Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: "Русия боз ҳам ҳарими ҳавоии Туркияро вайрон кард"


Туркия мегӯяд, ки як ҳавопаймои ҷангии Русия боз ҳам ҳарими ҳавоии он кишварро нақз кардааст. Аммо Русия ин иддаои Анқараро таблиғоти бепоя хондааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи шанбе ҳушдор додааст, ки агар Русия ҳамчунон ба нақзи ҳарими ҳавоии кишвараш идома диҳад, маҷбур хоҳад шуд то паёмадҳои онро бипазирад.

Қабл аз ин изҳороти Раҷаб Таййиб Эрдуғон, вазорати умури хориҷии Туркия гуфт, пас аз он, ки як ҳавопаймои ҷангии Русия ҳарими ҳавои Туркияро дар рӯзи ҷумъаи 29-уми январ вайрон кард, сафири Русия дар Анқараро фаро хондааст.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Туркия гуфта мешавад, ки бо вуҷуди чандин ҳушдор бо забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳавопаймои ҷангии SU-34 вориди ҳарими ҳавоии Туркия шудааст. Дар баёния омадааст, ки Анқара ин амалро ба шиддат маҳкум мекунад.

Дар ҳамин ҳол НАТО аз Русия хостааст, ки "масъулона амал кунад ва ба ҳарими ҳавои НАТО эҳтиром бигузорад." Ҷенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи шанбе тайи як баёния гуфт, ки "Русия бояд бо гирифтани ҳама чораҳои лозим, аз рух додани чунин нақзи ҳарими ҳавоӣ дар оянда ҷилавгирӣ кунад". Дар баёния омадааст, ки НАТО дар паҳлӯи Туркия хоҳад буд.

Аммо вазорати дифои Русия гуфтааст, ки ҳеҷ ҳавопаймои ҷангии Русия дар Сурия ҳарими ҳавоии Туркияро нақз накардааст.

Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт.

Аммо Русия пойфишорӣ дорад, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва аз ин рӯ Туркия бояд гунаҳро ба гардан бигирад ва узрхоҳӣ кунад. Раисиҷумҳур ва нахуствазири Туркия чанд бор изҳор намуданд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгинанд ва аммо Анкара узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд. Дар посух ба иқдоми Туркия, Русия таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркия ҷорӣ кард

Русия аз 1 январ воридоти маҳсулот аз гӯшти мурғ ва мурғи марҷон, гулҳои мехчагул, помидору томат, пиёз, карам, брокколи ва бодиринг, афлесун, мандарин ва анвоъи дигари меваҳои ситрусӣ, ангур, себ, нок, шафтолу, зардолу, олу, меваҳои ҷангаливу заминӣ, аз ҷумла, қулфиной ва ҳатто намакро аз Туркия манъ кард.

XS
SM
MD
LG