Нодия Мурод Басӣ, як духтари язидӣ, ки соли гузашта аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" рабуда шуда буд, рӯзи 16 декабр дар Шӯрои Амнияти СММ дар бораи таҷовуз ба номусаш, шиканҷа ва ғуломи ҷинсӣ шуданаш қисса кардааст.
Ӯ аз Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост, ки "Давлати исломӣ"-ро аз байн баранд, зеро вай ва ҳазорон нафари дигар аз занони язидиро рабудаанд ва онҳоро чун “ғанимати ҷангӣ” ба тундравҳои "Давлати исломӣ" ҳадя кардаанд, то онҳоро мисли ғуломи ҷинсӣ истифода кунанд.
Нодия дар аввалин ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба қочоқи инсон дар ҳузури 15 узви ин шӯро гуфт, ки “занону духтаронро барои он таҷовуз мекарданд, ки онҳо дигар ба зиндагии маъмулӣ баргашта натавонанд. "Давлати исломӣ" ҳамчунин занони язидиро қочоқ мекардааст.
Нодия ҳикоят кард, ки чӣ тавр вайро моҳи августи соли гузашта аз рустояш дар Ироқ рабудаанд ва бо автобус ба шаҳри Мавсил - маркази "Давлати исломӣ" бурдаанд. Дар он ҷо ҳазорон нафар занони язидӣ ва кӯдаконро чун ҳадя ба тундравҳо медоданд.
Баъд аз чанд рӯз Нодияро ба марде додаанд. Вай мегӯяд, ки “ин мард маро маҷбур кард, ки либосамро кашам ва худро оро диҳам... Ҳамин тавр шаби даҳшатзо паси сар шуд. Вай маҷбур кард, ки ман чун узви гурӯҳи ҷангии вай хидмат кунам. Ҳар рӯз маро шиканҷа мекард, мезад”.
Нодия борҳо талош кардааст, ки аз дасти ин мард фирор кунад, вале ҳар бор вайро посбонон дастгир мекарданд. Вай яке аз шабҳоеро ба хотир меорад, ки ҳангоми фирор посбонон дастгир карданд: “Он шаб вай маро латукӯб кард. Ба ман дастур дод, ки либосамро бикашам. Маро бо посбононаш ба ҳуҷрае бурд ва то вақте, ки ман беҳол шудам, ҷинояти худро идома доданд. Ман аз шумо илтиҷо мекунам, ДОИШ-ро аз байн баред”.
Тундравҳои "Давлати исломӣ" чанд бародари вай ва аксари мардони рустои онҳоро ба қатл расондаанд. Саранҷом ба вай муяссар шудааст, ки фирор кунад ва ҳоло дар Олмон зиндагӣ мекунад.
Баъд аз ин суханони эҳсосотӣ, аъзои Шӯрои Амният ба ҷасорати ин зан каф заданд. Акнун СММ таҳқиқ мекунад, ки оё "Давлати исломӣ" барои нобудии язидиҳо ба наслкушӣ даст задааст ё хайр. Бо назардошти ин, СММ аз Шӯрои Амният хост, ки ин парвандаро барои ба муҷозот кашондан ба Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт бифиристад.
Шӯрои Амният 16-уми декабр дар эъломияе қочоқи инсон тавассути "Давлати исломӣ" ва тавассути гурӯҳҳои дигар аз қабили артиши муқовимати Боко Ҳаромро маҳкум кард. Дар ин эъломия омадааст, “дар ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳона баъзе амалҳои қочоқи инсон сабаби ҷиноятҳои ҷангӣ мешавад”.
Тундравҳои гурӯҳи " Давлати исломӣ" бар ин ақидаанд, ки язидиҳо ба шайтон саҷда мекунанд. Дар мазҳаби язидиҳо унсурҳои зардуштӣ, масеҳӣ ва ислом вуҷуд дорад. Ҳоло аксари аҳолии язидӣ, ки тақрибан ним миллион нафарро ташкил медиҳанд, аз хонаву манзилҳои худ маҳрум шудаанд ва дар урдугоҳҳо дар шимоли Ироқ дар Курдистон зиндагӣ мекунанд.
Тақрибан 5 ҳазор мардон ва занони язидӣ дар ҷараёни ҷангҳои тобистони соли 2014 ба асорати тундравҳо даромаданд. Ба 2 ҳазор нафари онҳо муяссар шуд, ки аз асорат фирор кунанд. Тақрибан 3 ҳазор нафари дигар то ҳол дар асорати тундравҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба сар мебаранд.