Пайвандҳои дастрасӣ

"Аз Наврӯз то Наврӯз" -- намоиши бозёфтҳои нодир дар Осорхонаи миллӣ. ВИДЕО


Дафинаи бузурги сиккаҳои нуқрагии асрҳои 9-10, сиккаҳои тилоии қарнҳои 15-16, дастнавиcҳои Қуръони Карим, Девони Ҳофизи Шерозӣ, достони “Юсуф ва Зулайхо”-и Ҷомӣ, чанде аз ёдгориҳои таърихии намоишгоҳи “Аз Наврӯз то Наврӯз” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аст. Дар ин намоишгоҳ, ки рӯзҳои таҷлили Навруз оғоз шуд, 1864 бозёфти осори таърихиву фарҳангӣ ва асарҳои харидорӣ ва тақдимшуда ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар як соли ахирро фаро мегирад.

Зафаршо Иброҳимзода, муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳҳои ҷамъоварии чунин осори таърихӣ, харидории ёдгориҳои таърихӣ аз шаҳрвандон, ташкили экпедитсияҳои илмиву бостоншиносии осорхона ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ва аз ҷониби афроди фарҳангдӯст ба осорхона тақдим кардани осори таърихӣ мебошад.

Баъзе аз ин осорро раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим кардааст ва бахше аз экспонатҳоеро, ки инҷо нигаҳдорӣ мешаванд, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ аз қочоқбарони ашёи таърихӣ гирифтаанд ба Осорхонаи миллӣ додаанд. Чаҳордаҳ варақи чармӣ бо матни куфӣ, 1 сиккаи тиллои русӣ аз қарни 19, сигормони заррин, 2 офтобаи мисини аввали асри 20 аз ҳамин қабил ашё ҳастанд. То кунун ҳазорон нафар ба дидани ин ашёву экспонатҳо омадаанд.

Ба гуфтаи Зафаршо Иброҳимзода, муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ин намоишгоҳ аз 15 март шурӯъ шуда ва дар тӯли 4 рӯзи Иди Наврӯз аз он 12 ҳазор нафар дидан карданд. Намоишгоҳ то охири моҳ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома мекунад.

Феълан дар Осорхонаи милии Тоҷикистон, ки дар сохтмони нав ҳудуди 6 сол боз фаъолият дорад, 48 ҳазор ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ маҳфуз аст. Рӯзҳои иду ҷашнҳо дар як рӯз ҳудуди 3-4 ҳазор нафар аз он дидан мекунанд. Ба гуфтаи масъулин, дар рӯзҳои маъмулӣ наздики 500 нафар ба дидани ёдгориҳои таърихии Осорхонаи миллии Тоҷикистон меоянд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG