Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти хонаводаи маъмури нопадидшудаи FBI алайҳи Эрон


Хонаводаи як маъмури бознишастаи FBI, ки даҳ сол қабл дар ҷазираи Кеши Эрон нопадид шуда буд, ба як додгоҳ дар Вашингтон алайҳи ҳукумати Эрон шикоят бурдаанд. Ин хонавода иддао дорад, ки Роберт Левинсон аз сӯи мақомоти Теҳрон боздошт шудааст ва онҳо аз он замон то ба ҳол дар бораи макони будубоши вай иттилое надоранд.

Кристина Левинсон, ҳамсари ин маъмури бознишасти FBI рӯзи 22 март тариқи телефон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "мо тасмим гирифтем қазияро пайгирӣ кунем, зеро баъд аз даҳ сол онҳо (манзур Эрон) ҳанӯз масъулияти нопадид шудани Робертро ба дӯш намегиранд. Аммо мо бовар дорем, ки ӯ дар кишвари онҳост ва метавонанд ӯро ба назди хонаводааш баргардонанд."

Ҳамсар ва ҳафт фарзанди Роберт Левинсон рӯзи 21 март ин шикоятномаро алайҳи Эрон дар яке аз додгоҳҳои Вашингтон ироа кардаанд. Онҳо ба сабаби ончи "нақши Эрон" аз ҷумла дар "таҳмили фишорҳои рӯҳӣ ва равонӣ" бар худ номидаанд, хисорот талаб кардаанд. Ҷузъияти ин хисорот мушаххас нашудааст.

Ин хонавода иддао дорад, ки Роберт Левинсон аз сӯи мақомоти Теҳрон боздошт шудааст ва онҳо аз он замон то ба ҳол дар бораи макони будубоши вай иттилое надоранд.

Роберт Левинсон дар моҳи марти соли 2007 ба ҷазираи Кеш дар Эрон сафар карда буд. Пас аз нопадид шудани ӯ гуфта шуд, ки машғули анҷоми таҳқиқоти хусусӣ барои як ширкати бузург дар мавриди "қочоқи сигор" будааст. Аммо низ гуфта мешавад, вай замоне боздошт шуд, ки ба ин ҷазира ба мулоқоти Довуд Салоҳиддин, як ситезаҷӯи исломии амрикоӣ, ки ба Эрон фирор карда буд, рафтааст. Довуд Салоҳиддин дар куштори як мақоми сафорати Эрон дар Вашингтон айбдор мешуд. Вай он замон ҳамчун корманди қарордодӣ бо Созмони истихбороти Амрико ё CIA ҳамкорӣ мекард.

Мақомоти Эрон ҳамвора даст доштани худ дар боздошти Роберт Левинсонро радд кардаанд. Аммо вакили дифои хонаводаи Роберт Левинсон мегӯянд, ки ин иддаои Теҳрон "нодуруст" ва "фиребкорона" мебошад. Вакили дифои хонаводаи Роберт Левинсон гуфтааст, ки "мо хостори адолат ҳастем... мо дар айни ҳол мехоҳем то ҷаҳон бо рафтори риёкорона ва золимонаи Эрон ошно шавад."

Рӯзномаи "Ню-Йорк таймс" мегӯяд, ҳайтати намояндагони Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ду имейли фиристодашуда дар робита бо ин масъаларо бепосух гузоштаанд. Шуморе аз хабаргузориҳои дохилии Эрон, ки хабарҳои вобаста ба шикояти Роберт Левинсонро пӯшиш додаанд, низ вокунише аз сӯи мақомҳои эронӣ нашр накардаанд.

Вакили дифои ин хонавода мегӯяд, ки коршиносони FBI ба ин натиҷа расидаанд, ки видеои гаравгонгирӣ ва аксҳои Роберт Левинсон дар солҳои 2010 ва 20111, ки ба хонаводаи ӯ фиристода шуд, ҷузъе аз талошҳои Эрон буд то як фазои ғалатро ба миён биёварад, ки гӯё Роберт Левинсон на аз сӯи ҳукумати Эрон, балки аз тарафи бархе аносири дигар боздошт шудааст ва дар ниҳоят ҳукумати Эрон дар нопадид шудани масъул нест.

Ҳамсари Роберт Левинсон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони FBI дар сӯҳбатҳои хусусӣ ба вай гуфтаанд, ки ба бовари онҳо, Левинсон аз сӯи мақомоти Теҳрон боздошт шудааст: "Ҳамчун аъзои хонавода, мо ҳам ба ин боварем, ки Эрон вайро нигоҳ медорад. Аммо ин баёнияи расмии FBI нест",-афзуд Кристина Левинсон. Ҳамсари Роберт Левинсон умедворӣ кард, ки шавҳараш рӯзе боз хоҳад гашт.

Авоили моҳи марти соли равон вазорати умури хориҷии Амрико аз Эрон хост, то дар муайян кардани макони будубоши Роберт Левинсон ва бозгардонидани ӯ ба Амрико, кӯмак кунад. "Эрон ваъдаи ҳамкорӣ бо Амрико барои кӯмак барои баргардонидани Роберт Левинсонро додааст ва мо аз Эрон тақозо дорем, ки ба ин ваъдаи худ вафо кунад",- омадааст дар баёнияи вазорати умури хориҷии Амрико, ки рӯзи 9 март ба муносибати 10-уми солгарди нопадид шудани Роберт Левинсон нашр шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG