Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эшони Сироҷиддинро ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардаанд


Эшони Сироҷиддин моҳи январи соли 2010 низ ба зиндон маҳкум шуда буд
Эшони Сироҷиддин моҳи январи соли 2010 низ ба зиндон маҳкум шуда буд

Сироҷиддин Абдураҳмонов (Эшони Сироҷиддин), аз руҳониёни тоҷикро ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардаанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ҳукми Эшони Сироҷиддин рӯзи 12-уми феврали имсол дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ эълон шуд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар додгоҳ гуфт, руҳонии шинохтаро ба "ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ гунаҳкор донистанд", аммо тафсилот надод. "Азия-Плюс" бо такя ба қавли манобеаш мегӯяд, Эшони Сироҷиддинро барои таблиғи ҷараёни Салафия "гунаҳкор донистанд". Фаъолияти ин ҷараёни мазҳабӣ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнуъ аст.

"Хулосаи ташхиси динӣ нишон додааст, матолибе, ки Эшони Сироҷиддин дар шабакаи Ютуб мекорид, хусусияти ифротгароӣ дошт", -- навишт хабаргузорӣ аз қавли ҳамсуҳбатонаш.

Эшони Сироҷиддин, ки моҳҳои охир дар саҳифаи "Садои умед" дар шабакаи Ютуб ба пурсишҳои динӣ посух медод, моҳи ноябри соли 2020 дастгир шуд, вале бо гузашти се моҳ мақомот дар бораи ӯ ва иттиҳомоташ ҳарфе нагуфтанд. Он вақт манобеи огоҳ гуфта буданд, муаллифи блоги "Садои умед" дар Ютубро низ дастгир кардаанд ва то ҳанӯз сарнавишташ рӯшан нест.

Рӯҳонии шинохта, Сироҷиддин Абдураҳмонов (Эшони Сироҷиддин), бори аввал соли 2009 бо гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" дастгир ва дар моҳи январи соли 2010 ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Дертар худаш пайравӣ аз "Салафия"-ро инкор карда, гуфта буд, пайрави мазҳаби ҳанафист.

Соли 2013 бар асоси қонуни афв озод гардид ва баъд аз он як муддат ба ситоиш аз ҳукумату сиёсатҳои он пардохт ва дар мусоҳибаҳо бо расонаҳои давлативу мустақил, Ҳизби наҳзати исломиро, ки ҳоло фаъолияташ мамнуъ аст, "дастнишондаи хориҷиён" номид. Чизе, ки раҳбарони ҳизб дар хориҷа борҳо рад кардаанд.

Эшони Сироҷиддин аз ҷумла дар як муроҷиатнома аз боло бурдани қимати истифода аз Интернет дар Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва гуфт, мардум вақти худро дар ин шабака "зоеъ накунанд". Вай Интернетро "вабои аср" номид.

Маълум набуд, видеоро Сироҷиддин Абдураҳмонов ихтиёран худаш сабт кардааст ва ё бо хоҳиши каси дигар, аммо баъд аз солҳо дигарбора дарак додани ӯро баъзеҳо кори дасти дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон донистанд.

XS
SM
MD
LG