Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон дар Париж. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон дар Париж. 8-уми ноябри соли 2019
Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон дар Париж. 8-уми ноябри соли 2019

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, рӯзи 8-уми ноябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст. Хабаргузории "Ройтерс" навишт, ки дидори раҳбарони ду кишвар дар Қасри Елисейи Париж баргузор шуд.

Ҷониби Фаронса нагуфтааст, ки дар ин мулоқот чӣ мавзуъҳоро баррасӣ кардаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти раҳбарони ду кишвар панҷ санад, аз ҷумла созишнома дар бораи иртиботи ҳавоӣ ба имзо расид. Санадҳои дигар аз ёддошти тафоҳум иборат аст. Ба иттилои манбаъ, ду тараф "рушди ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энержӣ, авиатсияи гражданӣ ва кишоварзиро" баррасӣ кардаанд.

Барқарории субот дар Афғонистон ва мубориза бо терроризму қочоқи инсон ва аслиҳа бахши дигари суҳбатҳо будааст. Маълум нест, дар ин мулоқот оё масъалаи вазъи ҳуқуқи башару озодии матбуот ва шароити зиндонҳо дар Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст, ё не. Одатан хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон бахши расмии мулоқотро эълон мекунад, аммо аз баёни ҷузъиёти дигар худдорӣ меварзад.

Ин дар ҳолест, ки дар остонаи дидори раиси ҷумҳури Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмон, дастикам ду созмони муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуот аз Эммануел Макрон хостанд, ки ба масъалаи саркӯбу ҳабси мунтақидон, шиканҷа, маҳдудияти озодии баён ва маргумири боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон "чашм напӯшад".

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 6-уми ноябр бо нашри номае гуфт, мутмаинан Эмомалӣ Раҳмон аз Фаронса пуштибонии сиёсӣ ва иқтисодиро дархост хоҳад кард ва "Макрон бояд ба усули худ содиқ бошад ва раиси ҷумҳур Раҳмонро аз сиёсатҳои саркӯбгароёна огоҳ кунад".

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз ҳам дар номаи расмӣ аз раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Эммануел Макрон хост, дар ивази равобити хуб бо Тоҷикистон аз ин кишвар эҳтиром ба озодии матбуотро тақозо кунанд.

Ин созмон тасмими Макронро барои мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон "фурсати хуб" барои матраҳ кардани масъалаи озодии баён дар Тоҷикистон номидааст. Ба иттилои созмон, аз соли 2016 ба ин тараф беш аз 20 хабарнигор зери фишор Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Мулоқоти Эммануэл Макрон бо Эмомалӣ Раҳмон дар Париж
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Дар ҳамин ҳол, гуруҳе аз мухолифони тоҷик, бо шумули намояндагони "Паймони Миллӣ", ки дар Тоҷикистон бар асоси қарори додгоҳ мамнуъ ва ифротӣ эълон шудаанд, рӯзи 8-уми ноябр дар Париж таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд ва пазироии Фаронсаро аз президенти Тоҷикистон дар остонаи Инқилоби Кабири Фаронса "нанговар" номиданд. Онҳо озодии маҳбусони сиёсӣ, хатми шиканҷа дар зиндонҳо ва баргузории интихоботҳои озоду шаффофро талаб карданд.

Дар баёнияи мухолифон ибрози умед шудааст, ки Фаронса аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоҳад хост, "ба таъқибу фишори дигарандешон дар кишвар поён дода шавад ва аҳзоби сиёсӣ дар дохили кишвар озодона фаъолият кунанд ва ниёз ба паноҳ бурдан ба кишварҳои дигарро надошта бошанд."

Таҷаммӯи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар Париж. 8-уми ноябри соли 2019
Таҷаммӯи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар Париж. 8-уми ноябри соли 2019

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин талабҳо вокуниш накардаанд. Вале онҳо дар гузашта гуфта буданд, ки баъзе аз намояндагони мухолифин ва вакилони мудофеъ на барои фаъолиятҳои касбии худ, балки ба гуфтаи онҳо "чанд ҷиноят" маҳкум шудаанд. Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, фаъолони сиёсие, ки ба кишвар бармегарданд, мавриди афв қарор хоҳанд ёфт.

Бино ба хабари расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, шоми гузашта ҷамъе аз намояндагони "Гуруҳи 24", созмони дигари мамнуъ дар Тоҷикистон, дар назди макони баргузории мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорону сармоягузорони Фаронса бо муҳофизони раисиҷумҳури Тоҷикистон вориди муноқиша ва задухӯрд шудаанд. Ин моҷаро, ки бо муштзанӣ ва дашномҳои қабеҳ ҳамроҳ будааст, бо дахолати пулиси Фаронса поён ёфтааст. Дар наворе, ик мухолифин нашр карданд, занозанӣ дида намешавад, вале чанд нафар дар наздикии макони мулоқот бо нидоҳои "Раҳмонов -- диктатор!", "Озодӣ ба мардуми Тоҷикистон" бо маъмурони амниятӣ ва пулис рӯёрӯӣ кардаанд ва ба ин ҷо мошини "Ёрии фаврӣ" фиристода шудаст. Намояндагони бахши муҳофизати президенти Тоҷикистон воқеаро шарҳ надодаанд.

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо, ки рӯзи 4-уми ноябр аз Швейтсария оғоз шуда буд, то 12-уми ноябр идома хоҳад кард. Ӯ рӯзи ҳафтуми ноябр ба Фаронса рафт ва дар Париж бо роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва тоҷирону роҳбарони ширкатҳои азими Фаронса ҳам суҳбат дошт.

XS
SM
MD
LG