Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон: Куштори Комилҷон ҷанбаи нажодпарастӣ надорад


 Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод

Намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод, мегӯяд, “ин куштор на аз ҷониби миллатгароҳои рус, балки аз ҷониби ҳамнишинони Комилҷон рух додааст.”

Намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Муҳаммади Эгамзод, мегӯяд, кушторе, ки гуфта мешуд, аз тарафи миллатгароҳои рус бо буридани сари муҳоҷири тоҷик Комилҷон Ҳамдамов анҷом шудааст, на аз тарафи нажодпарастон, балки аз ҷониби ҳамнишинони худи ӯ ба амал омадааст.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки Улуғбек Ҳамдамов, бародари Комилҷон Ҳамдамов дар бораи ҷасади ӯ гуфта буд, «сараш бурида буд, ангуштонаш, рагҳояшро ҳама бурида буданд."

Бино бар маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, Комилҷон Ҳамдамови 39-соларо рӯзи 3 май се ноболиғи сокини шаҳри Королёви вилояти Маскав аввал бо оҳан ба сараш зада, аз пой афтодаанд ва сипас латукӯб кардаву ба баданаш бо корд ва винттобак (отвертка) задаанд.

Ҷаноби Эгамзод мегӯяд: "Ин ҳодиса ҷанбаи нажодпарастӣ надорад, зеро ин ҳодиса дар сари дастархон дар ҳолати майнушӣ рух додааст. Ин сархушие, ки шабона буд ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон оварда расондааст. Иттилои бурида шудани сари шаҳрванди Тоҷикистон аслан ҳақиқат надорад зеро тафтишот маълум кардааст ки яке аз ҳамқадаҳҳои Комилҷон ба винтобак (отвертка) куштааст, пас чанд корд ба ӯ задааст. Иттилои онки гӯё бародари марҳумро дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия қабул накарда бошанд аслан тӯҳмати маҳз аст, зеро ягон нафар дар робита ба ин ҳодиса ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат накардааст," -- мегӯяд Муҳаммади Эгамзод.

Ба маълумоти расмӣ, Комилҷон Ҳамдамов, сокини 39-солаи шаҳри Турсунзода 3-уми май аз ҷониби се ноболиғи сокини шаҳри Королёви вилояти Маскав аввал бо оҳан ба сараш зада, аз пой афтодаанд ва сипас латукӯб кардаву ба баданаш бо корд ва винттобак (отвертка) задаанд.

Хабари қатли ваҳшиёнаи бародарашро ба Улуғбек Ҳамдамов корманди пулис расондааст: "Рӯзи 4 май буд, ки телефони ман занг зад. Як нафар бо забони русӣ худро ходими милиса муаррифӣ кард ва гуфт, ки шумо бояд барои бурдани бародаратон биёед. Гуфтам, «чӣ гап шуд?», гуфт, «ӯ дар ҳолати мастӣ аст ва ҳатман як хешаш бояд омада ӯро барад. Аммо бидонед, ки вазъият хеле ҷиддӣ аст». Ман баъд фаҳмидам, ки ин одам намехост, маро аз пой афтонад ва ин хабари бадро ба ҳамин шакл ба ман расонд. Вале баъд аз соате як ҳамватани мо занг заду гуфт, «Улуғбек, сабур бош. Комилҷонро куштанд.»

Бародарон Ҳамдамовҳо аз ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон ба Русия барои кор омада буданд. Комилҷон бори охир барои кор ба Русия соли 2012 омада буд ва моҳҳои охир бо боркашониву часпонидани реклама пул кор мекард. Бародарон бори охир ҳамдигарро рӯзи 24 апрел дида буданд. Пеш аз маргаш Комилҷон ба модараш дар Регар 500 доллар пул фиристодааст. Вай оиладор набуд ва, ба гуфтаи Улуғбек, сабабаш ҳам танҳо «камбағалӣ» буд. Ба саволи ин ки чаро ин ду бародар дар як ҷо кору зиндагӣ намекарданд, гуфт, дар Подолск ӯ дар хонаи як марди русе бо корҳои боғбонӣ машғул аст ва дар ҳамин хона ҳам дар ҳуҷрае шабро рӯз мекунад. Ба гуфтааш, шароити кору зиндагии ӯ танҳо барои як нафар пешбинӣ шудааст.

Бино бар маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, се гумонбари қатл, сокинони шаҳри Королёви вилояти Маскавро боздошт шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, бо Кумитаи тафтишоти Русия ва Вазорати умури дохилии ин кишвар дар тамос буда, таҳқиқи қазияро зери назорати қатъӣ қарор хоҳад кард. Ин манбаъ рӯзи 11 май низ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "то ҳол далеле дар даст нест, ки ин куштор бо ангезаҳои сиёсӣ ба вуқӯъ пайвастааст."

XS
SM
MD
LG