Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рафтани Бозор рафтани як фасли зебои ишқу ватансозӣ аст". ВИДЕО


Бозор Собир

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик рӯзи якуми май дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Амрико даргузашт. Ин шоири тавонои тоҷик ҳудуди як моҳ қабл пас аз бад шудани вазъи саломатиаш ба бемористон интиқол ёфт.

Ҷасади Бозор Собирpo ба Тоҷикистон меоранд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои хориҷӣ, сафорати Тоҷикистон дар ИМА ва намояндагии кишвар дар СММ дастур додааст, ки ҷасади Бозор Собирро аз Амрико ба Тоҷикистон оварда ва дар Душанбе ба хок супоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои дафни Бозор Собир ва маросими видоъ бо ӯ омодагиро шурӯъ кардааст. Овозхони маъруф ва дӯсти назкиди Бозор Собир - Саидқул Билолов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ӯ сафири Тоҷикистон дар ИМА гуфтааст, ки ҷасади шоир ӯ давоми 3-4 рӯзи оянда аз шаҳри Сиэтли Амрико ба ватан оварда мешавад. Масъулини Иттифоқи нависандагон мегӯянд, ки барои видоъ бо Бозор Собир омода мешаванд.

Рӯзи 1-уми май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шароити баргузории маросими видоъ бо Бозор Собирро ҳукумат муайян мекунад ва фардо, 2-юми май он маълум хоҳад шуд. Ба қавли масъулини Иттифоқи нависандагон, Бозор Собир дар оромгоҳи "Лучоб"-и шаҳри Душанбе дар канори дигар шахсиятҳои шинохтаи адабиёту фарҳанги тоҷик ба хок супорида мешавад.

Шоираи тоҷик Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, бо рафтани Бозор Собир як даври бисёр зебои шеърӯстӣ, шеърпарастӣ ва шоирпарастӣ аз байн меравад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 1-уми май ба наздикону пайвандони ин шоири шинохта тасаллият ва ҳамдардӣ баён кард Дар хабари дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз Бозор Собир ба унвони шоири ватансарое ёд карда шудааст, ки "дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст."

"Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд",-омадааст дар хабари дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Бозор Собир: Мӯ ба мӯ сӯхтам...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

​Масъуд Собиров, бародарзодаи Бозор Собир рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "масъалаи овардани ҷасади устод дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шудааст ва бо расидани рӯз дар Амрико, маълум мешавад, ки Бозор Собирро кай ба Тоҷикистон меоранд ва дар куҷо дафн мекунанд."

Чанд иқтибос аз Бозор Собир

Бозор Собир, шоири тавонои тоҷик, ки дар тасвиру ташбеҳ дар адабиёти муосири тоҷик ҳамто надошт, бо ошкору бепардагӯӣ низ аз дигар адибони тоҷик фарқ мекард. Маҳз ба сабаби ошкоргӯӣ ва интиқодҳояш аз сиёсатмадорону мансабдорони давр ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои муддате зиндонӣ шуд, вале аз бепардагӯӣ даст накашид.

Радиои Озодӣ баъзе аз баёнияҳои баҳсбарангези ӯро гирд овард, ки дигарон аз гуфтанашон метарсанд, ё истиҳола мекунанд.

Дар бораи сиёсат: «Адабиёт зотан моли сиёсист, моли синфист. Ҳатман шоиру нависанда бояд дар сиёсат ворид бошад. Ва шоире, ки ин қудрату қувваи фавқулоддаи сиёсатро нодида мегирад, шоире, ки аз сиёсат канораҷӯӣ мекунад, бешак аблаҳу ҷоҳилу бангист, бесавод аст. Ман худам ҳамеша ҷонибдор ва пайгири сиёсат ҳастам.”

Дар бораи зиёиёни имрӯзи Тоҷикистон: Зиёиёни тоҷик аксаран нимзиёӣ ё шаклан зиёиянд. Як қисмашон интеллигент-ҳоҷӣ, интеллигент-мулло ва масҷидрав мебошанд. Интеллигент меравад намози ҷумъа. Албатта, инҳоро зиёӣ гуфта намешавад, аммо барои мо ҳаминҳо низ ки ҳастанд, бад нест. Хуб аст. ”

Дар бораи Ленину Сталин: “Бисёр афсӯс, ки дар бораи Ленину Сталин ман дар замонаш шеър нагуфтам. Ва агар медонистам, ки Ленину Сталин кистанд ва агар амиқтар мефаҳмидам, тамоми эҷодиётамро ба Ленину Сталин мебахшидам.»

Дар бораи бозгашт ба хатти форсӣ: "Ин хати ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангома... қарор гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст. Вагарна дар ин дағдаға баҳонаи казоие нест."

Дар бораи тарғиби ватандӯстӣ ва миллатсозӣ: Тоҷикистон ба саноат бисёр мӯҳтоҷ аст. Чунки саноат набошад, истиқлолияту ин ҳангомаҳои миллату ҳангомаи ватаншиносиву ҳангомаҳои бозсозӣ, маънии ҷиддие надорад. Саноат ҷони ҷумҳурист. Ман фикр мекунам, ки ояндаи Тоҷикистон ва ҳама кӯшишҳое, ки хоҳ ҳукуматӣ бошад, хоҳ сиёсӣ, хоҳ давлатӣ, ҳатман бояд сари саноатсозӣ қарор гирад.»

