Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Павел Шеремет кушта шуд (АКСУ ВИДЕО)


Павел Шеремет, журналисти маъруфи беларус, ки 5 соли охир дар Украина кору зиндагӣ мекард, бар асари таркиш дар шаҳри Киев кушта шуд. Ӯ аз мунтақидони сарсахти сиёсатҳои кунунии Русияву Беларус ба шумор мерафт.

Журналисти маъруфи беларус Павел Шеремет субҳи 20 июл бар асари таркиши мошинаш дар шаҳри Киев, пойтахти Украина кушта шуд. Муфаттишон ҳоло машғули таҳқиқи маҳалли ҳодисаанд. Шеремети 44-сола соати тақрибан 7:45 ба ҷои кор мерафт, ки мошини седани сурхаш, ки ба шарики ӯ ва молики “Украинская правда” Олена Притила тааллуқ дошт, таркид. Худи Олена Притила дар мошин набуд.

Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко марги Павел Шереметро куштор номид ва гуфт, ки иллати таркиш мунфаҷир шудани таҷҳизоти тарканда будааст. Лутсенко гуфт, тамоми шавоҳид ба сӯиқасд будани ин таркиш далолат мекунанд. Лутсенко ваъда супурд, ки барои ошкор кардани ин ҷиноят тамоми корро хоҳад кард.

Мақомот гуфтанд, ки мошини Шеремет вақте таркид ки ӯ барои ширкат дар барномаи ҳаррӯзаи бомдодии радиои “Вести” мерафт. Дар натиҷаи таркиш мошин тахриб шудааст. Иқтидори маводи таркидаро баробари 600 грамм тротил баровард мекунанд. Вазорати корҳои дохилаи Украина гуфт, қотилон ба сурати “ҳирфаӣ” амал кардаанд.

Акрами Абдуқаҳҳор аз Киев бо ҷузъиёти қатли Павел Шеремет
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко дар Фейсбук навишт, ки ба мақомоти амниятӣ таҳқиқи билофосилаи ин ҷиноятро амр карда, афзудааст, ки “гунаҳкорон бояд ҷазо дода шаванд.” Сухангӯи Порошенко дар Твиттер хабар дод, ки раисиҷумҳур ҷиҳҳати таъмини амнияти молики “Украинская правда” Олена Притила низ амр додааст.

Ин аксҳоро аз маҳалли ҳалокати Павел Шеремет хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор фиристод:

Мустафо Наим, вакили парлумони Украина ва хабарнигори собиқи “Украинская правда”, ки аз маҳалли таркиш бо Озодӣ сӯҳбат мекард, куштори Шереметро “хеле даҳшатовар” номид.

Севгил Мусаева –Боровик, сардабири “Украинская правда” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бовари ӯ, марги Шеремет ба фаъолияти касбии ӯ, яъне хабарнигорӣ рабт дорад.

Павел Шеремет собиқаи журналистиашро аз кор дар телевизиони Беларус оғоз карда, дар солҳои 90 хабарнигори шабакаи телевизионии НТВ-и Русия дар Беларус буд. Шеремет аз соли 1998 то 2002 ба ҳайси хабарнигори махсуси шабакаи аввали телевизиони Русия, муҷрии барномаи ахбори “Время” кор мекард ва муаллифи як силсила филмҳои мустанад буд.

ВИДЕОИ ОЗОДӢ АЗ МАҲАЛЛИ КУШТОРИ ПАВЕЛ ШЕРЕМЕТ:

Павел Шеремет кушта шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Шеремет дар соли 2014 дар пайи тасарруфи нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ва оғози ҷанги ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав дар шарқи Украина шабакаи телевизионии “Общественное телевидение России”-ро тарк кард. Ӯ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт: “Дар вақтҳои охир дар Русия он журналистоне, ки дар бораи ҳодисаҳои Украина ва ҷанги Русияву Украина берун аз чорчӯби пропагандаи Кремл ҳарф мезананд, таҳти таъқиб қарор гирифтаанд. Ман тасарруфи Қрим ва пуштибонии ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро як авантюраи хунин ва иштибоҳи сахти сиёсати Русия мешуморам.”

Павел Шеремет дар як мусоҳибааш бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, он ҳампешагонашро, ки ба далоили мушкилоти рӯзгори худ амал кардани худ дар чорчӯби барояшон аз сӯи Кремл муқарраршударо ба боди интиқод кашид ва гуфт: “Пайдо кардани як тавҷеҳи қотеъ барои инки чаро онҳо васфи ҳизби Русияи воҳидро мекунанд, сиёҳро сафед мегӯянд, ҳамеша мушкил буд ва ин мардум дар самими қалб азоб мекашиданд. Вале ҷанги Украина ба онҳо далел дод, ки гӯё онҳо дигар на пропагандистҳои бечора, на тарсуҳое, ки виҷдони худро бо қарзи хона иваз кардаанд, балки гӯё ҳомиёни Русияаанд.”

Шеремет, ки барои ҳуқуқи инсон, озодии баён ва матбуот мубориза мебурд, дар соли 1997 дар Беларус боздошт шуда буд, вале бисёриҳо боздошти ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ хонда буданд. Ӯ бахусус аз саркӯби эътирозҳо аз сӯи раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка башиддат интиқод мекард. Шеремет барои гузоришҳояш дар соли 1999 ҷоизаи Кумитаи ҳимоят аз журналистон ва дар соли 2002 ҷоизаи демократияи САҲА-ро ба даст оварда буд.

Павел Шеремет дар Беларус барои шабакаи аввали телевизиони Русия ҳамроҳ бо наворбардор Дмитрий Завадский кор мекард. Дмитрий Завадский 7 июли соли 2000 дар шаҳри Минск ба таври мармуз ғайб зад ва то ҳол нишоне аз ӯ пайдо накардаанд. Дар соли 2002 додгоҳи вилояти Минск ду афсари “Алмаз” - воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилаи Беларусро барои даст доштан дар рабудани Завадский ба ҳабси абад ва якеи дигарро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Аммо инки бо Завадский чӣ шуд, то ҳол сирре нокушода боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG