Чор нафар ҷонибдорони ҷудоиталабон – се шаҳрванди Украина ва як шаҳрванди Русия дар ин кор муттаҳам эълон шуданд.
Рӯзҳои аввали баъди ҳодиса дуруст маълум набуд, ки МН17 чӣ гуна суқут кард. Аз ин ҳолат таблиғот хеле зиёд истифода кард ва ба матбуот иттилои хеле зиёди дурӯғин роҳ ёфт. Хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Кристофер Миллер майдонеро, ки аз он мушак партоб шуд, пайдо ва баъди панҷ сол тафсилоти ҳодисаҳоро нақл кард.
Шикори машкук
Аз миёни хӯшаҳои гандум дида мешавад, ки мошини хурде ба мо наздик мешавад. Чеҳраи журналисти ҳамкорам аз нашрияи The Telegraph Роланд Олифант аз ёдам намеравад: “Зоҳиран, сарбозон наздик мешаванд”.
Ман дар ҷавоб чизе мисли ин гуфтам, ки “биё, ба онҳо ҳамаро тавре ҳаст бигӯем”.
Мошине, ки собиқаи зиёди корӣ доштааст, дар назди мо қарор гирифт ва аз дохили он се ё чор нафар бо либоси низомӣ берун шуданд. Инҳо ҷангиёни ҷонибдори Русия буданд, ки минтақаи вилояти Донетски воқеъ дар шарқи Украинаро назорат мекунанд.
Ҳамаи онҳо дар як вақт сигор дуд карда, автоматҳои Калашниковро дар китфашон овехтанд ва амреро ба забон оварданд, ки ман онро замони пайгирии ҳодисаҳои Донбасс зиёд шунидаву ҳатто дар хоб ҳам медидам: “Ҳуҷҷатҳои шумо”.
Ин 21 июли соли 2014 буд. Мо дар канори Снежний, як шаҳраки хурде дар 20-километрии марзи Русия қарор доштем. Мо дар ҷустуҷӯе чизе будем, ки худамон ҳам намедонем, чӣ буд ва Роланд ҳам гуфт, ки ин кори мо монанд ба ҷустҷӯи сӯзан дар дохили коҳ аст.
Дар асл мо дар майдони гандум мушакандоз ваё боқимондаҳои онро ҷустуҷӯ доштем. Ва ин яке аз он майдонҳои гандуме буд, ки дар атрофи он силоҳбадастони зиёде дар ҷустуҷӯи ҳадафи шикор мегаштанд. Маълум буд, ки ҳузури журналистони кунҷкови хориҷӣ барои силоҳбадастон хуш наомад.
Мо дар ҷустуҷӯи ҳамон мушакандозе будем, ки бо истифодаи он ҳавопаймои МН17-и ширкати ҳавоии Малайзия суқут дода шуд. Ҳодиса чор рӯз пеш – 17 июл рух дод. Ҳодисае, ки дар он наздики сесад нафар кушта шуд, ҷаҳонро такон дод ва дар ҷанге, ки аллакай то он рӯз ҷони 13 ҳазор нафарро гирифта буд, як нуқтаи гардиш ба ҳисоб мерафт.
Таҳқиқи байналмилалии баъдӣ нишон дод, ки мушак аз ҷониби дастгоҳи “Бук” партоб шуд ва он аз Русия оварда шуда буд. Баъди фоҷеа ин мушакандоз дубора ба он сӯи марз интиқол ёфт.
Вале ба ҷангиёне, ки ба назди мо омаданд, мо гуфтем, ки замони ҷустуҷӯи макони суқути ҳавопаймо дар ин ҷо раҳгум задаем.
Онҳо ба мо бо шубҳа нигаристанд, бо садои баланд шаҳрванди Бритониёву Амрико будани моро хонда баъдан гуфтанд, ки ба самти шимол – ҷониби Торез ҳаракат кунем. Баъди тарки ин макон кардани силоҳбадастон, мо дар ҷои худ монда, ҷустуҷӯҳоро идома додем.