Ба қавли ӯ, азбаски вазъи Бозор Собир вақтҳои ахир хуб набуд, масъалаи овардани ӯро аз пеш баррасӣ мекарданд.

Низом Қосим: "Адабиёти тоҷик шахсияти бузургашро аз даст дод"

Хабари даргузашти Бозор Собир ҷомеаи адибони тоҷикро такон дод. Онҳо мегӯянд, адабиёти тоҷик як шахсияти бузургашро аз даст дод.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 1-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯзи ахир аз беҳтар шудани вазъи саломатии Бозор Собир хушҳол буданд, аммо имрӯз хабари маргашро дарёфтанд.

Раиси Иттифоқи нависандагон мегӯяд, адабиёти тоҷик як шахсияти бузургашро имрӯз аз даст дод. "Адабиёти тоҷик як шоири бузургро ҳам аз назари ҳунари адибӣ-шоирӣ, ҳам аз назари садоқат, миллатпарастӣ ва ватандӯстӣ аз даст дод",-афзуд Низом Қосим. Низом Қосим гуфт, феълан дақиқ намедонанд, ки ҷасади Бозор Собир кай ба ватан оварда мешавад.

"Мо дертар мефаҳмем, ки Бозор чӣ гуфтан мехост"

Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи тоҷик дар вокуниш ба даргузашти Бозор Собир мегӯяд, даргузашти Бозор барояш ногаҳонӣ буд ва афсӯс, ки ӯ дар ғарибӣ даргузашт.

"Шоире, ки ин қадар ватан гуфту ҳамин қадар ватанро дӯст дошт, оқибат дар ғариби гузашт, ҳайф. Бозор Собир 50 сол Бозори Собир буд ва ҳамин хел мемонад. Хизматашро дар адабиёт кард, суханашро гуфт, баъд суханашро содда нагуфт, бисёр самимӣ ва аз таҳи дил гуфт. Рафтани Бозор ин рафтани як фасли зебои ишқу муҳаббати ватансозиву ватандорӣ буд",-мегӯяд Гулрухсор.

Гулрухсори Сафӣ аз Бозор Собир ба унвони шахсияти "шаҳрофар" ёд кард, ки ҳамроҳ бо худи ӯ ва Лоиқ Шералӣ аз деҳа омада, шаҳр офариданд. Бахусус ба қавли ин шоираи тоҷик, Бозор Собир дар замоне дар васфи миллат ва забони тоҷикӣ шеъри “Забони тоҷикӣ”-ро эҷод кард, ки гуфтани ин суханҳо ҷасорат мехост.

Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, бо рафтани Бозор Собир як даври бисёр зебои шеърӯстӣ, шеърпарастӣ ва шоирпарастӣ аз байн меравад. Гулрухсор мегӯяд, мо баъдтар мефаҳмем, ки Бозор чӣ мехост бигӯяд.

Бозор Собир дар авоили моҳи гузашта бинобар беморӣ ба бемористон интиқол дода шуд. Рӯзи 5-уми апрел президенти Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати кишвар дар Амрико ва намояндагии расмӣ дар Созмони Милали Муттаҳид супориши қатъӣ дода буд, то "барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кумаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани Бозор Собир мусоидат намоянд”.

Бозор Собир дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ

Бозор Собири 79-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - порлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.

Соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонда шуд ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид. Ӯро ба даъвати оммавӣ ба сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, барангехтани адовати милливу маҳаллӣ муттаҳам мекарданд.

Бозгашт аз Амрико баъд аз 19 сол

Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Аммо дар як суҳбати қаблиаш дар соли 2016 бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи Уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.

Вақте Бозори Собир аз мусофирати тӯлониаш дар Амрико баргашт, ин бозгашт дар ҷомeа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Як гурӯҳ аз бозгашти шоир истиқбол мекарданд, гурӯҳе ӯро интиқод мекарданд, ки аз ақидааш ба хотири шояд манофеи молӣ пас гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро баъди баргаштанаш дар Қасри Миллат пазируфт ва тамоми ин қасрро барои шоир тамошо ҳам дод. Ба дунбол, мақомот эълон карданд, ки барои Бозор Собир дар Душанбе як манзил низ ҷудо кардаанд.Дар арафаи ҷашни истиқлол ба Бозор Собир ордени "Ситораи президент" низ доданд ва дар як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ваҳдат ва шаҳри Хуҷанд низ ин шоири маъруф зоҳир шуд.

Ӯ аз аввалин нафароне буд, ки мавзӯи бастани ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро дар миён гузошта, ҳузури онҳоро хатарбор дониста буд. Вале баъд аз мамнӯъ шудани фаъолияти ин ҳизб ва боздошти бархе аз аъзояш то дами маргаш дар ин бора изҳори назар накард.

“Шеър дар ҳалқам бимирам, шоири халқам бимирам”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Шарҳҳоро бинед (30)

XS
SM
MD
LG