Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли коҳиши муҳоҷирони кории Узбекистон дар Русия


Маскав, акс аз соли 2021
Маскав, акс аз соли 2021

Алишер Рӯзиев, сардори як шуъбаи Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон, иддао кардааст, ки муҳоҷирати кории шаҳрвандони ин кишвар дар Русия коҳиш хоҳад ёфт.

Вай дар ҷараёни як конфронси видеоӣ далелашро рушди соҳаи сохтмон дар Узбекистон номид.

"Имрӯз раванди сохтмон дар Узбекистон авҷ мегирад ва табиист, ки моҳонаи мо бо музди меҳнат дар баъзе аз иншооти Русия баробар аст. Аз ин рӯ, дар чунин вазъ эҳтимол таваҷҷуҳи шаҳрвандони мо ба Русия камтар шавад," -- изҳор доштаст ӯ.

Ба гуфтаи Рузиев, бинокорон дар баъзе аз сохтмонҳои Узбекистон наздик ба 500-600 доллари амрикоӣ моҳона мегиранд.

XS
SM
MD
LG