Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Бозор Собир: "Вазъи саломатиаш бисёр вазнин аст" ВИДЕО


Бозор Собир

Гулчеҳра Собир – ҳамсари Бозор Собир – шоири маъруфи тоҷик гуфт, ки ӯ як ҳафта боз дар бемористони Сиэтл бистарист ва вазъаш бисёр вазнин аст. Ӯ рӯзи 5-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "сахт маззааш нест. Дар бемористон дар паҳлӯяш истодаам. Тамоман сиҳат нестанд." Аммо ӯ дар бораи бемории Бозор Собир ҷузъиёт надод. Танҳо гуфт, шоири маъруф аз дарди қалб ранҷ мекашад.​

Э.Раҳмон: "Ба аёдати Бозор Собир ба Сиэтл равед"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба намояндагиҳои расмии кишвар дар Амрико дастур додааст, ки ба аёдати шоири тавонои тоҷик Бозор Собир ба яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бираванд. Дастури президент рӯзи 5-уми апрел нашр шуд.

Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад

Оқои Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати кишвар дар Амрико ва намояндагии расмӣ дар Созмони Милал супориши қатъӣ додааст, ки "барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кумаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани Бозор Собир мусоидат намоянд."

Бозор Собир чанде пеш ба дидори фарзандон ба Амрико рафта, бар асари беморӣ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид. Нахустин шуда рӯзи 5-уми апрел Барот Қодирӣ, як корбари Фейсбук, аз вазъи саломати ӯ хабар дод. Қодирӣ дар саҳифаи шахсиаш навишт, ки "Бозор Собир панҷ рӯз боз дар шуъбаи эҳёгарист."

Бозор Собири 79-сола

Эмомалӣ Раҳмон ва Бозор Собир. Шаҳри Душанбде, моҳи майи 2013
Эмомалӣ Раҳмон ва Бозор Собир. Шаҳри Душанбде, моҳи майи 2013

Бозор Собири 79-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - порлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.

Соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонда шуд ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Аммо дар як суҳбати қаблиаш дар соли 2016 бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи Уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.

"Бобо, come back"

"Ба Амрико пеши бачаҳо рафтам. Набераҳоям ҳар рӯз занг мезананд, ки бобо баргард, бобо баргард. Мо туро ёд кардем. Барои ҳамин маҷбур шудам биравам, дигар ягон ҳадафу барномае набуд", - гуфт Бозор Собир.

Вақте Бозор Собир бо даъвати шахсии Эмомалӣ Раҳмон аз мусофирати тӯлониаш дар Амрико баргашт, ин бозгашт дар ҷомеа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Як гурӯҳ аз бозгашти шоир истиқбол мекарданд, гурӯҳе ӯро интиқод мекарданд, ки аз ақидааш ба хотири шояд манофеи молӣ пас гашт. Бисёриҳо ҳамин тавр, ҳадс мезаданд, ки мақомот шояд ӯро ба хотири истифода дар таблиғу ташвиқи раиси ҷумҳур даъват карда бошанд.

ВИДЕО: "Шеър дар ҳалқам бимирам, шоири халқам бимирам"

“Шеър дар ҳалқам бимирам, шоири халқам бимирам”
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG