Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Теҳрон бо мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии исломии Эрон мулоқот мекунад. Он тавр, ки дафтари раёсати ҷумҳури Туркия хабар дод, Раҷаб Таййиб Эрдуғон имрӯз, чаҳоршанбеи 4-уми октябр бо даъвати ҳамтои эронии худ Ҳасани Рӯҳонӣ ба Теҳрон меравад ва бо раҳбари Ҷумҳурии исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ мулоқот мекунад.
Дафтари раёсати ҷумҳури Туркия дар баёнияе гуфтааст, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Теҳрон бо мақомҳои баландпояи Эрон дар бораи робитаҳои дутарафа, масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ба таври мушаххас ҳодисаҳои Ироқ ва Сурия, гуфтугӯ мекунад. Ҳасани Рӯҳонӣ ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳамчунин раёсати чаҳорумин нишасти ҳайати олии Шӯрои ҳамкории ду кишварро низ бар ӯҳда хоҳад дошт.
Ҳамапурсии истиқлоли Курдистони Ироқ бо мухолифати сахти Теҳрон ва Анқара рӯбарӯ шудааст ва ду тараф қаблан ва баъди он, даст ба тамринҳо ва размоишҳои муштараки низомӣ бо нерӯҳои ироқӣ дар марзҳои муштарак заданд.
Сафари Эрдуғон ба Эрон ду рӯз пас аз сафари раиси Ситоди муштараки артиши Туркия ба Теҳрон сурат мегирад. Дар пайи дидорҳои анҷомшуда, раиси Ситоди кулли нерӯҳи Эрон ба "мавзеи муштарак ва яксон"-и Эрон ва Туркия дар бораи ҳамапурсии Курдистони Ироқ таъкид кард ва гуфт, ин ду кишвар ин ҳамапурсиро қабул надоранд.
Ҳамапурсии истиқлоли Курдистони Ироқ бо мухолифати сахти Теҳрон ва Анқара рӯбарӯ шудааст ва ду тараф қаблан ва баъди он, даст ба тамринҳо ва размоишҳои муштараки низомӣ бо нерӯҳои ироқӣ дар марзҳои муштарак заданд. Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи сешанбеи 3-юми октябр таҳдид кард, ки дар сурати пофишории курдҳои Ироқ барои касби истиқлол, таҳримҳо алайҳи ин минтақаро афзоиш хоҳад дод.
Рӯзномаи "Сабоҳ" чопи Туркия мегӯяд, ҳамоҳангӣ миёни Теҳрон, Анқара ва ҳукумати марказии Ироқ дар пайи ҳамапурсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ ва "нигаронӣ дар бораи афзоиши бесуботӣ ё мушкилоте, ки мумкин аст гиребонгири набард бо ДИИШ шавад", афзоиш ёфтааст.
Муҳаммадбоқир Навбахт, сухангӯи ҳукумати Эрон рӯзи сешанбеи 3-юми октябр ба хабарнигорон гуфта буд, "ҳар кишваре дар бораи амнияти худ мушкилоте дорад. Мо ва Туркия дар мубориза бо терроризм чунин мушкилотро дорем. Баҳси мубориза бо терроризм масъалаи фароминтақаӣ аст."
Дар солҳои гузашта робитаҳои Эрон ва Туркия дар пайи бӯҳрони Сурия, ба таниш рӯбарӯ шуд. Барои мисол, ҳудуди чаҳор сол пеш як мақоми вазорати умури хориҷии Эрон Туркияро муттаҳам карда буд, ки бо пофишорӣ ба барканории Башор Асад ва ҳимоят аз "гурӯҳҳои террористӣ", бӯҳрони Сурияро давомдор кардааст. Ё як сол баъд аз он, Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфта буд, "Эрон мехоҳад ҷои ДИИШ-ро бигирад ва бояд нерӯҳои мавриди ҳимояи он Яман ва Сурияву Ироқ хориҷ шаванд."
Аммо сухангӯи ҳукумати Эрон рӯзи сешанбеи 3-юми октябр гуфт, ки робитаҳои миёни ду кишвар аз соли гузашта беҳтар шудааст ва "бахше аз хоки Ироқ дар ишғоли террористҳо аст ва Эрон ва Туркия бояд ҳамкорӣ кунанд."
Рӯзномаи "Сабоҳ" мегӯяд, интизор меравад президентҳои Эрон ва Туркия дар бораи нишасти Остона низ гуфтугӯ кунанд. Эрон, Туркия ва низ Русия дар пойтахти Қазоқистон гуфтугӯҳоеро ба ҳадафи сулҳ дар Сурия роҳандозӣ кардаанд. Эрон ва Русия аз муҳимтарин пуштибонҳои режими Башор Асад ҳастанд, вале Туркия аз мухолифони ӯ ҳимоят мекунад.
Кишварҳои ғарбӣ, ба хусус аврупоӣ дар ин гуфтугӯҳо нақше надоранд. Намояндае аз Амрико ба унвони нозир дар он ҳузур дорад. Қаблан раиси ҷумҳури Фаронса як тарҳеро барои сулҳи Сурия пешниҳод кард, ки ҳадафи ниҳоии он, бозгашт ба музокироти Женева бо раҳбарии СММ буд.
Чаро гурусна чизе бихӯрад, сер мешавад, аммо сер ҳарчӣ бихӯрад сер намешавад? Оё рӯдаҳои сер даридааст? Ё бидуни рӯда таваллӯд шудааст?
Россия бояд 100-соли оянда ба Украина ҷубронпулӣ пардохт намуда, тамоми заминҳои ишғолкардаашро ба Украина баргардонад. Раҷаб Тайиб Эрдоған лӯлаи туркии гази Россияро пурра ба нафъи худ истифода мебарад. Туркия аз соҳилҳои баҳрии худ газ истихроҷ намуда, ба Аврупо мефурӯшад. Таҳримҳо зидди “газпром” ва “роснефт” ба сулолаи Путин нуқта мегузорад. Туркия раиси Қафқоз хоҳад шуд. Навалний аз маҳбас озод шуда, Президенти Россия интихоб мешавад. Тоҷикон аз қаламрави Россия ба Ватани худ “пеш” карда шуда, пойгоҳи низомии 201-уми рус дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд. Сафорати Россия аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Лахш интиқол дода мешавад. “Россотрудничество” агенти хориҷӣ эътироф карда мешавад ва фаоълияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда мешавад. Шаҳрвандони дорои шиносномаи русӣ ба хиёнат ба давлат айбдор карда шуда, ба корҳои ислоҳӣ дар сохтмонҳои иншооти давлатӣ бепардохти музд сафарбар карда шаванд. Корҳои зиёде ҳаст, ки баъди шикасти пурраи Путин бояд анҷом диҳем.
Барои мо хам як Жапаров ва Ташиеви точик даркор то амалиёти мисли кони Кумтор гузаронанд.
Мешудаст, ку. Фақат завқ доштан лозим, Завқ. Бояд дигар корхонаҳои дигар низ аз Васт Ресорсес таҷриба ва ибрат гирифта, дар муддати кӯтоҳ амин ба ин гуна дастовардҳо ноил шаванд.
Ки гузорад? Хукумати оилави е давлатхои хоричи, ки си сол кумак аз онхо мепурсем?