Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар шаҳри Хуҷанд (ВИДЕО)


Сӯхтор дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Дар натиҷаи сӯхтор дар шаҳри Хуҷанд як манзили зист ба коми оташ рафтааст.

Рӯзи 17 уми июн наздики соати 19-и бегоҳ дар бинои истиқоматии рақами 3, микроноҳияи 13 -и Хуҷанд сӯхтор сар зада, ба зудӣ аз як манзили ошёнаи 5 - ум ба боми бино хазид. Аз навор аён аст, ки дар вақти расидани сӯхторнишонон аллакай сӯхтор қисматҳое аз бомро фаро гирифта буд.

Ҳоло сокинон бисёр биноҳои истиқоматӣ бомҳои харобгаштаи биноҳои худро тунукапӯш кардаанд ва зерсохтори чӯбини он биноҳоро дар баробари оташ осебпазир гардонидааст.

Ба гуфтаи сокинон, сӯхтор дар як манзили ошёнаи 5 -уми мобайни бино, ки ошхонаи худро ба балкон берун бурда, он ҷо оташдони газӣ гузоштааст, аз таркиши баллони газ ба вуҷуд омадааст. Сокинон аз сӯхтор зарар надидаанд, вале зарари моддӣ зиёд гуфта мешавад. Аз наворҳои видеоӣ аён аст, ки ҳадди ақал як манзили зист пурра ба коми оташ рафтааст.

XS
SM
MD
LG