Владимир Франтс (Vladimir Franz) оҳангсоз ва рассоми шинохтаи чех, ки дар байни ҳаводорони ҳунар бо лақаби “Аватар” машҳур аст, ҳафтаи равон барои курсии раёсатҷумҳурии Чехия талош хоҳад кард.
Франтси 53–сола аслан таҷрибаи сиёсӣ надорад ва иқрор кардааст, ки дониши иқтисодиаш низ рӯякист. Вале бо ин вуҷуд, тибқи пурсишҳои афкори умум, ӯ яке аз пуртарафдортарин номзадҳои интихоботӣ будааст.
Худи Франтс дар сӯҳбат бо телевизиони Чех тасмими пешбарии номзадиашро дар интихобот ингуна ёдовар шуд: "Моҳи июл ба расмкашиву таҳияи мусиқӣ омода мешудам, ки гурӯҳе ба ҳайси шӯхӣ ташаббуси пешбарии ман ба курсии президентиро матраҳ кард. Вақте дидам, ки ин шӯхиро ҳазорҳо нафар дастгирӣ карданд, фаҳмидам, ки вақти шӯхӣ гузашту бояд тасмиме бигирам. Ба хулоса омадам, ки бояд пешбариро қабул кунам."
Дар як муддати кӯтоҳ гурӯҳи ташаббускор ба пуштибонӣ аз Франтс 88 ҳазор имзо ҷамъ кард, ки аз меъёри муқарраршудаи 50 ҳазор имзо хеле бештар аст.
Дар як назархоҳии ғайрирасмӣ дар мактабҳои касбӣ-техникии Ҷумҳури Чех азбайни 60 ҳазор раъйдиҳанда беш аз 40 дар сад ба тарафдорӣ аз Франтс овоз додаанд, ки пирӯзии фарогир ба ҳисоб меравад. Ҷомеашиносон мегӯянд, ки дар маҷмӯъ тарафдорони аслии ӯ ҷавонҳое мебошанд, ки мавқеи эътирозиро касб кардаанд.
Ҷомеашиносон бо такя ба назархоҳиҳои расмӣ пешбинӣ мекунанд, ки аз миёни 9 номзади президентӣ Франтс бо 11 дарсади раъйҳо дар ҷои сеюм хоҳад буд. Яъне агар сарвазирони собиқи Чехия Ян Фишер ва Милош Земан ба даври ниҳоӣ гузаранд, пуштибонии Франтс барои яке аз онҳо ҳалкунанда хоҳад буд.
Аслан интихоботи 11-12 январ аввалин интихоботи умумимардумии президенти кишвар дар Чехия мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Чех Ватслав Клаус, ки баъди ду даври раёсатҷумҳурӣ ҳафтаҳои оянда аз сари қудрат дур мешавад, мухолифи чунин шакли интихобот буда, мегӯяд, интихоботи умумимардумӣ имкон медиҳад, ки афроде шубҳабарангез ба монанди Владимир Франтс сари қудрат оянд.
Аммо ҷавонони зиёде ба президент Клаус ҳамфикр нестанд. Яке аз ҳаводорони Франтс бо номи Карел Страхота мегӯяд, дар ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Чех эътимод ба сиёсатмадорон чунон паст аст, ки раъйдиҳандагон ва, бахусус, бештар ба номзадҳои дур аз сиёсат таваҷҷӯҳ доранд. Ба қавли ҷавони дигар, барои ӯ намуди зоҳирии Франтс ҳеҷ аҳамият надорад, зеро, мегӯяд вай, "ин озмуни зебоӣ нест".
Рӯзи сешанбе вақте номзадҳо барои мубоҳисаи ниҳоӣ дар телевизиони чех ҷамъ шуданд, Франтс баъди ҳузури хеле кӯтоҳ маҳфилро тарк кард, зеро дар бинои Операи давлатӣ тамрини ниҳоӣ дар арафаи нахуст-намоиши як операи нави ӯ барпо мешуд.
Аввалин президенти Ҷумҳурии Чех баъди касби истиқлоли ин кишвар драмнавис ва дигарандеши маъруф Ватслав Ҳавел буд, ки декабри соли 2011 даргузашт. Баъди ӯ вакилони парлумон иқтисодшинос ва устоди донишгоҳ Ватлас Клаусро раҳбари нави миллӣ интихоб карданд.