Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 мухлиси футбол дар даргириҳои Қоҳира


Дар пайи даргириҳо, ки дар ҳошияи мусобиқаи ду дастаи футбол дар атрофи як варзишгоҳи шаҳри Қоҳира рух дод, 22 нафар кушта шуданд.

Мақомоти мисрӣ гуфтаанд, ки бар асари даргириҳо дар ҳошияи мусобиқаи ду дастаи футболи шаҳри Қоҳира, 22 нафар ҷон худро аз даст додаанд. Мусобиқа рӯзи 8 феврал байни дастаҳои "Замолик" ва "Анби" баргузор шуда буд ва табибон ва шоҳидони ин даргирӣ ба хабаргузориҳои гуфтаанд, ки бештари қурбониёни аз гази ашковар, ки пулис ба сӯи онҳо партоб кард, ба ҳалокат расиданд. Мухлисоне, ки барои тамошои ин бозӣ ҷамъ омада буданд, талош карданд, то ба зӯр вориди варзишгоҳ шаванд.

Вазорати умури дохилии Миср мегӯяд, ки як гурӯҳи калон аз тарафдорони дастаи "Замолик" ба варзишгоҳи нерӯҳои ҳавоӣ рафтанд то мусобиқаро тамошо кунанд. Онҳо талош карданд, бар зӯр дохили варзишгоҳ шаванд ва нерӯҳои пулис талош карданд, ҷилави юришро бигиранд."

Муносибати мухлисони дастаи "Замолик" ва нерӯҳои пулис ба хусус аз замони сарнагунии Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 пур аз таниш будааст. Ҳаводорони ин даста, аз ҷумлаи гурӯҳҳое буданд, ки дар сарнагунии диктатори пешини Миср нақши калидӣ бозӣ карданд.

Ба гузориши расонаҳои давлатии Миср, додситонӣ он кишвар дастур додааст, то раҳбарони тарафдорони дастаи "Замолик" боздошт шаванд. Хабаргузории "Ройтерз" мегӯяд, онҳо дар саҳифаи Фейсбук"-и худ кушташудагонро "шаҳид" хондаанд.

Қаблан низ даргириҳои хунин дар мусобиқаи футбол дар Миср рух дода буд. Дар соли 2012 дар пайи яке аз ҳамин даргириҳо дар Порт Саид, 72 нафар кушта шуданд. Пас аз даргириҳои Порт Саид, дар он кишвар нооромиҳо сурат гирифт ва бо вуҷуди ҳукми эъдоми афроде, ки ба ташкили нооромиҳо муттаