Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон барои иштирок дар аввалин Бозиҳои аврупоӣ ба Боку рафт


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайат, ки Рустами Эмомалӣ низ шомили он мебошад, барои иштирок дар маросими ифтитоҳи аввалин бозиҳои аврупоӣ ба Озарбойҷон рафт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 12 июн барои иштирок дар маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои аврупоӣ ба пойтахти Озарбойҷон – Боку – рафт. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯянд, дар ин сафар оқои Раҳмонро ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Федератсияи футбол Рустами Эмомалӣ ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев ҳамроҳӣ доранд.

Ба барномаи аввалин Бозиҳои аврупоӣ дар Боку, ки то 28 июн идома мекунад, 20 намуди варзиш, аз он ҷумла 16 намуди олимпӣ, ба мисли бадминтон, бокс, варзиши сабук, волейбол, камонварӣ, қаиқронӣ дар

байдарка ва каноэ, шамшербозӣ, ҳандбол, дзюдо, таэквондо ВТФ, тирпарронӣ, тенниси рӯи миз, шиноварӣ, тӯббозӣ дар обдохиланд. Беш аз 6 ҳазор варзишгар аз 50 кишвари қораи Аврупо барои 253 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Азбаски Тоҷикистон ба қораи Аврупо дохил намешавад, бинобар ин варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо ширкат намеварзанд.

Бояд гуфт, аз рӯи 11 намуд (велосипедронӣ, камонварӣ, варзиши сабук, бокс, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таэквондо ВТФ, триатлон, волейболи соҳилӣ, дзюдо ва тирпарронӣ) варзишгарон, инчунин, барои роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 мубориза мебаранд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи аввалин Бозиҳои аврупоӣ дар пойтахти Озарбойҷон шоми ҷумъаи 12 июн баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG