Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози шинохта аз фасоди молӣ ва ахлоқӣ интиқод кард


Масъуд Шуҷоӣ.
Масъуд Шуҷоӣ.

Масъуд Шуҷоӣ, бозигари дасти миллии футболи Эрон мегӯяд, бо вуҷуди таваҷҷуҳи комил ба футболи ҳирфаӣ, ҳеҷ вақт ба мушкилоти иҷтимоӣ дар кишвараш бетараф набудааст. Фасоди молӣ ва ахлоқӣ дар футбол, бадрафторӣ ба муҳоҷирон ва фасод дар расонаҳо, масъалаҳое мебошанд, ки Масъуд Шуҷоӣ ба таври ошкор дар бораи онҳо суҳбат кардааст.

Ин нимҳимоятгари дастаи миллии футболи Эрон беш аз даҳ сол аст, ки ба таври давомдор дар хориҷ аз он кишвар бозӣ мекунад. Пеш аз ин фақат Маҳдӣ Маҳдавикиё ва Ваҳид Ҳошимиён тавонистаанд беш аз як даҳа бетаваққуф дар хориҷ аз Эрон бозӣ кунанд.

Масъуд Шуҷоӣ дар шаҳри Афинаи Юнон пас аз бозӣ байни дастаҳои Паниониос ва Панатинайкус ба суолҳои Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ посух дод. Ӯ гуфт, ки агар бихоҳад дар барои фасодҳои роиҷ дар ҷомеа хомӯш биистад, ба наслҳои баъдӣ хиёнат кардааст ва ба ҳамин хотир "бо ибтикори худ зарур медонад, ки ҳарф бизанад."

Масъуд Шуҷоӣ алифбои футболро аз 15-солагӣ ва дар дастаи "Санъати нафт"-и Ободон омӯхт. Сипа ба дастаи ҷавонони "Сойпо" пайваст. Ин чархиш дар дастаҳои калонсолон ҳам такрор шуд ва ибтидо барои "Санъати нафт" ва баъд барои "Сойпо" бозӣ кард ва аз ҳамин бошгоҳ ба шуҳрат расид ва ба тими миллии Эрон пайваст.

Ӯ танҳо бозикун дар таърихи футболи Эрон аст, ки бидуни собиқаи узвият дар дастаҳои номдори "Перспулис" ва "Истиқлол", ду бор дар Ҷоми ҷаҳонӣ бозӣ кардааст. Масъуд Шуҷоӣ ва Андроник Темуриён агар дар Ҷоми Ҷаҳонии баъдӣ иштирок кунанд, рекорди таърихии се давраи ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар номашон сабт мешавад.

Масъуд Шуҷоӣ дар ин гуфтугӯ аз манъи вуруди занон ба варзишгоҳҳо интиқод кард. Фасоди густурдаи расонаӣ ва ришва дар фазои варзиш аз дигар нуқтаҳое буд, ки Шуҷоӣ дар бораи он суҳбат намуд. Ӯ гуфт, ситораҳое чун Ваҳиди Ҳошимиён низ бо вуҷуди собиқаи дурахшон, ба далели ришва надодан ва ҳамроҳ нашудан бо фазои фосиде, ки баданаи футболи Эронро дар бар гирифтааст, нодида гирифта мешавад. Масъуд Шуҷоӣ таъкид кард, ки агар бихоҳад ба танҳоӣ ба ин баҳс идома диҳад, ӯ низ ҳазф хоҳад шуд, зеро "системаи фосид" фарди интиқодкунандаро дар худ роҳ намедиҳад.

Аввалин бозии ӯ муқобили Лаос дар марҳилаи муқаддимотии Ҷоми Ҷаҳон -2006 буд. Масъуд Шуҷоӣ, ки дар гузашта чанд бор ба унвони капитани дастаи Эрон ба майдон омадааст, ду бор дар хоки Кореяи ҷанубӣ дарвозаи тими миллии ин кишварро боз кардааст. Аввалин голи миллии ӯ ҳам ба дарвозаи Арабистони Саудӣ дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и шаҳри Теҳрон ба самар расид.

Масъуд Шуҷоӣ дар хусусӣ пайгирии парлумони Эрон дар баробари фасодҳо дар футбол гуфт, ин парвандаҳо бо натиҷа намерасанд, зеро бояд афроде ифшо шаванд, ки худ соҳиби қудрат ҳастанд ва шумораашон ҳам зиёд аст. Бадрафторӣ бо муҳоҷирон аз дигар мавзӯъҳое буд, ки Масъуд Шуҷоӣ ба он ишора кард. Ӯ худ дар ҳамин замина дар минтақаи маҳруми постгоҳи Неъматобод дар ҷануби шаҳри Теҳрон фаъолият мекунад, аммо шаҳдорӣ то кунун кӯмаке барои зиндагӣ ва таҳсили навҷавонони мавриди назари Шуҷоӣ, анҷом надодааст.

Масъуд Шуҷоӣ дар лигаи Имороти Муттаҳидаи Араб омори ҷолиби 12 гол дар 40 бозиро ба ҷой гузошт. Соли 2008 аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Испания рафт ва ҳатто лат хурданҳои тулонӣ боис нашуд Масъуд Шуҷоӣ аз Испания ба лигаи футболи Эрон баргардад. Бозӣ барои Осасуна дар Ла Лига, голзанӣ ба дарвозаи "Атлетико"- Мадрид ва дурахш дар баробари "Реал" Мадрид аз ҷумлаи бозиҳои хотирмони Масъуд Шуҷоӣ дар Испания мебошанд.

Аввалин бозӣ дар "Ла Лига"ро дар баробари Вилларреал анҷом дод ва пас аз он сад дори дигар барои Осасуна ба майдон рафт. Баъд аз ҷудо шудан аз ин тим, низ барои Лас Палмас бозӣ кард. Дар ҳоле, ки барои пайвастан ба дастаи "Реал"-Зарагоза ба созиш расид ва бошгоҳ низ ин хабарро эълом карда буд, пешниҳоди "Аш-Шаҳония" панҷ баробари рақами дастаи Испания буд. Ба ҳамин хотир ду фасл барои ин тими қатарӣ ва сипас "Ал-Ғарофа" бозӣ кард.

Ин нимҳимоятгар бо тактикаҳои хуб, эҳсоси хуби голзании хубе дорад ва ҳоло дар Супер лигаи Юнон барои бошгоҳи "Паниониос" гол мезанад ва гол месозад.

XS
SM
MD
LG