Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оби Даҳана ба сокинони Зиракии Кӯлоб таҳдид мекунад. ВИДЕО


Бар асари боронгариҳои зиёд ва боло рафтани мизони рудхонаи Даҳана дар охири моҳи март ҳашт гектар замини сокинони деҳаи Офтоблиқо хароб шудааст. Сокинони деҳаи Офтоблиқои ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, агар маҷрои рудхонаи Даҳана мустаҳкам карда нашавад, ба сокинон низ зарари худро мерасонад.

Замине, ки қариб ба рӯдхона табдил ёфтааст

Ин бори аввал нест, ки сокинони деҳоти Офтоблиқои ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб аз боло рафтани мизони оби рӯдхонаи Даҳана шикоят мекунанд. Аввали моҳи апрели соли соли гузашта низ сокинони ин деҳот аз обхезӣ ва валангор шудани заминҳои кишташон шикоят карда буданд.

Соле нест, ки минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла маркази он шаҳри Кӯлоб аз офатҳои табиӣ зарар набинад.

Нодирҷон Сафаров, сокини деҳаи Офтоблиқо дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рудхонаи Даҳана бо роҳ як шудааст ва агар соҳилҳои он мустаҳкам нашавад, дар пайи боришоти навбатӣ хонаҳои сокинон ҳам зери об мемонанд. Сафаров гуфт, ки дар пайи боришоти пайдарҳами се-чор рӯзи охири моҳи март рудхона корашро кард ва заминҳои кишти сокинонро хароб кард. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло об дигар моҷароашоро тағйир дода, аз байни замини кишт рафта ба рудхона мерезад.

"Ҳар сол дар ин рудхона селҳои калон меояд. Агар пеши роҳи инро ба зудӣ нагирӣ, Худое накарда рахна шавад, ҳамаи деҳаро об зер мекунад ва мардум дар таги селоби рудхона мемонад. Ҳоло як тарафашро баланд карданд, вале тарафе, ки дар он мардум зиндагӣ мекунанд, нарасиданд. Тарафи мардум бошад, санги холист ва агар як каме оби тезу баланд ояд, заданаш низ имкон дорад. Ҳоло мардум шикоят карданд ва ба онҳо ваъда доданд, ки соҳилро мустаҳкам мекунанд, аммо кай? - номаълум”, - гуфт Нодирҷон Сафаров.

Агар ба зудтарин фурсат пеши роҳашро нагиранд...

Дар деҳаи Офтоблиқои ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб ҳудуди 200 хонавода ба сар мебарад. Сокинони ин деҳот ду соли пеш низ аз зери сел мондани даҳҳо гектар заминашон ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки хатари рахнашавии рудхонаи Даҳана ба хонаҳояшон таҳдид мекунад.

Кӯлоб осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Сокинон мегӯянд, ҳар вақте ки мавсими сел ба анҷом расид, дигар касе дар фикри бартараф кардани оқибатҳо он ва ҳам ҷилавгирӣ аз такроршавии обхезиҳо намешавад. Аммо мақомот мегӯяд, ки онҳо дар фикри бартараф кардани ин рудхона ҳастанд ва қарор аст аз моҳҳои маю июни имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шурӯъ шавад.

Ҳусниддин Зардиев, раиси ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб рӯзи 3 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо барои бартаф кардани ҳама ҳолати селзанӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро тариқи ҳашар анҷом медиҳанд. Ҷаноби Зардиев гуфт, соли гузашта мақомот беш аз 250 метр соҳили рудхонаро бо симтур мустаҳкам карданд.

Ӯ афзуд, ҳоло дар сойи Даҳана соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён дорад ва дар қисмати болоии ин сой, ки дар минтақаи Офтоблиқо ҷойгир аст, аллакай корҳо оғоз шуда, зиёда аз 800 метр дамба бардошта шудааст. Ба гуфтаи вай, дар деҳаи Офтоблиқо об маҷрои худашро дигар карда, ба мобайни замин рафтааст ва тақрибан ҳашт гектар заминро зарар додааст. "Ин масъала аз сӯи ҳукумати ҷумҳур ва тамоми сохторҳо санад карда шудааст”, - гуфт раиси ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб.

Минтақаи Кӯлоб – осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ

Соле нест, ки минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла шаҳр аз офатҳои табиӣ зарар набинад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаи Кӯлоб низ мегӯяд, ки аз ҳама минтақаҳо дида, дар минтақаи Кӯлоб мавзеъҳои хавфнок ҳисобшуморӣ шудааст.

Абубакр Саидзода, сардори Ҳолатҳои фавқулодаи минтақа дар нишасти хабарии моҳи февралӣ гуфта буд, ки дар ҷумҳури минтақаи Кӯлоб аз ҳисоби мавзеъҳои хавфнок дар ҷои аввал қарор дорад. Ҷаноби Саидзода гуфта буд, ки дар минтақаи Кӯлоб зиёда аз 222 мавзеи хавфнок ба ҳисоб гирифта шудааст.

Масъулони идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки онҳо аз ин ҳолат хабар доранд ва қарор аст, ки шурӯъ аз моҳи май ва июн дар ин мавзеъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз шавад. Амирхон Маҳсиддинов, раиси идораи Беҳдошти замин ва Обёрии минтақаи Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, ки мавзеи Офтоблиқои сои Даҳана ва мавзеи фурудгоҳи сойи Даҳана дар масофаи 1850 метр дар солҳои тулонӣ рахна шудааст. Ҷаноби Маҳсиддинов гуфт, ки ҳоло онҳо лоиҳаи бартарафзоии ин минтақаҳои хавфнокро омода кардаанд, ки шурӯъ аз моҳи май корҳо оғоз мешаванд.

Аммо сокинони деҳоти Офтоблиқо мегӯянд, ки ба онҳо се сол боз инҷониб ваъда медиҳанд, ки рудхонаи Даҳанаро мустаҳкам мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, ҳарчанд ин кор дар як қисмати ин рудхона анҷом шуда бошад ҳам, аммо мавқеи асосиаш, ки қисмати хонаҳои сокинон аст, мустаҳкам карда нашудааст. Ин қисмат наздик дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG