Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон – сармураббии “Локомотив”


Игор Черевченко
Игор Черевченко

Игор Черевченко, бозигари пешини дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба мақоми сармурабии тими “Локомотив”-и Маскав баргузида шудааст. Ӯ фарзанди Геннадий Черевченко мебошад.

Игор Черевченко, собиқ бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Локомотив”-и Маскав шудааст. Черевченкои чиҳилсола, ки фарзанди марҳум Геннадий Черевченко – собиқ бозигари дастаи маъруфи “Помир”-и Тоҷикистон мебошад, дар ин мақом Леонид Кучукро иваз кардааст.

Черевченкои хурдӣ солҳои охир дар бошгоҳ (клуб)-и “Локомотив” ба унвони мутахассис кор мекард. Ӯ нахустин таҷрубаи бозигарияшро дар мактаби варзишии шаҳри Душанбе омӯхтааст. Баъди азҳампошии Иттиҳоди Шӯравӣ хонаводаи Черевченко ба Русия рафтанд ва ӯ ба футболбозияш дар ҳайати дастаҳои гуногуни ин кишвар идома дод.

Геннадий Черевченко, собиқ бозигари машҳури дастаи “Помир”-и Душанбе ва падари Игор, 18 марти соли ҷорӣ дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ 16 марти соли 1948 дар ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ба дунё омада, нахуст дар дастаи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа (соли 1967) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ мекард. Аз соли 1969 то соли 1986 дар дастаи «Помир»-и Душанбе бозӣ кардааст.

Вай дар «Помир» аз ҳама бештар - 563 бозӣ карда, 22 гол задааст. Ӯ соли 1996 мураббии дастаи «Обнинск»-и Русия буд. Баъдан дар бошгоҳи «Локомотив»-и Маскав ба ҳайси мураббӣ фаъолият дошт. Ӯ солҳои ахир мураббии дастаи навҷавонони «Локомотив-2» буд.

XS
SM
MD
LG