Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навраси тоҷик аз боздоштгоҳи Узбакистон озод шуд


Манучеҳр Бӯриев дар маркази қабул ва таҳвили ноболиғони шаҳри Хуҷанд
Манучеҳр Бӯриев дар маркази қабул ва таҳвили ноболиғони шаҳри Хуҷанд

Манучеҳр мегӯяд, дар боздоштгоҳи Узбакистон беш аз 2 моҳ рӯз мешумурд, ки кай ба зодгоҳаш бармегардад.

Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аз раҳоиаш шод аст ва мунтазири расидани модару модаркалонаш аст, ки ҳамроҳ ба зодгоҳаш дар Панҷакент баргардад.

“Модараму модаркалонам гуфтанд, ки меоянд ва ба хона мебаранд.” – гуфт вай.

Манучеҳр баъди раҳоӣ аз боздошти қариб 70–рӯза дар Узбакистон хаставу маъюс ба чашм мерасид. Аммо вақте дар бораи озод шудану дар роҳ будани модару модаркалонаш сӯҳбат мекард, дар чашмонаш шуълаи шодӣ дурахшон мешуд. Манучеҳр шаби 19-ум ба 20–уми сентябрро дар қабулгоҳи наврасони раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд осуда ба саҳар овардааст.

Вай боздошти худашу пайвандонашро дар канори зодгоҳаш, деҳаи Фароби Панҷакент чунин нақл кард:

“Мо дар канори ангор (полиз)-и нахуд алаф медаравидем. Ногоҳ одамони либоси ҳарбипӯш пайдо шуда, моро дастгир карданд. Ман, бобом, падарам ва ду ҳамдеҳаамонро.”

Манучеҳр мегӯяд, сарҳадбонҳо ва пулиси Узбакистон таъкид кардаанд, ки онҳоро барои ғайриқонунӣ гузаштани хати сарҳади ин кишвар дастгир кардаанд. Вай афзуд, онҳо танҳо як шабонарӯз дар заставаи ноҳияи Китоб бо ҳам буданд, баъд дигар ӯро аз пайвандонаш ҷудо кардаанд.

“Ман 33 рӯз дар шаҳри Қаршии Қашқадарё будам. Баъд манро ба Тошканд бурданд. Онҳо бо ман бо тарҷумон сӯҳбат мекарданд.” – мегӯяд вай.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим


Манучеҳр гузашти рӯзҳоро, ба гуфтаи худаш, “дар сараш” ҳисоб мекардааст. Вай тӯли беш аз 3 моҳи боздошт бо олами берун иртиботе надоштааст.
Мақомоти пулиси Узбакистон танҳо як маротиба ба модари Манучеҳр дар ноҳияи Панҷакент занг зада, иҷозат додаанд, ки писар аз саломат будани худ ба вай хабар диҳад.

Манучеҳр мегӯяд, дар Қаршиву Тошканд ӯро дар боздоштгоҳи кӯдакон нигаҳ медоштанд. Ҳамроҳи бачаҳои дигари узбак. «Дар Тошканд ҳамроҳам 8-9 бачаи узбак буданд ва як тоҷик. Номаш Фаридун буд аз ноҳияи Масчоҳ. Вайро ҳам аз сарҳад боздошт карда бурдаанд.»

Манучеҳр мегӯяд, вақти озод шуданаш Фаридун дар боздотгоҳи Тошканд буд.
Ба гуфтаи вай, сарҳадбонҳо ва пулиси узбак бо бачаҳо муомилаи хуб мекарданд, намезаданд ва носазо намегуфтанд. Дар боздоштгоҳ ба онҳо хӯрок медоданд, шароити шустушӯ доштанд ва телевизор тамошо мекарданд. “Аммо намемонданд, ки ба берун - кӯча бароем.” – афзуд вай.

Манучеҳр мегӯяд, ба зодгоҳаш бармегардад ва таҳсилашро дар синфи 7-ум идома медиҳад. Ман аз вай вақти сӯҳбат ягон ҳарфи шикоят дар бораи касе нашунидам. Кӯтоҳ сӯҳбат мекард ва дар ҷавоби баъзе саволҳо танҳо “ҳа” ё “не” мегуфт. Манучеҳр мегӯяд, умедвор аст, бобову падар ва ду ҳамдеҳаашро низ мақомоти Узбакистон озод хоҳанд кард. Вай афзуд, онҳо намедонанд чӣ тавр сарҳади Узбакистонро гузаштаанд, чунки он ҷое дарав мекарданд, аз пеш замини онҳо буд ва ҳеҷ гуна аломату нишонаи сарҳад ҳам гузошта нашудааст.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Тухтамурод Ӯрунов, раҳбари қабулгоҳи кӯдакон ба Озодӣ гуфт, онҳо мунтазири модару модаркалони Манучеҳр ҳастанд, ки ҳамин лаҳзаҳо барои гирифтани фарзанди худ меоянд.

Тӯхтамурод Ӯрунов, раҳбари маркази қабул ва таҳвили ноболиғони шаҳри Хуҷанд ба Озодӣ гуфт, рӯзи гузаштаи 19-уми сентябр мақомоти сарҳадбонии Суғд Манучеҳрро дар марз бо Ӯзбакистон аз дасти ҳамтоёни худ гирифта, то ҳозир шудани пайвандонаш дар маркази мазкур гузоштаанд. Ба гуфтаи вай, ҳоли Манучеҳр хуб аст ва чашм ба роҳи пайвандонаш мебошад.

Дар ҳамин ҳол Норчучук Эшонова, модаркалони Манучеҳр дар суҳбати телефонӣ ба Озодӣ гуфт, хабари озод шудани набераашро шоми дирӯз шунид, ҳоло барои овардани Манучеҳр савори микроавтобус аз Панҷакент роҳи Хуҷандро пеш гирифтааст.

Манучеҳр Бӯриев.
Манучеҳр Бӯриев.
Манучеҳр Бӯриев бо иттифоқи бобояш Мардон Бӯриев, падараш Сулаймон Бӯриев ва ҳамдеҳагонаш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов 10 июли соли равон ғайб зада буданд. Модараркалони ӯ Норчучук Эшмуродова ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳоро марзбонони Ӯзбакистон бо худ бурдаанд. Марзбонони Ӯзбакистон таъйид карданд, ки онҳоро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд, аммо Норчучук Эшмуродова мегӯяд, марзбонони ӯзбак онҳоро аз ҳудуди Тоҷикистон рабудаанд.

Ҳоло ин сокинони Фароб дар маҳбаси шаҳри Қаршии Ӯзбакистон қарор доранд. Мардон Бӯриеви 74-сола пас аз ҷарроҳии кӯррӯда дар бемористони ин шаҳр ба сар мебарад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик бо ҳамтоёни узбакистонии худ барои раҳоии Манучеҳр аз он кишвар машварат карда буданд.

Масъулони хадамоти пешгирии ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонони вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, барои озод кардани Манучеҳр Бӯриеви 12-сола аз Узбакистон бо ҳамтоёни узбаки худ, яъне намояндагони хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ВКД-и кишвари ҳамсоя машварат намуда, масъалаи интиқоли ӯро ба назди волидонаш ҳал кардаанд.

Як моҳ қабл аз ин – 15-уми июн марзбонони ӯзбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон бо иттиҳоми марзшиканӣ ба Ӯзбакистон бурда буданд. 22-уми июл чӯпонҳо раҳо шуданд, аммо сарнавишти гӯсфандону говҳояшон маълум нест.

Аммо ин танҳо мавориди боздошт ва раҳоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Узбакистон нест. Рӯзи 26 август Илёсиддин Аминов, сокини ноҳияи Ҳисор аз сӯи кормандони Хадамоти амнияти ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистони Узбакистон барои чанд сабти аудиоии Қуръон ва навори видеоӣ аз мавъизаҳои рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо боздошт ва сипас раҳо шуд.

Манучеҳр Бӯриев.
Манучеҳр Бӯриев.
Ду сол пеш Шӯҳрат Шарифов, сокини ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд, низ бо сабаби дар борхалтааш нигаҳ доштани нусхаҳои Қуръони Карим ҳангоми бозгашт аз Русия дар Ӯзбакистон боздошт ва ба ду соли ҳабс маҳкум шуда, ниҳоят раҳо гардид.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоте, ки дастраси мост, то ба ҳол дар ҳудуди Узбакистон боз бештар аз 10 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Аз ҷумла Гулмаҳмад Зокирови 32 - сола, сокини деҳаи Садвини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ки касалии рӯҳӣ дорад ва дар маҳбаси шаҳри Бекободи вилояти Тошканд бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG