Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо барномаи муолиҷаи иқтисоди осебдида аз СОVID-19-ро қабул кард


Педро Санчез, нахуствазири Испониё, Эманнуэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ҳангоми мутолиаи санадҳои барномаи кӯмакӣ.
Педро Санчез, нахуствазири Испониё, Эманнуэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ҳангоми мутолиаи санадҳои барномаи кӯмакӣ.

Дар рӯзи чаҳоруми баҳсу баррасиҳо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ниҳоят барои қабули як барнома ҷиҳати кӯмак ба иқтисоди осебдида аз пандемияи коронавирус бо арзиши 750 миллиард евро мувофиқат карданд.

Барнома барои ба маҷрои маъмулӣ баргардонидани иқтисоди кишварҳоест, ки аз пандемия сахт осеб дидаанд. Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи Брюссел ба мувофиқа расиданд, ки ба кишварҳои осебдида аз вирус кӯмакҳои молӣ ва қарзҳои боимтиёз пешниҳод мекунанд. Онҳо бо қабули қарори дигаре буҷаи Иттиҳоди Аврупоро барои ҳафт соли минбаъда дар ҳаҷми 1,1 триллион евро тасдиқ карданд.

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел созиши ҳосилшударо дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел ҳамчун «ҳаракат ба самти Аврупои қавӣ ситоиш кард» ва гуфт: «Мо барои қабули созиши эҳё ва буҷаи Аврупо ба мувофиқа расидем. Табиатан, ин музокираҳо мушкил буд, аврупоиҳо давраҳои сахтро пушти сар мекунанд. Вале ин ҷаласа барои ҳамаи 27 кишвари узв ва ба вижа, барои мардум бомуваффақият анҷом ёфт. Ин як созиши хуб аст, созиши қавӣ аст ва муҳимтар аз ҳама – барои Аврупо ин созиш дуруст аст.»

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ин қарорро «як рӯзи таърихӣ барои Аврупо» номид. Шарл Мишел, пештар аз ин изҳори боварӣ кард, ки мусолиҳаи 27 кишвар барои аз рукуд берун кашидани иқтисоди Аврупо, ки пандемия сабаби он шуд, мусоидат мекунад. Мишел, ки раҳбарии ҷаласаро ба ӯҳда дошт, ба раҳбарони Иттиҳоди Аврупо гуфт, дар давраи бӯҳрон нишон додани ягонагӣ масъулияти онҳо мебошад. Ин ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо, яке аз тӯлонитарин ҷаласа дар таърихи ин иттиҳод ба ҳисоб меравад.

Ҷаласаи дурӯза чаҳор рӯз давом кард

Ҷаласаи сарони аврупоӣ 17 июл оғоз ёфт ва қарор буд, ду рӯз идома кунад, вале баъдан ду бор тамдид шуд, чун тарафҳо доир ба барнома ихтилофоти назар доштанд. Чанде аз дипломатҳо гуфтанд, ки ниҳоят шоми 20-уми июл раҳбарони Иттиҳоди Аврупо тавонистанд, дар масъалаи калидӣ ва мавриди баҳс ба мувофиқа бирасанд.

Мувофиқи пешниҳоди Шарл Мишел ба кишварҳои осебдида барои бурунрафт аз бӯҳрон дар ҳаҷми 390 миллиард евро, на 360 миллиард еврои қаблан зикршуда қарз дода мешавад. Ин пулҳо қаблан ҳамчун кӯмаки молии бебозгашт пешниҳод шуда буданд, вале дар паи муомилаву созиши миёни Австрия, Ҳолланд, Дания ва Шветсия аз як сӯ ва Фаронса, Итолиё ва Испания – се кишвари сахт осебдида аз коронавирус ва ҳам Олмон аз тарафи дигар, тағйир дода шуданд.

Пешниҳоди Ҳолланд ин буд, ки кишварҳои аз роҳи ислоҳоти иқтисодӣ баргашта, дар дарёфти кӯмак посухи рад бигиранд, вале дипломатҳо гуфтанд, ки мехоҳанд, механизми назоратро ҷорӣ кунанд ва дар сурати камбудӣ, шарти семоҳаи бозбинии нишондодҳоро пеш гузоранд. Як садди дигаре, ки бардошта шуд, ба мухолифати Лаҳистону Маҷористон рабт дошт. Ин ду кишвар мухолиф буданд, ки маблағҳо бо шарти таъмини волоияти қонун дода шаванд, аз ҷумла мутобиқ кардани қонунҳо барои озодии баён ва мустақилияти додгоҳӣ.

Бар асоси ин нақша, дар сурати ақибнишинии кишваре аз арзишҳои демократӣ Кумиссиюни Аврупо ҳақ дорад, тадбирҳоеро барои ислоҳ пешниҳод кунад, ки дар сурати пуштибонии аксар кишварҳои узв татбиқ мешаванд. Аз ҳоло Венгрияву Полша бо ҷараёни ба номи “моддаи 7” рӯбарӯ ҳастанд, ки марбут ба мушкил дар вазъи озодии баён ва ҳам мустақилияти додгоҳӣ аст. Ин банд метавонад, кишвари узвро аз ҳаққи раъй дар иттиҳод маҳрум кунад.

Президенти Куммиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен гуфт, ки қисмати азими маблағҳо бо ризояти Порлумони Аврупо масраф мешавад ва буҷаи нав корро дар самти сабз ва мутобиқ ба меъёрҳои муҳитзистӣ ва ҳам рақамӣ шудани иқтисод таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG