Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром бигузорад. САДО


Дар муколамае дар Душанбе намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ба ҳаққи мардум, аз ҷумла ҳуқуқи озодии баён эҳтиром бигузорад. Муколама дар бораи ҳуқуқи инсон дар байни ду тараф рӯзи 15-уми ноябр сурат гирифтааст.

Дар баёнияи расмии дафтари Иттиҳоди Аврупо, ки дар ин рӯз нашр шуд, омадааст, "Ҳукумати Тоҷикистон бояд дастрасӣ ба иттилоъ барои тамоми хабарнигоронро осон кунад ва дастрасии озод ба Интернет, вебсайтҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоиро барои тамоми шаҳрвандон фароҳам созад, чун ҳарду сутуни ҳуқуқи инсон ва рушди иқтисодӣ ҳастанд."

Дар муколамаи 11-уми ҳуқуқи инсон байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир ба аккредитатсия ва ё иҷозаи кор гирифтани 7 хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам суҳбат шудааст. Иттиҳоди Аврупо ба аккредитатсияи бақияи хабарнигорон таъкид кардааcт, то радио тавонад, озодона дар Тоҷикистон фаъолият кунад. Айни замон 11 корманди дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе мунтазири гирифтани аккредитатсия ҳастанд.

Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки Тоҷикистон баъди муколамаи моҳи октябри соли 2017 дар арсаи риояти ҳуқуқи инсон ба пешрафтҳое ноил шудааст. Аз ҷумла, дар самти пешгирӣ аз шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон ва ё зиндониён дар боздоштгоҳҳо. Дар баёния омадааст, Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои шиканҷаро сахттар кард ва ба ҷойи ҷарима аз 10 то 15 соли зиндон таъйин кард. Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки муҳим аст, то давлати Тоҷикистон қонунҳоро босамар иҷро кунад ва қазияҳои шиканҷа саривақт тафтиш шаванд ва онҳое, ки ҷабр дидаанд, ҷуброни муносиб бигиранд.

Аз Тоҷикистон хостанд, ба ҳаққи мардум эҳтиром гузорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим


Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз ташаббуси муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва созмони байналмилалии Пенал Реформ истиқбол кардааст, ки тасмим гирифтаанд, рӯзи 20-уми ноябр дар бораи ислоҳот дар зиндонҳои Тоҷикистон як нишаст баргузор кунанд. Дар зарфи камтар аз як сол дар кишвар дар натиҷаи ду ошӯб 50 зиндонӣ ба ҳалокат расиданд. Мақомот гуфтанд, ошӯбҳо кори дасти зиндониёни ифротӣ буд, ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки шароити бади зиндонҳо ва ё бадрафторӣ бо зиндониён метавонист, сабаби ошӯбҳо бошад.

Дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин омадааст, бо вуҷуди таҳаввулоти мусбат дар Тоҷикистон, фазо барои мурооти ҳуқуқи инсон тангтар мешавад, рақибони сиёсиро зиндонӣ мекунанд, аъзои хонаводаи онҳо ва вакилони дифоашонро озор медиҳанд.

Манзур аз ин зоҳиран, аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳастанд, ки теъдоде аз аъзои раёсаташ дар зиндонанд. Даҳҳо нафар аз аъзои ҳизб, ки дар хориҷ, бахусус дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, мақомоти интизомӣ хешовандонашонро дар дохил озору азият медиҳанд, то ба ин васила ба онҳо фишор биёранд, ки интиқоди сиёсатҳои ҳукуматро бас кунанд.

Тарафҳо дар муколама ҳамчунин ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайриҳукуматиро баррасӣ кардаанд ва Иттиҳоди Аврупо ба он таъкид кардааст, ки ин созмонҳо ба раванди таҳияи қонунҳо бештар ҷалб шаванд. Дар муколама мақомоти Тоҷикистонро барои тадбирҳои ахир ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии зану мард ситоиш карда ва айни замон гуфтаанд, талошҳо дар ин самт бояд бештар шавад.

Дар баёния ба таъйини ҷазои алоҳида барои хушунати хонаводагӣ таъкид шудааст ва Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки барои пешгирӣ аз ин зуҳурот 7 миллион евро ба Тоҷикистон кумак кардааст. Зӯроварӣ ба зан як кори маъмул дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва солона садҳо зан аз ҷабри шавҳар ва ё дигар аъзои хонавода худкушӣ мекунанд.

Дар муколама дар шаҳри Душанбе, ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Борис Ярошевич, раҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Идораи умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва ҳайати Тоҷикистонро Абдуҷаббор Сатторзода, раиси Шӯъбаи кафолати ҳуқуқи конститутсионии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарӣ кардаанд.

Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст ва айни замон аз кӯмакрасонҳои аслии кишвар ба ҳисоб меравад. То кунун иттиҳод барои иҷрои тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба кишвар садҳо миллион евро кӯмак кардааст. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз раҳбарони иттиҳод хостаанд, дар ивази кӯмаку дастгирии тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳукумат риояти ҳуқуқи инсон ва таҳкими демократияро талаб кунанд.

XS
SM
MD
LG