Ин шабака ба пахши озмоишии барномаҳояш тавассути моҳвораи Hotbird 13D шурӯъ кардааст. Феълан тавассути ТВ «Сафо» асосан филмҳои ҳунариву мултипликатсионии сохти Русия пахш мешаванд, вале яке аз масъулони шабакаи ҷадид рӯзи 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ТВ «Сафо» дар оянда рӯи таҳия ва нашри барномаҳо дар бораи ҳаёти муҳоҷирон ва ҳамин тавр, пахши ахбори сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар бораи Тоҷикистон тамаркуз хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки ин шабака асосан махсуси муҳоҷирони тоҷик ва масоили будубош ва ҳуқуқи онҳо хоҳад шуд.
Ин масъули ТВ «Сафо», ки бидуни бурдани номаш бо Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, онҳо таҳияи барномаҳои вижаи таълими забони русӣ барои муҳоҷирони тоҷикро низ дар назар доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, барномаҳои ТВ «Сафо» ҳам аз тариқи моҳвора ва ва ҳам аз Интернет нашр хоҳанд шуд. Аммо ӯ афзуд, ки ҳанӯз шабакаи нав расман сабти ном нашудааст ва пахши мунтазами барномаҳояш танҳо баъди тай шудани марҳалаи сабти ном имконпазир хоҳад шуд.
Манбаъи Озодӣ сарусадоҳои алакай бархоста дар бораи гӯё аз тарафи ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон таъмини молӣ шудани телевизони «Сафо» ва ба ин ташаккули сиёсӣ тааллуқ доштани ин шабакаро радд кард. Ӯ гуфт, маблағгузории шабакаи навро як гурӯҳи тоҷирони тоҷик ба дӯш гирифтаанд, вале ӯ аз ифшои номи онҳо феълан худдорӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократ, яке дигар аз ташккулҳои сиёсии мухолифини Тоҷикисон ба Озодӣ гуфт, тайи сафари ахираш ба Маскав дар ҳафтаи гузашта ду маротиба тавассути телевизони «Сафо» суханронӣ кардааст.
Зимнан, бино ба гузориши сомонаи hdtv-zone.com, ки ахбори марбут ба моҳвораҳоро пайгирӣ мекунад, аз 19 июл дар моҳвораи Hotbird 13D шабакаи нави телевизионӣ бо номи “Сафо” ба пахши озмоишии барномаҳояш шурӯъ кардааст. Гуфта мешавад, “Сафо” дар ҳоли ҳозир асосан филмҳои классик ва мултипликатсионии сохти Русияро пахш мекунад, вале “ҳанӯз маълум нест, ки чорчӯби ниҳоии барномаҳояш чигуна хоҳад шуд. Ин чорчӯб метавонад бо анҷоми пахши озмоишӣ тағйир ёбад.”