Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Черевченко: "Локомотив"-ро бояд чемпион кунам


Игор Черевченко
Игор Черевченко

Игор Черевченко дар нахустин мусоҳибаи матбуотиаш баъди таъин шудани ӯ ба мақоми сармураббии тими “Локомотив”-и Маскав гуфт, вазифаи ӯ ба қаҳрамонии футболи Русия расондани ин тим аст.

Игор Черевченко, дастпарвари футболи тоҷик ва писари ҳимоятгари маъруфи тими “Помир”-и душанбе Геннадий Черевченко, ки рӯзи 3 июн ҳамчун сармурабби нави тими футболи “Локомотив”-и Маскав муаррифӣ шуд, нахустин мусоҳибааш баъди ин хабарро ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дод.

Игор Черевченко дар ин мусоҳиба гуфт, ҳанӯз бо раҳбарони тими “Локомотив” дар ин бора сӯҳбат накардааст, вале медонад, ки аз ӯ чӣ мехоҳанд? “Локомотив” бояд қаҳрамони футболи Русия шавад ваё дастикам дар сегонаи аввал ҷой бигирад, “ – гуфт Игор Черевченко, сармураббии тими “Локомотив”-и Маскав.

Озодӣ: Игор Геннадевич, мақоми нав муборак!

Игор Черевченко: Ташаккур.

Нахустин мусоҳибаи Игор Черевченко
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00
Линки мустақим

Озодӣ: Ин хабар ба Шумо вақте расид, ки дар Душанбе ҳастед. Чӣ гуна пазируфтед?

Игор Черевченко: Бо хушнудӣ қабул кардам, ки дар дастаи худам сармураббӣ таъинам карданд. Вале ростӣ, ҳанӯз пурра даркаш накардаам.

Озодӣ: Аммо чунин сӯҳбатҳо буд бо Шумо пеш аз сафаратон ба Тоҷикистон, ки ба ин мақом таъин мешавед?

Игор Черевченко: Сӯҳбатҳо буданд, бахусус баъди пирӯзии мо дар Ҷоми Русия. Вале фақат сӯҳбат буд. Қарор қабул нашуда буд ҳанӯз.

Озодӣ: Имсол “Локомотив” дар қаҳрамонии футболи Русия ҷои 7-умро гирифт ва каме монда буд, ки ба Ҷоми Аврупо роҳ биёбад. Дар мавсими оянда чӣ вазифа гузоштаед?

Игор Черевченко: “Локомотив” ҳама вақт пеши худ вазифаҳои бузург мегузорад, ки бояд қаҳрамони футболи Русия шавад ваё дастикам дар сегонаи аввал ҷой бигирад. Барои сармураббии “Локомотив” вазифаи аз ин камтар ҳеҷ вақт нагузоштаанд ва намегузоранд. Ман медонам, ки аз ман ҳам ҳаминро мехоҳанд ва ман тамоми талошамро барои ин хоҳам кард.

Озодӣ: “Локомотив” хеле боз қаҳрамон нашуда буд...

Игор Черевченко: Бале, бояд кӯшиш кунем барои ин.

Озодӣ: Бо Олга Смородская, президенти “Локомотив” оё сӯҳбатҳое доштед дар бораи вазифаҳои тим?

Игор Черевченко: Ҳанӯз намедонам. Фардо, 4 июн ба Маскав бармегардам ва сӯҳбат мекунем. Аз ҷумла дар бораи вазифаҳое, ки пеши ман хоҳанд гузошт. Аммо ман медонам, ки чӣ вазифа метавонанд бигузоранд. Ба ҷуз аз се ҷои аввал дар бораи ягон вазифаи дигар ҳатто ҳарф нахоҳанд зад.

Озодӣ: Аммо барои ҷой ёфтан дар байни се тими беҳтарин ё қаҳрамони Русия шудан пули зиёд лозим аст, ки футболбозҳои хуб харида шаванд. “Локомотив” чунин имконоти молӣ дорад?

Игор Черевченко: Фикр мекунам, дорад. Мо аллакай футболбозҳои хуб зиёд дорем.

Озодӣ: Ягон футболбози худ дар назаратон ҳаст барои “Локомотив”?

Игор Черевченко: Дар ин бора танҳо баъди бозгаштам ба Маскав метавонам ҳарф бизанам. Ман ҳанӯз қарордод имзо накардаам. Ҳангоми имзои қарордод ин мавзӯъҳоро ҳам баррасӣ хоҳем кард.

Озодӣ: Футболи имрӯзаи Тоҷикистон дар назаратон чигуна менамояд? Бачаҳои умедбахше дорад, ки барои мисол, ба ҳайати “Локомотив” роҳ биёбанд?

Игор Черевченко: Ман бозии дастаҳои кӯдаконро тамошо кардам дар мусобиқаи бахшида ба хотираи падарам Геннадий Черевченко. Назар ба моҳи декабр, ки ман инҷо будам, хеле қавитар шудаанд. Ин як. Нишондиҳандаи дуюм, ба назарам, тими “Истиқлол” аст, ки эътибори зиёд ба даст овардааст. Солисан, ман мутмаинам, ки тими миллии Тоҷикистон Урдунро шикаст медиҳад. Ман ба ин бовар дорам.

Аммо бозии футболбозони тоҷикро ҳанӯз надидаам. Ҳарчанд аз Интернет пайгирӣ мекунам, чунки худам ба ин таваҷҷӯҳ дорам. Ба ин далел ки Тоҷикистон Ватани ман аст.

Озодӣ: Худи Тоҷикистонро баъди 20 соле ки дар Маскав ба сар мебаред, чигуна дарёфтед? Тағйир ёфтааст?

Игор Черевченко: Бале, тағйир ёфтааст ва ба сӯи мусбат. Ман ҳамеша ва ба ҳама инро мегӯям, ки Тоҷикистон Ватани ман аст. Ин ки ин Ватани ман аст, ягон ҷои баҳс надорад. Ман ба инҷо чун ба хонаи худам меоям. На ба меҳмонӣ, балки ба хонаи худам!

XS
SM
MD
LG