Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел ба даҳҳо хона дар Рӯдакӣ осеб расонд. ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи омадани сел дар яке аз деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ даҳҳо хона ва киштзорҳои зиёди мардум осеб дидаанд. Рӯзи 25-уми апрел дар натиҷаи борони зиёд ва омадани сел, маҷрои наҳри Кӯктоши боло баста шуда ва об ба хонаҳои мардум осеб расонидааст.

Корбарони Радиёои Озодӣ видеои ин сели мудҳишро ба мо фиристоданд, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна оби ғализи гилолуд аз дохили кӯчаҳои деҳаи Бешкаппа гузашта ва то зери тирезаи баъзе аз хонаҳо мерасад.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Дар натиҷаи омадани сел зиёда з 40 майдонҳои наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасон қисман зарар диданд. Маҷрои канали Кӯктоши боло ва Кӯктоши поён бар асари омадани сел баста шуд ва оби ғализи гилолуд ба майдонҳои наздтиҳавлигӣ ва иншооти дигар зарар расонд"- гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ ҳодиса субҳи 25-уми апрел рух дод ва рӯзи 26-уми апрел пеши каналҳоро боз карданд ва об ба маҷрои худ баргашт. Ба гуфтаи Умеда Юсупова, дар натиҷаи ин фалокати табиӣ касе осеб надидааст ва ҳаҷми хисороти ворида ҳанӯз мушаххас нашудааст.

"Барои пурра муайня кардани хисорот ва маблағи он комиссияи ноҳиявӣ кор мекунад ва умедворем, ки рӯзи 30-уми апрел натиҷаҳои тафтишро эълон мекунанд" - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

ВИДЕОРО ИНҶО БУБИНЕД

Сели мудҳиш дар Бешкаппаи Ёвон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Дар Тоҷикистон, ки кишоварзӣ як бахши муҳими иқтисод ва манбаи даромади мардуми зиёде дар деҳоти кишвар аст, ҳаргуна офати табиӣ сабаби зиён дидани зироати мардум ва ҳамингуна кам шудани даромади онҳо мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар коҳиши таъсири тағйири иқлим ба иқтисоди Тоҷикистон кӯмак мекунад, гуфтааст, аз соли 1992 то соли 2016 фалокатҳои табиӣ ба Тоҷикистон дар умум 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ зиён расонидаанд ва тақрибан 7 миллион нафар таъсири манфии ин тамоюлҳои ғайриоддии табиӣ ва фалокатҳоро эҳсос кардаанд.

XS
SM
MD
LG