Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 бунафшаи Сафар Шамсиев. ВИДЕО


Сафар Шамсиев 15 сол дорад ва аллакай як гулпарвари ботаҷриба аст. Дар ду соли гулпарвариаш 200 навъи бунафшаҳои хонагиро парвариш ва зиёд кардааст.

Гулистони Сафар дар долони хонаи падар дар ошёнаи дуюми бинои сертабақае дар Душанбе ҷой шудааст.

Дар бораи тарзи нигоҳубини гулҳо аз Интернет маълумот ҷустуҷӯ кардам, аз гулпарварҳои дигар маслиҳат пурсидам ва тибқи машварти онҳо амал кардам.

Ин хонандаи синфи 9-и мактаби №24-и шаҳри Душанбе мегӯяд, нигоҳубини гулҳои зиёд дар муҳити хона осон нест, вале ӯ тавонист ҳама аъзои оиларо ба ин ҳунари зебои худ омӯзиш диҳад. “Гулҳо хеле нозуканд, агар ҳарорат, рӯшноӣ ва намнокии лозим набошад, онҳоро аз даст медиҳам”, мегӯяд Сафар.

Ӯ кори селликсионер ё озмоишгари зиёдкунии навъҳои гулро ҳам таҷриба мекунад: аз як баргу гоҳо ним барг ҳам гул зиёд мекунад, гоҳо аз роҳи омезиши навъҳои мухталиф, гулҳои нав эҷод мешавад. Худи ӯ мегӯяд, бунафшаҳои хонагии тубакчаҳои ӯ аз оилаи “геснероид” мебошад. Ба қавли Сафар, ин оилаи гулҳо 50 ҳазор намуд доранд ва дар тоқчаҳои хонаи гулпарвари наврас зиёда аз 200 намуд, аз қабили “Ле-Оксана”, “Ле-Людмила”, “Ле-Малахитовая Роза”, “Robel's Rous Bud” ва дигарҳо пайдо мешавад.

Бунафшаҳои Сафар Шамсиеви 15-сола
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Нигоҳубини гулҳо кори аз як сӯ серташвиш ва заҳматталаб аст: то 3-4 соати рӯзаш баъди дарс ба нигоҳубини гулҳо сарф мешавад. Зимистон бештар давраи хобу нирӯ гирифтани гулҳо аст, кам муғҷа мекунанд, асосан ба шукуфоии баҳорон омода мешаванд.

Ишқи Сафар ва гул

Ишқи Сафару гул тахминан се сол пеш шурӯъ шуд: ”Ман ҳар рӯз аз назди гулфурӯшҳое, ки дар назди бозори “Саховат”-и пойтахт ҳастанд, мегузаштам. Диққати маро зебоии гулҳо ба худ ҷалб кард. Ман хостам як ё ду барги гулро ба хона бурда, дар қуттӣ шинонам ва нигоҳубин кунам. Ин корро кардам, аммо гулҳо чандон хуб нашукуфтанд.

Дар бораи тарзи нигоҳубини гулҳо аз Интернет маълумот ҷустуҷӯ кардам, аз гулпарварҳои дигар маслиҳат пурсидам ва тибқи машвартҳои онҳо амал кардам. Бо гузашти қариб се сол ҳоло ман аз тамоми нозукиҳои нигоҳубини гулҳо огоҳам ва ба дигарон барои парвариши гул маслиҳат медиҳам”.

Ишқи Сафар тавонист зеҳни аҳли хонаводаро ҳам дигар кунад. Ба гуфтаи хоҳари калонии ӯ, ҳеҷ касе то се соли пеш дар хонаи онҳо ба гулу гулпарварӣ завқ надошт, вале Сафар тадриҷан онҳоро ба ин кор дилгарм кард. Дар натиҷа, хонавода дар долони хона ба ӯву гулҳояш рафи махсус сохта барои парвариши бунафшаҳо доданд.

Ҳамкорӣ бо гулпарварони берун аз Тоҷикистон

Дар баробари парвариши гул, Сафар Шамсиев корҳои иттилоотӣ ҳам мекунад: аз роҳи саҳифаи вижаи “Лавка цветочника” дар шабакаи интернетии Фейсбук бо селексионерҳои машҳури Русия, Туркия, Украина, Белорус, Қирғизистон ва дигаҳо ҳамкорӣ барпо кардааст. Мегӯяд: “Дар ин гурӯҳ ҳудуди се ҳазор корбар аст, дар он махсусиятҳои гулпарвариро баррасӣ мекунем”.

​Аз ин кор фоида ҳам мебинад. Баъзан дӯстдорони гул фармоиш медиҳанд ва ӯ ҳар қутии гулро вобаста ба намудаш аз 10 то 25 сомонӣ нархгузорӣ намуда, дастрасӣ муштариён мекунад. Ӯ гуфт, маблағе, ки аз ин ҳисоб ба даст меорад, дар харидории маҳсулотҳои нигаҳбуни гулҳояш сарф мекунад:

“Ин кор барои ман як ҳоббӣ шудааст. Вақте аз чизе нороҳат шавам ё асабонӣ шудам, назди гулҳо меоям, вақти парвариши онҳо асабҳоям ором мешавад, истироҳат мекунам. Гулпарварӣ ҳам илм аст, агар нозукиҳои онро аз худ накунед, онҳо нест мешаванд”.

Сафар Шамсиев як орзу ҳам дорад. Мехоҳад рӯзе навъҳои комилан нодири гулро парвариш карда ба ҳар яки он номҳои тоҷикӣ диҳад ва ин ҳама маҳсулаш дар намоишгоҳҳои гул гузошта шавад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG