Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 муттаҳам дар пайравӣ аз "Салафия". Гумонбарон бо иттиҳом розӣ нестанд


Даромадгоҳи додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғди Тоҷикистон
Даромадгоҳи додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғди Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парвандаи 18 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракати “Салафия”, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, шурӯъ кардааст.

Худи гумонбарону наздиконашон бо ин иттиҳом розӣ нестанд. Муҳокимаи парванда паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд ва бидуни ширкати хешовандон ва хабарнигорон мегузарад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони бахши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурӯҳи 18-нафарии сокинони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба иттиҳоми ширкат дар гурӯҳи ҷиноятӣ боздошт карданд. Ахиран муҳокимаи додгоҳии парвандаи ин афрод таҳти баррасии Фирӯза Ғайбуллозода, судяи додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд шурӯъ шудааст.

"Ҳатто намедонанд ки ин чӣ созмон аст"

Модарони гумонбарон, ки рӯзи 10-уми июн барои ироаи шикоят аз боздошт ва навҳаи муҳокимаи фарзандонашон ба мақомоти олии кишвар ба Душанбе омаданд, мегӯянд, иттиҳоми зидди фарзандонашон асос надорад. Чанде аз ин модарон ҳамзамон ба Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва узви Эътилофи зидди шиканҷа аз бархурди ғайриқонунии маъмурони пулис баъд аз боздошти фарзандонашон ҳам шикоят кардаанд.

Ойниҳол Бобоназарова баъди ошноӣ бо шикояти гумонбарон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн гуфт:

“Ба ман, ба унвони ҳомии ҳуқуқи инсон якчанд хешовандони боздоштшудаҳои гурӯҳи 18-нафарӣ муроҷиат карданд. Дар шикояти худ унвонии роҳбарони кишвар онҳо мегӯянд, ки наздикони боздоштшудаашон, ки ба пайравӣ аз “Салафия” айбдор мешаванд, ҳатто намедонанд ки ин чӣ созмон аст. Ҳамчунин, як нафар аз айбдоршавандаҳо дар муҳокимаи додгоҳӣ гуфтааст, ки баъд аз боздошт таҳти шиканҷа ба айби пешниҳодшуда иқрор шудааст”.

Ойниҳол Бобоназарова, ки раҳбарии созмони ҳимояи инсони “Перспектива+”-ро ба ӯҳда дорад, аз қавли наздикони боздоштшудаҳо мегӯяд, вакилони дифоъ танҳо баъд аз панҷ рӯзи боздошт тавонистаанд бо зерҳимояҳои худ дидор бикунанд. Ин яке аз ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон ба ҳангоми боздошт ба ҳисоб меравад. Бобоназарова мегӯяд:

“Ин як таҷрибаи маъмулӣ аст, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ нахуст боздоштшуда шиканҷа шуд, баёноти иқроршавиашон гирифта мешавад ва сипас ба вакилони дифоъ иҷозаи дидор бо муваккилашонро медиҳанд”.

Мавзӯи шиканҷа ва азияти боздоштшуда яке аз мушкилоти доғи низоми адлияи Тоҷикистон буда, ҳамеша мавриди интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аст.

Як манбаи ошно бо раванди муҳокимаи додгоҳии ин гурӯҳи айбдоршавандаҳо дар пайравӣ ба ҳаракати “Салафия” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки ҳеҷ рабте ба ин созмон надоранд ва пайрави ин ҳаракати мамнӯи динӣ набуданд ва таҳти шиканҷа ба “гуноҳи худ” иқрор шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи боздоштшудаҳо намояндаҳои касбу кори гуногун ҳастанд. Як нафар аз онҳо маъюби гурӯҳи якум аст ва ҳамарӯза наздиконаш ӯро болои замбаре вориди толори додгоҳ мекунанд. Ба ин нафар берун рафтан аз маҳалли зист манъ шудааст, ҳарчанд, ин шахс имкони ҳаракат карданро ҳам надорад.

Айбдоршавандаи дигар Музаффар Раҳимов мебошад, ки дар гузашта дар як ниҳоди давлатӣ кор карда, феълан коргоҳи таъмири телефонҳои ҳамроҳро таъсис додааст. Ин айбдоршаванда узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ будааст.

Дарёфти иттилои воқеӣ дар бораи ин ки оё дар парванда мушаххасан дар бораи чӣ гуна вайрон шудани қонун ва дар кадом ҳолат ба даст омадани далели содир шудани ҷиноят чӣ гуфта шудааст, феълан имкон надорад. Инчунин маълум нест, ки оё дар ҷараёни муҳокимаи судӣ худи гумонбаршудаҳо барои бегуноҳии худ чӣ далел пеш меоранд.

Соли 2005 мақомот дар Тоҷикистон мазҳаби “Салафия”-ро аз ҷумлаи омилҳои хатарзо барои амнияти миллии кишвар унвон карда Додгоҳи олии Тоҷикистон бо як қарори худ чор сол баъдаш онро ғайриқонунӣ ва мамнӯъ эълон кард.

Баъд аз ворид шудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ пайравони ин ҳаракат ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ мешаванд.

На ҳамеша чунин буд

Вале чунин муносибат дар миёни мақомдорони тоҷик на ҳамеша вуҷуд доштааст ва бархе мақомоти баландпоя дар ин замина ошкор изҳори назар кардаанд. Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили дин дар Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки соли 2007 вазири вақти корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо нашрияи “Красная звезда” безарар будани пайравони “Салафия”-ро таъкид карда буд:

“Вай гуфта буд, ки салафиҳо зараре надоранд ва мо бояд бо Арабистони Саудӣ робитаҳои хубе дошта бошем. Ҳоло бубунед, ки пайравони “Салафия” бо ҳар роҳе талош доранд вориди долонҳои ҳукуматӣ шаванд”.

Дар Тоҷикистон мазҳаби ҳанафия тақрибан ҷойгоҳи давлатӣ дорад ва то соли 2021 18 созмон террористиву ифротгаро ва мамнуъ эълон шудаанд. Ин феҳраст "Ал-Қоида", ДОИШ-у Толибон, “Ҷамоати Таблиғ”, Салафия, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гуруҳи 24-ро дар бар мегирад ва бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа ба поён мерасад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.

Кумисюни озодиҳои байналмилалии динии ИМА дар гузоришҳои худ таъкид мекунад, ки ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон намегузорад, ки шахсони эътиқодманд аз ҳуқуқи худ барои озодии дин баҳра баранд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки "ақаллиятҳои мазҳабии тамоми адён зери фишор буданд ва бахусус пайравони ҷараёни Салафия, ки дар Тоҷикистон як ҷараёни ифротӣ ва мамнӯъ эълон шудааст."

XS
SM
MD
LG