Блогнависҳову тахминҳо
Мо нақшаи таҳқиқи ҷои партоб шудани мушакро шабе пеш дар меҳмонхонаи маркази Донетск кашида будем. Чор рӯз аз ин пеш мо, мисли дигар журналистоне, ки дар макони суқути ҳавопаймо кор кардаанд, ҳамчунин ҷои харобаҳои ҳавопайморо дар ҳудуди се рустои воқеъ дар 100-километрии Донетск таҳқиқ кардем.
Вале дар ин моҷаро саволи асосие беҷавоб буд, ки оё мушак аз кадом қаламрав партоб шуд?
Навиштаҳои блоги ukraine@war-ро меомӯхтем, баъдан он ба putin@war тағйири ном кард.
Дар ин навиштаҳо муаллифе бо лақаби DJP3tros ва Питер Мартин гуфт, ки макони ҷустуҷӯҳоро маҳдуд карда дар се нуқтаи наздик ба ҳам ва дар қисмати ҷанубушарқи Снежний корро пеш мебарад. Ӯ навишт, ки ҷустуҷӯҳои ӯ бар пояи аксе пеш меравад, ки дар твиттер аз ҷониби @WowihaY гузошта шуда, дар он изи мушакандоз дида мешавад.
Хулосаҳои ин шахс бо паи “Бук” хеле монанд буд, ки ҳаракати онро тавассути аксҳои маҳвораӣ ва сабти регистрҳои мошинҳо таҳлилгар Элиот Ҳиггинс пайгирӣ кард ва баъдан гурӯҳи таҳқиқотии Bellingcat-ро таъсис дод.
Деҳқон ва майдони сӯхта
Мо субҳи зуд ба роҳ баромадем. Моро як ронандаи маҳаллии таксӣ мебурд ва мошинаш ҳам чунон қадима буд, ки чашми бегона ба он аҳамият намедод.
Роҳ аз Донетск чуқурии зиёд дошт ва мо медонистем, ки ин осори маводи пештар таркида мебошад. Посгоҳҳои зиёдро убур кардем. Дар ҳар нуқта ҷангиён санадҳои журналистии мову иҷозатномаи ҷудоиталабонро мӯшикофона таҳқиқ мекарданд.
Вақте аз ҳудуди шаҳр берун шудем, эҳсос кардем, ки нороҳат шудем. Мо дар маркази қаламрави зери назари ҷудоиталабон будем ва ҳар лаҳза вазъ метавонист тағйир ёбад.
Чанд соат баъд вориди Снежное шудем. Ин як шаҳри дилгиркунандаи конканҳо аст ва аксари мардум эҳсосоти зиддиғарбӣ доранд. Ду рӯз пеш аз суқути ҳавопаймо дар ин ҷо хонаи истиқоматие таркида буд ва марги чанд нафар дар рӯҳияи мардум осори баде гузошта буд.
Аз маҳалҳои аҳолинишин гузаштем ва ба роҳи сангфарш ворид шудем, ки ба самти як колхози собиқ мебурд. Ин яке аз маконҳое буд, ки дар бораашон блогнавис навишта буд.
Се коргари гараже, ки ба пешвози мо баромаданд ва аз сар то по чиркин буданд, моро дида ҳайратзада шуданд. Онҳо гуфтанд, ки чизеро надидаанд, ҳарчанд гуфтанд, ки замони суқут додани ҳавопаймо дар ҳамин ҷо буданд. Чизе аз ин беш нагуфтанд.
Мо ронандаи таксиро дар ҳамон ҷо гузошта пиёда ба дохили замини гандум рафтем. Дар ҳамин ҷо ба назди мо ҷангиён омаданд ва баъди он ки онҳо моро раҳо карданд, дидем, ки дар майдон як комбайн кор мекунад.
