Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди як размандаи мухолифини пешин аз Русия ба Тоҷикистон


Додситонии кулли Тоҷикистон истирдоди як размандаи Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик аз Русия ба Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Фахриддин Саидов, размандаи Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини пешин ва корманди собиқи Гурӯҳи зудамали ВКД-и Тоҷикистон, дар авоили ҳамин ҳафта аз Екатеринбург ба Душанбе истирдод шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар моҳи октябри соли гузашта хабари Вазорати корҳои дохилии Русия дар мавриди боздошти Фахриддин Саидовро, ки бо ному насаби дигар «Муҳаммадшариф Идиев» пинҳон шуда будааст, дарёфт карда буданд.

Кормандони интизомии Русия дар таърихи 25-уми октябри соли гузашта Фахриддин Саидовро дар фурудгоҳи «Колтсово» ҳангоми убури марз бо ному насаби насаби дигар, яъне «Муҳаммадшариф Идиев» боздошт кардаанд. Вай аз тарафи мақомоти интизомии Русия барои «тақаллуби ҳуҷҷатҳо» ва «убури ғайриқонунии марз» айбдор дониста мешуд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Фахриддин Саидов то шомил шуданаш ба сохторҳои давлатӣ дар соли 1998, дар сафи Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини пешин меҷангид ва пас аз афв шудан, вай дар Гурӯҳи зудамали бригадаи махсуси Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият кардааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Фахридин Саидов воқеан дар феҳрасти афви соли 1998 шомил шуда буд, вале вай барои ҷиноятҳое, аз қабили куштор, одамрабоӣ ва ғорат, ки пас аз имзои Созишномаи сулҳ содир кардаааст, мавриди пайгард қарор дошт.

Аз ин қабл дар моҳи октябри соли гузашта, як размандани дигари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини пешин аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Наздикони Абдулвосеъ Латифов, машҳур ба "Қорӣ Восит" мегӯянд, ки ӯ дар яке аз бӯстонсароҳои ноҳияи Городишинои Волгоград зиндагӣ мекард ва рӯзи 20-уми октябр аз тарафи як гурӯҳ афроди мусаллаҳи ношинос рабуда шуд.

Аммо ба муроҷиати расмии вакили мудофеи Қорӣ Восит ҳам Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳам Додситонии кулли Тоҷикисон расман посух доданд, ки Абдулвосит Латифов ба Тоҷикистон интиқол дода нашудааст ва дар кадом пинҳонгоҳи вазорати умури дохила ва ё кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ намешавад.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, иттиҳомот алайҳи Абдулвосит Латипов асосан ба даврони баъд аз авфи соли 1999 рабт доранд. Қорӣ Восит аз рӯи моддаҳои 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 181 (гаравгонгирӣ), 250 (тамаъҷӯӣ) ва 310 (таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG