Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бандии 75-солаи зиндони Узбакистон: "Онҷо намозам қазо шуд"


Пирамарди 75-солаи тоҷик 10 моҳи пеш ба алафдаравӣ рафт, аммо ҳеҷ интизор надошт, ки ин шуғли маъмулӣ ӯро ба зиндони Узбакистон мебарад.

10 моҳ пеш алафдаравӣ дар як қитъаи баҳсии марз бо Узбакистон сарнавишти се узви як хонаводаи сокини Панҷакент - падару писару набера - ва як ҳамсояи онҳоро комилан дигар кард. Се нафари онҳо баъди чанд моҳи боздошт аз зиндонҳои Узбакистон раҳо ёфтанду баргаштанд, вале яке ҳамчунон дар он сӯи марз дар маҳбас азоб мекашад.

Сокини ноҳияи Панҷакент Мардон Бӯриев, ки бо писару набера ва ҳамсояаш 10-уми июли соли 2013 тақрибан 20 метр дуртар аз заминаш алаф медаравид, акнун "собиқадор"-и маҳбасҳои Узбакистон аст. Ӯ ва шариконашро наздик ба 30 марзбони кишвари ҳамсоя боздошт карданд ва ба вилояти Қаршӣ бурданд. Дар бозпурсиҳо тӯлонӣ, тавре Мардон Бӯриев ба ёд меорад, кормандони Хадамоти амнияти Ӯзбакистон ӯ ва шариконашро латукӯб кардаву хостаанд, аз онҳо маълумоти ҳарбӣ ва сиёсӣ ба даст оранд: «Ҳарчанд азоб медоданд, аммо намегуфтам, ки раҳбари ШКД -и Панҷакент кӣ аст. Ё дар бахши амният. Танҳо дар мавриди домуллоҳо гуфтам, ки раҳбарони масҷидҳоянд.»

Суолҳои дигар ба макони ҷойгиршавии қисмҳои низомӣ, бинои идораи амният ва дигар мақомоти интизомӣ марбут буданд. Ҳамчунин, дар бораи шахсияти раҳбарони ин ниҳодҳо суол мешудааст. Мулло Умар, Мулло Аҳрор ва Ҳадя аз шахсиятҳое будаанд, ки дар мавридашон кормандони амният узбак донистан мехостанд.

Мардон Бӯриев афзуд, ҳарчанд тайи 12 рӯзи бозпурсӣ онҳо аз ҷониби Баҳодур ва Бахтиёр ном кормандони разведкаи Узбакистон мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтанд, аммо дар зиндони Қаршӣ муносибат бо онҳо хуб будааст. Ҳатто вақте фишораш баланд мешавад, ӯро ба беморхонаи шаҳрвандӣ мебаранд. Замоне мебинанд, ки сабаби баланд шудани фишори бобои Мардон аз ҳисоби меъдааш аст, ӯро бе пул ҷарроҳӣ карда, наздики 20 рӯз нигоҳубин мекунанд.

Вай мегӯяд, кормандони зиндон ба ягон нафар аз зиндониён муносибати бад надоштанд, аммо иҷоза намедоданд, то маҳбусон намоз гузоранд. Дар зиндони Қаршӣ намоз хондан қатъиян манъ будааст: «Ягон нафар аз зиндониён намоз намехонад. Намоз гузоштан дар зиндон ҷиноят ҳисоб мешавад. Ҳатто як мардро барои намоз гузоштан 18 сол маҳкум кардаанд.»

Дар зиндон ҳамроҳи Мардон Бӯриев дар як ҳуҷра даҳ узбаки дигар ҳам будааст, ки бештарашон раиси ин ё он ширкат ва ё ноҳия буда, бо ҷурми аз худ кардани молу мулки давлатӣ зиндонӣ шудаанд. Ба нақли Бӯриев, ҳарчанд он зиндониён зарари расондаи худро ба буҷаи ҳукумати Узбакистон пардохтаанд, аммо боз ҳам додгоҳи Тошканд онҳоро беш аз 10-солӣ ҳукми зиндон кардааст.

Ҳамчунин дар зиндони Қаршии Узбакистон ҳамроҳи сокинони шаҳри Панҷакент боз чанд марди тоҷик ҳам будааст. Яке аз онҳо Аҳмадхон Раҷабов, ки қаблан дар роҳи оҳани Тоҷикистон дар хатсайри Душанбе - Маскав ба ҳайси роҳбалад кор мекардааст, барои ба Тоҷикистон овардани кадом як навъ «таблетка» дар марзи Узбакистон боздошт шуда, зиндонӣ мебошад. Шералӣ Нуралиев ном ҷавони дигар низ аз шаҳри Душанбе дар зиндони Қаршӣ будааст.

Мардон Бӯриев мегӯяд: «Вақте дар зиндон аз Аҳмадхон Раҷабов пурсидам, чаро зиндонӣ шудааст? Гуфт, як таблеткаро аз Маскав ба Душанбе бояд мебурдам. Аз марзи Русия, Қазоқистону Туркманистон гузаштам, аммо дар марзи Узбакистон боздошт карда, маҳкум карданд.»

Додгоҳи Тошканд барои марзшиканӣ Мардон Бӯриеви 75-соларо ба 7 сол, наберааш Шоҳрух Қосимов ва ҳамсояаш Исрофил Билоловро 6-солӣ ва Сулаймон -- писари бобои Мардонро ба мӯҳлати 17 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре Мардон Бӯриев мегӯяд, онҳо қаблан ягон бор ба минтақаи баҳсбарангез нарафта буданд. Танҳо пас аз он, ки мақомоти интизомии Панҷакент харита оварда гуфтаанд, ки он заминҳо моли Тоҷикистонанд, бобои Мардон ҳамроҳи ҳамсоя ва писару наберааш бори аввал ба даравидани алаф рафтанд:
«Бачаҳо чой нӯшида нишаста буданд, ки яке садои сарбозон ба гӯшамон расид. Мо гумон кардем сарбозони тоҷик бошанд, аммо онҳо омада ба қундоқи автомат ба кифтамон заданд, ки мо афтодем. Баъдан моро бардошта буданд. Як доси алафдаравӣ, як хару 4 килограмм банде, ки барои бастани дарзаи алаф бо худ бурда будем, гирифта бурданд. Худамонро бошад, даступоямонро баста, ба мошин тела доданд ва барои бозпурсӣ ба қисми низомии сарҳадияшон бурданд. Шаб хеле хунук буд, вале моро то субҳ дар берун нигоҳ доштанд. Пас аз бозпурсӣ гуфтанд, ки фардояш озодамон мекунанд, аммо озод накарданд. Ҳарчанд мегуфтем, мо коре накардаем, танҳо алаф даравидаем, гӯш намекарданд.»

Ин мард мегӯяд, суоли аслие, ки аз онҳо пурсида мешуд, ки оё нафареро бо номи Мираков мешиносанд ва ё на. Сарбозони узбак гуфтаанд, шуморо ин одам «фурӯхтааст». Нафаре, ки то ҳол барои ин мард ва наздиконаш шахсияти номаълум мебошад. Танҳо пас аз 10 моҳ бобои Мардон бо набера ва ҳамсояаш озод шуданд, вале Сулаймон Бӯриев - писари ин мӯсафед - то ҳол дар зиндони Узбакистон аст. Онҳо умедворанд, ки Сулаймон моҳи сентябр афв шуда, ба Тоҷикистон бармегардад.

Мавридҳои боздошти сокинони Тоҷикистон дар минтақаҳои марзии баҳсӣ бо Узбакистон бори аввал нест. Дар тобистони соли гузашта 5 сокини деҳаи Моғиёни Панҷакентро низ бо рамаи гӯсфандонашон бурда буданд.
XS
SM
MD
LG