Дар сари чамбар деҳқоне бо номи Василий нишаста буд. Кори ӯ зери офтоби сӯзон дар чеҳрааш инъикос мешуд: рӯи пажмурдаву сиёҳшуда дошт ва бо сабаби садои бисёр баланди мошин гӯшаш ҳам хуб намешунид.
Ин комбайн дуруст дар макони дуюми ишоракардаи блогнавис кор мекард. Ман ҳаяҷонзада шудам. Аз ҳамин нуқта дар як баландии начандон зиёд хати парвози ҳавопаймо хеле рӯшан дида мешуд.
Вале Василий гуфт, ки ӯ на кори мушакро шоҳид шудаасту на чизеро шунидааст. “Вақте ман дар дохили мошинам ҳастам, бомба ҳам таркад, намешунавам”, гуфт ӯ.
Вале ӯ гуфт, ки чанд рӯз пеш як чизе ба назари ӯ шубҳанок намуд: “Чанд рӯз пеш начандон дур аз ин ҷо як майдони гандум оташ гирифт. Ман сабабашро намедонам. Вале ҳо он ҷоро бубинед”. Ӯ гуфт, ки сӯхтор 17 ё 18 июл рух дод.
Мо дубора савори мошин шуда, тахминан як километр роҳро ба самти шарқ тай кардем. Ҳангоми ҳаракат ба деҳоти Червоний Жовтен ва Первомайское аз як хати ҷангале гузашта мошинро манъ кардем.
“Бояд дар ҳамин ҷоҳо бошад”, - гуфтам ман. Ин ҳамон қисмати сӯхтаи майдон буд, ки дар ҳолатҳои дигар аслан ба он аҳамият намедодем. Вале дар пасманзари ҳодисаи “Бук” ва суқути ҳавопаймо эҳтимоли зиёд вуҷуд дошт, ки сӯхтор натиҷаи мушакандозӣ будааст.
Мо ҳарчи бештар бовар ҳосил мекардем, ки макони заруриро пайдо кардем. Дар ин макон шумори низомиён хеле зиёд буд, аз дур садои низоъҳои мусаллаҳона барои Саур-Могила, як баландии стратегӣ дар ҷануби ин макон идома дошт. Роҳ то Русия аз ҳарду тарафи мо наздик буд ва хати ҷангал имкони пинҳон шуданро хеле хуб фароҳам мекард.
Роланд ба макони суқути ҳавопаймо ишора карду гуфт: “Агар мушакро партоб карданӣ бошӣ, аз ҳамин нуқта бизан ва ин ҷо дурусттарин мавқеъ хоҳад буд”.
Ҷои сӯхтаро хеле дақиқ аз назар гузаронидем ва шакли он аҷиб намуд. Тавре Василий ҳам гуфт, ин ҳолат чандон ба сӯхтори оддӣ шабоҳат надошт. Дар наздикӣ изи чархҳои зиёд дида мешуд, инчунин партови зиёд ҳам ба чашм мерасид – шишаҳои зиёди обу оби ҷав, қуттии сигор бо навиштаҷоти русӣ аз он дарак медод, ки ин ҷо одамон буданд.
Ман ин ҷоро акс гирифтам, бо Роланд як мусоҳибаи кӯтоҳе кардам. Тахминан ду соати мо дар ин ҷо гузашт ва ҳамеша саволе моро азият мекард, ки чӣ гуна ҳавопаймо суқут дода шуд ва чӣ тавр мо собит мекунем, ки маҳз аз ҳамин ҷо мушак партоб шудааст.
Садои ҷангҳо барои Саур-Могила баландтар ва наздиктар шуд. Мо медонистем, ки роҳ то Донетск тӯлонӣ аст ва бояд то соати баста шудани посгоҳҳо ба шаҳр бирасем.
Ба назди ронанда рафтему гуфтем, ки бармегардем. Вале моро ин ҷо як чизи дигар интизор дошт.
Дар фосилаи камтар аз як километр дар канори роҳ ва ҷое, ки майдони кишт бо ҷангал мепайваст, аз дохили алафзор парчами сиёҳу кабуду сурхи ҷудоиталабон намудор шуд. Дар ин ҷо посгоҳи ҷудоиталабон буд, ки онро сарбозон назорат мекарданд.
То замоне, ки мо ба ин ҷо наздик шудем, се ё чор нафарашон мили силоҳро ба сӯи мо баланд карданд. “Хабарнигоронем”, гуфтем мо ба забони русӣ ва санадҳои худро ба онҳо дароз кардем.
Пурсиши онҳо хеле кӯтоҳ буд: “Аз куҷоед? Ба ин ҷо чӣ хел омадед? Чӣ мекобед?” Мо ба саволҳои онҳо посух додем ва онҳо ҳам моро раҳо карданд.
Мову Роланд дар роҳ хеле ҳаяҷонзада будем, чунки эҳсос мекардем, ки як чизи муҳимеро кашф кардем.
Рӯзи дигар Роланд хабари хурде дар ин замина нашр кард, вале ман то замони сафари баъдиам чизе чоп накардам.
Шоҳид
Тахминан як сол баъд аз суқути МН17 ман ба деҳаи Червоний Жовтен, ки дар яккилометрии майдони сӯхта қарор дорад, баргаштам. Бо чанд сокини маҳаллӣ сӯҳбат кардам ва онҳо гуфтанд, ки ин рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Петр Федотов ва модарашро дар боғ вохӯрдам. Онҳо гуфтанд, ки ҳамон рӯзи 17 июли соли 2014 мисли имрӯз дар боғчаашон кор мекарданд. Ҳамон рӯз таркиши сангинеро шуниданд, замини зери пояшон ларзид. Федотов гуфт, ки ҳардуяшон аз по афтоданд. “Таркиш чунон баланд буд, ки хаёл кардем охири замон шуд”.
Ӯ гуфт, “Ин як мушаки хеле калон буд, вақте аз болои хонаи мо гузашт, меларзид ва ба самти Торез рафт”.
Баъди чанд лаҳза, ба гуфтаи ӯ, садои таркиши дуюм ба гӯш расид ва пораҳои сӯхта ба замин афтод.
Аз онҳо пурсидам, ки мушак аз куҷо партоб шуд ва ӯ гуфт, ки аз майдоне дар сари роҳ. Сокинони дигари маҳаллӣ ба журналистони хориҷӣ айни ҳамин ҳодисаро нақл карданд.
Таҳқиқи расмӣ
Як сол баъд ин ҳарфҳоро таҳқиқоти байналмилалӣ ҳам тасдиқ кард.
Дар конфронси матбуотии Ҳолланд рӯзи 28 сентябри соли 2016 муфаттишон гуфтанд, ки майдони сӯхтае, ки мо ҳам онро ошкор кардем, макони партоб шудани мушаки “Бук” буд.
Дар гузориши видеоие, ки онҳо дар нишасти матбуотии худ ба журналистон муаррифӣ карданд, аз гузоришҳои мову як акси бардоштаи ман ҳам истифода шуд.
Моҳе пеш муфаттишон исми чор гумонбарро ошкор карданд, ки дар ин таркиш даст доранд, вале гумон аст, ки онҳо дар додгоҳи Гаага ҳозир шаванд.
Яке аз саволҳои асосие, ки беҷавоб мемонад, ин аст, ки тугмаи партоб шудани мушакро дар ҳодисаҳои панҷ соли пеш кӣ пахш карда буд.
Кристофер Миллер
Асли матлаб ба забони англисӣ ин ҷост: https://www.rferl.org/a/how-a-hunch-a-farmer-and-a-scorched-field-led-me-to-the-mh17-missile-launch-site/30058694.html