Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муколамаи ҳайати Тоҷикистон бо мухолифон дар Варшава. Ин дафъа муаддабона?


Бузургтарин нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи башар имсол ҳам маҳфиле барои як навъ табодули назар миёни мақомоти Тоҷикистон ва гуруҳе аз мухолифони давлат шуд.

Дар нахустин рӯзи нишаст ва зимни ҷаласаи ифтитоҳӣ Зариф Ализода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, нишастро маҳфили хубе барои табодули назар дар бораи риояти ҳуқуқи инсон номид.

Ӯ рӯзи 16-уми сентябр дар Варшава гуфт: "Тоҷикистон нисбат ба иҷрои тааҳудоти байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон масъулона амал мекунад. Кишвари мо ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ, қонунҳо дар бораи ҳуқуқи инсонро таҳким бахшида, тамоми санадҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар ин замина тасвиб кардааст."

Зариф Ализода афзуд, дар кишвар барои риояти ҳуқуқи инсон кори зиёде анҷом ёфт, барномаҳои мухталифе амалӣ шудаанд. Баёнияе, ки онро мухолифони давлат баъдан дар нишаст ситоиши беасос номиданд.

Ализода ваъда дод, ки ҳукумати Тоҷикистон дар оянда ҳам барномаҳоро барои риояти ҳуқуқи инсон қабул ва амалӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, Тоҷикистон тарафдори ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои риояти ҳуқуқи инсон аст, вале мехоҳад, "ҳамкорӣ на бо интиқоди яктарафа ва урён бошад, балки кишварҳои узв ба ҳамдигар дар масоили риояти ҳуқуқи инсон ва таҳкими он кумак расонанд."

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо борҳо аз Тоҷикистон хостааст, вазъи ҳуқуқи инсон ва бахусус озодии баёнро беҳтар кунад ва ба хабарнигорон иҷоза бидиҳад, ки нотарсида ва озодона корашонро анҷом диҳанд.

Ду соат баъд аз суханронии Зариф Ализода, Маҳмудҷон Файзраҳмон, намояндаи Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, як созмони ҳомии ҳуқуқи мустақар дар Лаҳистон гуфт, тасвире, ки дипломатҳо ва намояндагони расмии Тоҷикистон дар бораи вазъи озодии баён мекунанд, нишондиҳандаи воқеият нест.

Вай гуфт: “Тоҷикистон кишварест, ки фаъолон ва мардуми одӣ аз зер кардани тугмаи "лайк" дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, ё Одноклассники метарсанд, чун медонанд, ки оқибати ин корашон чӣ мешавад.” Ӯ қазияи Алиҷон Шарипов, як сокини ноҳияи Вахшро мисол овард, ки моҳи майи соли гузашта барои тамошо ва паҳн кардани сӯҳбатҳои Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба нӯҳуним соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳ Алиҷон Шариповро ба “даъват ба экстремизм, даъват барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” гунаҳкор донист. Маҳмудҷон Файзраҳмон аз намояндагони ҳайати расмии Тоҷикистон, ки дар нишаст ҳузур доштанд, пурсид, "чӣ гуна гузоштани лайк ҷиноят маҳcуб мешавад?" Ӯ ҳамчунин аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тақозо кард, ки аз давлати Тоҷикистон раҳоии Алиҷон Шарипов ва онҳоеро талаб кунад, ки барои, ба гуфтаи ӯ, “лайк” гузоштан ба зиндон андохта шудаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 созмони ифротгаро ва террористӣ номида, фаъолияташро манъ кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳизб яке аз тарҳрезони ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри он сол ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон аст. Раҳбарони ҳизб ин иддаоро беасос номида, гуфтаанд, ки дар ошӯб ҳеч нақш надоранд ва ҳукумати Тоҷикистон онро ба ҳайси баҳонае барои бастани як ҳизби мухолиф истифода бурдааст.

Дар идомаи баҳс дар бораи озодии баён, Темур Варқӣ, яке аз намояндагони Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи гуруҳе аз созмонҳои мухолифи давлат, вазъи озодии баён дар кишварро башиддат танқид кард. Ӯ гуфт, солҳои ахир саркӯби матбуоти мустақил дар Тоҷикистон шиддат гирифтааст ва мақомот талош доранд, садои матбуоти мустақилро хомӯш кунанд.

Варқӣ афзуд: "Корбаронро пайваста аз дастрасӣ ба Интернет ва саҳифаҳои хабарӣ маҳрум мекунанд ва аксари расонаҳо ба тавсифу таърифи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон машғул ҳастанд."

Ба дунболи суханрониҳои намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, Музаффар Ашӯриён, намояндаи ҳайати Тоҷикистон, иддаои Маҳмудҷон Файзраҳмонро беасос номида гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ касеро барои “лайк” гузоштан ва изҳори ақида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷазо намедиҳанд. Ӯ зоҳиран бо хитоб ба Маҳмудҷон Файзраҳмон гуфт, “хоҳиш мекунам, бо истифода аз ҳузуратон дар инҷо иттилои дурӯғ паҳн накунед."

Дар машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, намояндагони расмии кишварҳои узв ва ҳомиёни ҳуқуқ ҷамъ меоянд ва доир ба пешрафту мушкилоти ҳуқуқи инсон суҳбат мекунанд. Нишасти мазкур аз соли 2016 инҷониб барои Тоҷикистон баҳсбарангез шуд, чун баъди ҳузури гуруҳе аз тарафдорони мухолифони давлат ва баёнияҳои тунди онҳо дар бораи ҳукумати Тоҷикистон, ҳайати давлатӣ нишастро намоишкорона тарк кард.

Соли 2018 дар берун аз нишаст, баҳси мухолифон ва яке аз дипломатҳои тоҷик ба ҷанҷолу кашмакаш печид. Қарор аст, дар ҳошияи нишаст, дар бораи дигар мушкилоти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳам гуфтугуҳо сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG