Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз мотами умумӣ дар Афғонистон


Раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ҳамлаи интиҳории рӯзи шанбе дар Кобул, як рӯз мотами умумӣ эълон кард ва вазорати умури дохилии он кишвар ҳар гуна таҷаммуи умумӣ дар 10 рӯзи ояндаро мамнӯъ намуд.

Шумора кушташудагони ҳамлаи интиҳории рӯзи шанбе дар Кобул, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти онро ба дӯш гирифт, ба 80 нафар расид ва манбаъҳои расмӣ теъдоди захмиёнро ҳудуди 230 нафар мегӯянд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ин ҳамла дар саросари Афғонистон як рӯз мотам эълон кард ва ваъда додааст, ки интиқоми ин ҳамларо хоҳанд гирифт. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки аз Додситони кулли кишвараш хост то комиссияи вижа барои барраиси ин ҳодиса ташкил кунад.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ҳазорон нафар аз тарафдорони "Ҷунбиши рӯшноӣ" рӯзи 23 июл дар маҳаллаи Деҳмазанги Кобул даст ба тазоҳурот зада ва хостори интиқоли хати 500-киловатаи барқи Туркманистон аз тариқи вилояти Бомиён шуданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ибтидо як таркиш дар миёни тазоҳургарон рух дода ва сипас ду ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифтааст.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва раиси ҳукумати иҷроӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз ин ҳодиса ибрози таассуф намуда ва аз тамоми ниҳодҳои давлатии он кишвар хостаанд, то заминаи муолиҷаи захмиёнро бо имконоти бештар фароҳам кунанд.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон бо нашри як хабарнома даст доштани ин гурӯҳ дар ин ҳамларо рад карда ва гуфтааст, ки ин ҳамла ба хотири ба вуҷуд овардани ихтилофоти қавмӣ миёни мардуми Афғонистон, анҷом шудааст.

Аммо Оҷонсии хабарии "Аъмоқ" вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" эълон кард, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

"Ҷунбиши рӯшноӣ" пеш аз зуҳри рӯзи шанбеи 23-юми июл таҳозуроти худро дар Кобул оғоз кард, ки дар он ҳазорон нафар ширкат доштанд. Ин афрод дар эътироз ба интиқоли хатти 500 киловатаи барқи Туркманистон аз роҳи Соланг даст ба тазоҳурот заданд. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар миёни тазоҳургарон ҷавонон, занон ва мӯйсафедон низ буданд.

Эътирозгарон талаб доштанд, ки хати 500 киловатаи интиқоли барқи Туркманистон-Кобул тавассути вилояти марказии Бомиён гузарад. Дар ин вилоят шумораи зиёди аҳолии ҳазора зиндагӣ мекунанд. Ҳукумат мегӯяд, ки чунин кор миллионҳо доллар арзиш дорад ва эҳдоси шабакаро солҳо ба таъхир меандозад.

Эътирозгарон дар назди Донишгоҳи Кобул гирдиҳам омадаанд ва он аз маҳали биноҳои ҳукуматӣ чанд километр дуртар аст. Онҳо парчамҳои Афғонистон дар даст “Адолат”, “Адолат” ва “Марг бар табъиз” шиор медоданд.

Тазоҳурот дар Кобул ба хун печид
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Нақшаи аввалияи кашидани шабакаи барқ аз Бомиён тарҳрезӣ шуда буд, вале акнун ҳукумат мегӯяд, ки агар ин шабака аз кӯтали Соланг бигзарад аз миллионҳо доллар сарфаҷӯи ба амал хоҳад омад.

Таркиш дар миёни тазоҳургарон дар ҳолест, ки сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин вазорат дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии дигар барои таъмини ҳифзи тазоҳургарон чораҳои сахти амниятиро рӯи даст гирифтаанд.

Аз ин қабл, Сарвар Дониш, муовини дувуми раиси ҷумҳури Афғонистон аз аъзои "Ҷунбиши рӯшноӣ" хоста буд, то ба ҳукумат эътимод дошта бошанд ва аз ҳаракатҳои ғайри зарурӣ худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG