ва ба онҳо бастагӣ дорад, ки бо чӣ омодагиву чӣ табъе ба майдон мебароянд. Португалия ба Криштиану Роналду умед бастаасту Бразилия ба Неймар, Аргентина ба Леонел Мессӣ, Олмон ба Томас Мюллер ва сутунҳои туркиаш - Масъуд Ӯзил ва Самӣ Хидира, Испания – ба сели ситораҳое, ки аз “Реал”-у “Барселона” ҷамъ овардааст.

Ба саволи “Кӣ беҳтарин бозигари қаҳрамонии ҷаҳон-2018 мешавад?” посухи эҳтимолии банда чунин аст: Лионел Месси, ҳамлагари мунтахаби Аргентина. Ба назари ман, Месси барои ин унвон ҳамаи шонсро дорад. Ӯ дар дастае бозӣ мекунад, ки дигарон дар сояи ӯ қарор доранд. Зимнан, дар мусобиқоти гузашта Месси ин ҷоизаро ба даст овард, ҳарчанд мунтахаби Аргентина қаҳрамони ҷаҳон нашуд.

Вале ин пешгӯиҳои ман қатъӣ нест, зеро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Русия шояд муъҷизаҳо ба амал оянд.

Хонандагони азиз, ба назари шумо кадом дастаҳо ба финали Ҷоми ҷаҳон-2018 мебароянд? Кадом даста қаҳрамони ҷаҳон мешавад? Кӣ барандаи ҷоизаи “Беҳтарин бозигар” мегардад? Пешгӯиҳои шумо ба ин саволҳо дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай;
гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон;
гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания;
гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия;
гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия;
гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ;
гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия;
гурӯҳи H: Полша, Сенегал, Колумбия, Ҷопон.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2018

Бозии №1. 14 июн. 20.00. Москва. "Лужники". Русия– Арабистони Саудӣ
Бозии №2. 15 июн. 17.00. Екатеринбург. Миср – Уругвай
Бозии №3. 15 июн. 23.00. Сочи. Португалия – Испания

Бозии №4. 15 июн. 20.00. Санкт-Петербург. Марокаш – Эрон
Бозии №5. 16 июн. 15.00. Қазон. Фаронса – Австралия
Бозии №6. 16 июн. 21.00. Саранск. Перу – Дания
Бозии №7. 16 июн. 18.00. Москва. "Спартак". Аргентина – Исландия
Бозии №8. 16 июн. 24.00. Калининград. Хорватия – Нигерия
Бозии №9. 17 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Бразилия – Швейтсария Бозии №10. 17 июн. 17.00. Самара. Коста-Рика – Сербия
Бозии №11. 17 июн. 20.00. Москва. "Лужники". Олмон – Мексика
Бозии №12. 18 июн. 17.00. Нижний Новгород. Шведсия – Корея
Бозии №13. 18 июн. 20.00. Сочи. Белгия – Панама
Бозии №14. 18 июн. 23.00. Волгоград. Тунис – Англия

Бозии №15. 19 июн. 20.00. Москва. "Спартак". Полша – Сенегал

Бозии №16. 19 июн. 17.00. Саранск. Колумбия – Ҷопон
Бозии №17. 19 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Русия – Миср
Бозии №18. 20 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Уругвай – Арабистони Саудӣ
Бозии №19. 20 июн. 17.00. Москва. "Лужники". Португалия – Марокаш
Бозии №20. 20 июн. 23.00. Қазон. Эрон – Испания
Бозии №21. 21 июн. 20.00. Екатеринбург. Фаронса – Перу

Бозии №22. 21 июн. 17.00. Самара. Дания – Австралия
Бозии №23. 21 июн. 23.00. Нижний Новгород. Аргентина – Хорватия
Бозии №24. 22 июн. 20.00. Волгоград. Нигерия – Исландия
Бозии №25. 22 июн. 17.00. Санкт-Петербург. Бразилия – Коста-Рика
Бозии №26. 22 июн. 23.00. Калининград. Сербия – Швейтсария

Бозии №27. 23 июн. 23.00. Сочи. Олмон – Шведсия
Бозии №28. 23 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Корея – Мексика
Бозии №29. 23 июн. 17.00. Москва. "Спартак". Белгия – Тунис

Бозии №30. 24 июн. 17.00. Нижний Новгород. Англия – Панама

Бозии №31. 24 июн. 23.00. Қазон. Полша – Колумбия
Бозии №32. 24 июн. 20.00. Екатеринбург. Ҷопон – Сенегал
Бозии №33. 25 июн. 19.00. Самара. Уругвай – Русия
Бозии №34. 25 июн. 19.00. Волгоград. Арабистони Саудӣ – Миср

Бозии №35. 25 июн. 23.00. Саранск. Эрон – Португалия
Бозии №36. 25 июн. 23.00. Калининград. Испания – Марокаш

Бозии №37. 26 июн. 19.00. Москва. "Лужники". Дания – Фаронса
Бозии №38. 26 июн. 19.00. Сочи. Австралия – Перу

Бозии №39. 26 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Нигерия – Аргентина
Бозии №40. 26 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Исландия – Хорватия

Бозии №41. 27 июн. 23.00. Москва. "Спартак". Сербия – Бразилия
Бозии №42. 27 июн. 23.00. Нижний Новгород. Швейтсария – Коста-Рика

Бозии №43. 27 июн. 19.00. Қазон. Корея – Олмон
Бозии №44. 27 июн. 19.00. Екатеринбург. Мексика – Шведсия

Бозии №45. 28 июн. 23.00. Калининград. Англия – Белгия
Бозии №46. 28 июн. 23.00. Саранск. Панама – Тунис

Бозии №47. 28 июн. 19.00. Волгоград. Ҷопон – Полша
Бозии №48. 28 июн. 19.00. Самара. Сенегал – Колумбия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG