Хабари лағви лимити барқ ва он ҳам алакай аз оғози баҳор аз ҳама бештар занҳои тоҷикро хушҳол кард, ки мегӯянд, дар арафаи таҷлили Рӯзи модарон ҳадди аққал аз бӯйи дуди тапак халос шудаанд. Мадинаи Холназар, сокини 24-солаи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ду рӯз боз 24 соат нерӯи барқ мегиранд ва ин кору нигоҳубини кӯдаки яксолаашро осон кардааст. Мадина мегӯяд: «Давоми чанд рӯзи сардиҳои моҳи феврал аз набудани барқу аловӣ маҷбур шудам туфлиҳои арӯсиям, баъзе либосҳое, ки кӯҳнатар шуда буд, алов карда, хонаро барои кӯдакам гарм кунам. Акнун дигар ҳам пойпӯшҳои кӯҳна ва ҳам либосҳо, ки тамом шуданд намедонистем, чӣ кор кунем.»
Аммо мумкин аст, хушҳолии Мадинаи Холназар дер давом накунад, зеро ҳукумати Тоҷикистон расман маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро аз байн набардоштааст. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: «Лимит ҳоло барҳам нахӯрдааст. Мо танҳо дар доираи имконият барқ дода истодаем. Агар ҳаво сард шавад, боз лимит оғоз мегардад.»
Гармтар шудани ҳаво дар Тоҷикистон ва боло рафтани сатҳи рӯдхонаҳо ба мақомоти кишвар имкон додааст, тавлиди нерӯи барқ ва ҳамингуна тавзеъи он ба хонаҳои мардумро зиёдтар кунанд. Ҳанифа Муродова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ Худоро шукр гуфт, ки ҳавои гарм омад ва ба шарофати он лимит ҳам зудтар аз байн рафт. Захираҳои ҳезуми Ҳанифа Муродова дар арафаи анҷомёбӣ буд ва ӯ мегӯяд, лағви ҳатто муваққати лимити барқ аз ин нигоҳ барояшон армуғони хубест: «Наздики ду ҳафта мешавад, ки танҳо субҳ ва шабона алов мекардем. Он ҳам ғӯзапоя ва тапакҳои аз чанд соли пеш мондаро.»
Ҳанифа Муродова ва ҳамсӯҳбатони дигари мо аз Худо мехоҳанд, ки дигарбора ҳаво сард нашавад, зеро дар ин сурат лимиту торикиву сарсонӣ бармегардад.
Дар Тоҷикистон бештар аз як даҳсола аст, ки ба далели нокофӣ будани тавлиди нерӯи барқ, бисёре аз мардум тақрибан ним сол, яъне аз тирамоҳ то нимаҳои баҳор нерӯи барқи кофӣ намегиранд. Ин кишвар дар фасли зимистон тақрибан 3,5 – 4 миллиард киловатт- соат камбуди нирӯи барқ дорад. Лимити барқ дар айни фасли сармо дар рӯз ҳамагӣ чанд соатро ташкил дода, баъзан мардуми русто то чанд рӯз комилан бебарқ ҳам мемонданд.
Кор то ҳадде расид, ки мардум бо шӯхӣ Тоҷикистонро Торикистон меноманд. Ҳукумати Тоҷикистон солҳост, ки мегӯяд, таъмини истиқлолияти энержӣ ва халос шудан аз камбуди нерӯи барқ аз авлавиятҳои кораш аст, аммо то кунун натавонистааст, ин ваъдаи худро иҷро кунад.
Соли гузашта бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон лимити барқ рӯзи 7 март, дуруст дар арафаи иди занон лағв шуд. Вале он замон бисёриҳо ин иқдомро як гашти пешазинтихоботии оқои Раҳмон номиданд, ки дар тирамоҳи соли 2013 интихобот дошт. Аммо имсол кам касе умедвор буд, ки лимити барқ алакай дар оғози фасли баҳор аз байн меравад. Ҳадди ақал ба сурати муваққат.