Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ВАО гузориши нақзи меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигориро рӯнамоӣ кард. ВИДЕО


Як мониторинги Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон нишон додааст, ки расонаҳо аз ҳама бештар меъёри ҷудо будани эҷод аз тиҷорату реклама ва асардуздиро поймол кардаанд. Мониторинги семоҳаи ин ниҳод ҳудуди 50 расонаро дар бар гирифтааст.

Зеваршоҳи Муҳаммад, дабири кулли ин созмони хабарнигорӣ, рӯзи 8-уми октябр ҳангоми муаррифии мониторинг гуфт, тайи моҳҳои июн, июл ва августи имсол аз ҷониби расонаҳо дар Тоҷикистон "159 бор меъёри ахлоқи журналистӣ нақз шудааст".

Тибқи талаботи меъёрҳои касбии рӯзноманигорӣ, интишори маводи хусусияти реклама ва ё тиҷоратидошта ҳамчун маводи журналистӣ манъ аст.

Шӯрои ВАО гузориши нақзи меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигориро рӯнамоӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00

Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО яке аз омилҳои асосии ба тиҷорат ва ё рекламаи пинҳонӣ рӯ овардани расонаҳоро вазъи бади молии онҳо арзёбӣ кард. Вай гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки вазъи расонаҳо аз нигоҳи молӣ хуб нест, масъулони расонаҳо маҷбур мешаванд даст ба рекламаи пинҳонӣ зананд.

Дар ҳамин ҳол, Иршод Сулаймонӣ, узви раёсати Шӯрои ВАО гуфт, нақзи меъёри ҷудо будани эҷод аз тиҷорату реклама дар чанд соли ахир рӯ ба зиёдшавӣ дорад ва расонаҳо набояд бо далели бад будани вазъи молӣ ба чунин кор даст зананд. Сулаймонӣ таъкид намуд, ки "нақзи ин меъёр на танҳо ахлоқӣ, балки ҷиноят аст ва ин як нанги журналистикаи тоҷик мебошад".

"Ин ҷо мавзӯъ фақат омили иқтисодӣ нест, нақзи чунин меъёр ба як фоҷеаи ҷомеаи журналистии Тоҷикистон табдил шудааст, ин дорад ба як нормаи умумиэътирофшудаи журналистии мо табдил мешавад. Журналистикаи тоҷик ба сӯи як фазои носолим меравад, яъне рафтан аз як кас пул гирифтан, ғайриқонунӣ онро вориди муҳосиботи идора накардан ва аз вай андоз намесупореду ба хонанда намегӯед, ки ин маводи тиҷоратӣ аст, ин раванд бисёр бад аст. Ин дар аксар расонаҳои мо вуҷуд дорад ва ин ба ҳамкасбоне, ки поквиҷдонона кор мекунанд, сахт мерасад", -- гуфт ӯ.

Ба назари Иршод Сулаймонӣ, дар кишварҳои дигар аз расонаҳо барои он метарсанд, ки танқид мекунанд, аммо феълан дар Тоҷикистон як раванде пайдо шудааст, ки аз журналистон безорӣ меҷӯянд, ки барои пул меоянд.

Дар робита ба масъалаи нақзи меъёри асардуздӣ ва ё плагиат бештар сари он баҳс шуд, ки дар ҳолатҳои зиёде расонаҳои маҳаллӣ бидуни зикри манбаъ аз Радиои Озодӣ матолибро гирифта, дар саҳифаҳои худ нашр мекунанд, ки ин мухолиф ба меъёрҳои касбии рӯзноманигорӣ аст.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси пешини Шӯрои ВАО ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, якмоҳа матолиби нашрияҳои маҳаллӣ ва Радиои Озодиро муқоиса намудааст, ки тамоюли бе истинод нашр кардани матлабҳои Радиои Озодӣ дар дигар расонаҳо афзудааст.

"Чархи Гардун" бисёр вақт айнан мегирад, "Имруз-news" ҷумлаи аввалро аз номи редаксия тағйир медиҳаду идомааш матлаби Озодиро айнан меорад, дар нашрияҳои "Фараж"-у "Тоҷикистон" мӯҳтавои матлабро аз маводи Озодӣ мегиранду каме коркард карда, ҷумлаву сархатҳоро каме тағйиру дода, пешниҳод мекунанд, ки ба назари мо ин тамоюл бад аст", -- гуфт Қироншоҳ Шарифзода.

Далели даст ба асардуздӣ заданро бархе аз ширкатдорони нишаст коҳиши зарфияти кадрии расонаҳо, танбалии худи хабарнигорон ва ҳамчунин вазъи ногувори молии нашрияҳо арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, расонаҳо барои гирифтани коргар дасткӯтоҳанду аз дигар манбаъҳо маводи омодаро ба аудиторияи худ пешниҳод мекунанд. Аз сӯйи дигар Радиои Озодӣ ин иҷозаро ба расонаҳо додааст, ки маводеро ба воситаи Бахши Хабарии Осиёи Марказӣ дарёфт мекунанд, бе зикри нахустманбаъ истифода намоянд.

Дар нишасти рӯзи сешанбе ҳеҷ яке аз соҳибрасонаҳо ҳузур надоштанд, вале масъулони Шӯрои ВАО гуфтанд, соҳибрасонаҳоро аз нақзи меъёрҳои журналистӣ, ки дар пай гузаронидани мониторинг ошкор гардид, дар ҷараён гузоштаанд. Маъмулан расонаҳо ба чунин гузоришҳо баъдан дар сафҳаҳои хеш посух медиҳанд.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, бар пояи ин мониторинг аз ҳама бештар меъёрҳои ахлоқи журналистӣ аз сӯи ҳафтаномаи СССР - 19 бор, "Фараж" ва "Самак" 18-борӣ, "Оила" 16 бор нақз шудааст. Ба қавли раҳбарияти Шӯрои ВАО, натиҷаи мониторинг нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат вайрон намудани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ миёни расонаҳо хеле зиёд аст.

Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ низ пайгирӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG