Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳомҷон, Ҷамшед, Иззатбӣ... Исми қурбониёни сӯхтори Маскав эълон шуд


Оташсӯзӣ дар ин макон рух дода ва боиси марги панҷ нафар шуд. Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия.
Оташсӯзӣ дар ин макон рух дода ва боиси марги панҷ нафар шуд. Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия.

Cафорати Тоҷикистон дар Русия таъйид кард, ки қурбониёни сӯхтори рӯзи 4-уми январ дар наздикии Маскав, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 5-уми январ ба радиои “Озодӣ» гуфт, ки ба дунболи пахши хабари оташсӯзӣ, ки гуфта мешуд дар он шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд, бо дастури Абдулмаҷид Достиев кормандони бахши консулии сафорат ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Дар натиҷа маълум шудааст, ки ҳалокшудагон Илҳомҷон Умаров, соли таваллудаш 1984, бародараш Ҷамшед Умаров, мутаваллиди соли 1986 ва ҳамчунин Иззатбӣ Ҳакимова бо ду фарзандаш, ҳама сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мебошанд.

Ба гуфтаи оқои Эгамзод, тибқи фарзияҳои ибтидоӣ, сабаби сар задани сӯхтор расиши ноқилҳои нерӯи барқ ва ҳамчуни таркиши балони газ будааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар утоқи дигар ин хона як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ва дар дигарӣ як хонавода аз Узбакистон зиндагӣ мекарданд. Онҳо тавонистаанд аз тариқи тиреза худро ба берун андозанд ва наҷот ёбанд.




Рӯзи 4 январ расонаҳои русӣ шанбе навишта буданд, ки қурбониёни як сӯхтор дар вилояти Маскав, панҷ узви як хонавода аз Тоҷикистон мебошанд. Расонаҳои русӣ аз қавли мақомот дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар доданд, ки сӯхтор соати 5:30 дақиқаи субҳи рӯзи 4-уми январ дар кӯчаи Разини шаҳраки Железнодорожнийи вилояти Маскав ба амал омада ва бар асари он панҷ узви як хонавода ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба дунболи хомӯш кардани оташ, ҷасади чаҳор нафар ва баъдан ҷасади нафари ахирӣ берун оварда шудааст. РИА Новости навишта буд, ки аз шумори ҳалокшудагон ду нафари онҳо кӯдакон - яке ҳаштмоҳа ва дигаре чаҳорсола будаанд. Мақомот ҳамзамон гуфтаанд, ки оташсӯзӣ ба биноҳои атроф осеб нарасонидааст.

Ба гуфтаи мақомоти зидахл, ин дуввумин ҳодиса дар ин минтақа дар ду рӯзи охир мебошад. Рӯзи гузашта дар ин минтақа норинҷаки дастӣ ба сӯи ду афсари пулис партоб шуд, ки бар асари он яке кушта ва дигар дар ҳолати вазнин дар яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ мебошад.

Ин аввалин ҳодисаи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаҳои оташсӯзӣ дар Русия нест. Шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли гузашта дар маҳаллаи Илинское-Усовои ноҳияи Красногорски вилояти Маскав дар сӯхторе 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида буданд. Дар моҳи январи соли гузашта сӯхтор дар бинои навбунёде дар ҷануб-ғарби пойтахти Русия ҷони нӯҳ танро рабуда буд, ки ду тани онҳо низ аз Тоҷикистон будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар тӯли шаш моҳи соли гузашта ҳудуди 460 тобути муҳоҷирони кори тоҷик аз Русия ба ватан оварда шудааст. Солона ҳудуди 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ё аз баландии сохтмонҳо зарозер мешаванд, ё аз дасти миллатгароҳо ба қатл мерасанд ва ё бар асари беморӣ меиранд. Аксари кушташудаҳо ҷавон ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди як миллион шаҳрванди ин кишвар дар Русия машғули кору зиндагиянд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро ҳудуди 2 миллион медонанд, ки солона ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд.
XS
SM
MD
LG