Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин президенти зан дар Кореяи Ҷанубӣ савганд ёд кард


Нахустин раисҷумҳури зан дар Кореяи Ҷанубӣ рӯзи душанбеи 25-уми феврал савганди президентӣ ёд кард.

Хонум Парк Геун, дар маросими савгандёдкунии худ аз Кореяи Шимолӣ хост то барномаи ҳастаияшро мутававаққиф карда ва ба сулҳу ҳамкорӣ бо Кореяи ҷанубӣ рӯй оварад.

Маросими савгандёдкунии президенти нави Кореяи ҷанубӣ рӯзи душанбе дар рӯбарӯи бинои парлумони ин кишвар ва бо ҳузури даҳҳо ҳазор нафар баргузор шуд.

Хонум Парк дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар 52 дарсади раъйҳоро ба даст овард. Ӯ дар ҷараёни корзори интихоботии худ қавл додааст ҳалли мушкили нобаробарӣ дар тақсими даромадҳо, муқобила бо монополияи сарвати кишвар дар дасти чанд ширкати бузург ва беҳбудии равобит бо Кореяи шимолиро дар дастури кори худ қарор хоҳад дод.

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, хонум Парк дар ҷараёни маросими савгандёдкунии худ, хитоб ба Кореяи шимолӣ гуфт, ки озмоиши ҳастаии ахири ин кишвар «бақо ва ояндаи мардуми Кореяро ба чолиш рӯбарӯ мекунад.» ва «бояд донист ки қурбонии аслии ин раванд касе нест, ҷуз худи Кореяи шимолӣ.»

Вай афзуд: «Аз Кореяи шимолӣ мехоҳем то баландпарвозиҳои ҳастаияшро бидуни таъхир канор гузошта ва пой дар масири сулҳ ва тавсеаи муштарак бигузорад.»

Даъвати хонум Порк барои сулҳ бо Кореяи шимолӣ дар замоне матраҳ мешавад, ки таниш миёни ду кишвар афзоиш ёфта ва инфиҷоррҳои атомии зеризаминӣ, ки Кореяи шимолӣ ахиран барои озмоиш анҷом дод, маҳкумияти шадиди байналмилалиро дар пай дошт.

Порк Геун Ҳе 61 сола духтари диктатори пешини Кореяи ҷануби генерал Парк Чунг Ҳе аст ва аз солҳо пеш ба унвони бонуфузтарин зан дар саҳнаи сиёсии Кореяи ҷанубӣ матраҳ шуда аст. Падари хонум Парк аз бунёдгузорони Кореяи ҷанубӣ ба шумор меояд ва аз соли 1963 то 1979 дар ин кишвар ҳукумат мекард.

Ӯ ки дарпайи як табаддулот ба қудрат расида буд, ба муддати 18 сол ба мушти оҳанин бар ин кишвар ҳукумат кард ва соли 1979 бо тири раиси созмони истихбороротии худ ба қатл расид.

Хонум Парк аз миллати Кореяи ҷанубӣ ба хотири нақзи ҳуқуқи башар дар давраи ҳукумати падараш маъзарат хостааст, аммо бархе мухолифон хостори он ҳастанд, ки ӯ истибдоди падарашро қонеонатар маҳкум кунад.
XS
SM
MD
LG