Тирандозӣ замоне шуруъ шудааст, ки садҳо нафар талош кардаанд ба сӯи маҳалли сукунат ё хобгоҳи низомиён раҳпаймоӣ анҷом диҳанд. Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, вай худ дидааст, ки чӣ тавр чанд нафар ба замин афтодаанд. Нирӯҳои амниятӣ хобгоҳҳои Горди Ҷумҳуриро посбонӣ мекунанд, вале ҳанӯз маълум нашудааст, ки тирандозиро кӣ оғоз кардааст.
Дар Қоҳира ва шаҳрҳои мухталифи Миср исломгароён ба ҷонибдорӣ аз Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршуда раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд.
Тарафдорони Мурсӣ аз мардум даъват кардаанд, ки рӯзи 5 июл ба эътирозҳои саросарӣ таҳти унвони "Ҷумъаи саркашӣ" пайваста, ба нишони эътироз ба барканории раисиҷумҳури исломгарои барканоршуда ба хиёбонҳо бирезанд. Нигароние вуҷуд дорад, ки раҳпаймоиҳо метавонанд ба мавҷи нави хушунатҳо ва даргириҳо байни тарафдорон ва мухолифони раисиҷумҳури барканоршуда табдил ёбад.
Низомиҳои Миср дар пешорӯи эътирозҳои имрӯза бо нашри эъломияе дар Facebook ваъдаи тазмини ҳаққи мардум ба эътирозҳоро дода, вале боз ҳам алайҳи аъмоле ҳушдор додаанд, ки метавонад ба амнияти миллӣ осеб расонад. Қабл аз нашри баёнияи ахир, низомиҳои Миср раҳбарони Ихвонулмуслимин, ҷунбишеро, ки аз Мурсӣ ҳимоят мекард, дастгир карданд. Ихвонулмуслимин тавассути табаддулоти низомӣ барканор кардани Мурсиро, ки нахустин раисиҷумҳури ба таври демократӣ интихобшудаи Миср буд, маҳкум мекунанд.
Сухангӯи Ихвонулмуслимин Ҷиҳод Ал-Ҳаддод дирӯз дар Қоҳира, пойтахти Миср, ба хабарнигорон гуфт: "Ихвонулмуслимин мехоҳад ин нуктаро изҳор бидорад ва таъкид кунад, ки онҳо ҳам як бахш ва як порча аз матоъи миллати Мисранд ва онҳо дар тӯли солҳо ва даҳсолаҳои охир тибқи қавонин ва Қонуни асосӣ талош ба харҷ додаанд ва мо мехоҳем руи ин нукот таъкид кунем, ки пеш аз ҳама, мо табаддулоти низомӣ алайҳи раисиҷумҳур, алайҳи Қонуни асосӣ ва алайҳи машрӯъияти давлатро комилан қабул надорем ва радд мекунем.”
Низомиҳои Миср дар баёнияи худ ваъда кардаанд, ки “алайҳи ягон гурӯҳи сиёсӣ аз чораҳои истисноӣ ва истибдодӣ” кор нахоҳанд гирифт. Дар баёния гуфта мешавад: "Эътирози сулҳомез ва озодии баён ҳуқуқест, ки барои ҳамагон кафолат дода мешавад, ҳуқуқест, ки мисриҳо ҳамчун яке аз муҳимтарин комёбиҳои инқилоби муаззам ба даст овардаанд.” Аммо дар айни замон ин баёния меафзояд, ки “истифодаи беш аз ҳад ва бедалел аз ин ҳаққ метавонад пайомадҳои манфие ҳам ба бор биоранд.”
Низомиҳо алайҳи аъмоле, чун бастани роҳҳо, тахриби иншоот ва осеб расондан ба амнияту иқтисод ҳушдор додаанд.
Бино ба хабари дигари расида аз Миср, артиш дар пайи ҳамалоти ахир гузаргоҳи Рафоҳ дар марзи Миср бо сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро бастааст. Дар яке аз ин ҳамлаҳо, ки субҳи ҷумъа дар нимҷазираи Синай рух дод, як сарбози мисрӣ кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамлаҳо дар вокуниш ба барканории Мурсӣ анҷом шудаанд ё пушташ чизи дигаре меистад.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои сулҳу амнияти Иттиҳоди Африқо бо таъкид ба ғасби ғайриқонунии қудрат дар ин кишвар узвияти Мисрро дар ин иттиҳодияи 54 кишвари ин қора мутаваққиф кардааст.
Амрико, ки ҷамъи ёриҳои низомиву мулкиаш ба Миср солона ба 1,5 миллиард доллар мерасад, ба бозгашти “зуд ва бомасъулият”-и Миср ба ҳукумати мулкии бо роҳи демократӣ интихобшуда даъват карда, аз мақомот хостааст, ба боздоштҳои “худсарона” роҳ надиҳанд. Вазири хориҷаи Миср Комил Амр гуфт, дар як тамоси телефонӣ ба ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ “фаҳмондааст”, ки барканории Муҳаммад Мурсӣ табаддулоти низомӣ набуд, балки дар заминаи “иродаи қариб ба иттифоқи орои мардум” ва дар пайи эътирозҳои густарда сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи Амр, Керрӣ ӯро итминони хотир додааст, ки Миср як муттаҳиди калидии Амрикост ва суботаш барои Вошингтон муҳим аст. Амр ба навбаи худ ба суоли Керрӣ дар мавриди ҳуқуқи башaр ӯро мутмаин сохтааст, ки алайҳи Мурсӣ ваё пайравони ӯ аз Ихвонулмуслимин кадом аъмоли интиқомҷӯёна анҷом нахоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки Мурсӣ баъди барканориаш аз мақом дар кадом макони эълоннашудае дар боздошт қарор дорад.
Қозии аршади Додгоҳи Қонуни асосии Миср Адлӣ Мансур рӯзи 4 июл ба ҳайси раисиҷумҳури муваққат савганд ёд кард. Низомиҳо аз як роҳкоре, ки интихоботи нав дар Мисрро дар назар дорад, ҳимоят мекунанд.
Муҳаммад Мурсӣ, ки моҳи июни соли 2012 дар нахустин интихоботи озоду демократӣ баъд аз суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар Миср, ба қудрат расид, баъди ҳамагӣ як соли ҳукмрониаш ба мавҷи эътирозҳои густурдае рӯбарӯ шуд, ки аз замони суқути Муборак дар феврали соли 2011 собиқа надошт. Низомиҳо рӯзи 1 июл дар пасманзари ин эътирозҳо ба давлати Мурсӣ барои ҳалли буҳрони сиёсӣ 48 соат фурсат доданд. Мурсӣ аз истеъфо даст кашид ва низомиҳо шоми 3 июл ӯву иддае аз раҳбарони Ихвонулмуслиминро дастгир карда, ба Мурсӣ эълон карданд, ки ӯ дигар раисиҷумҳур нест.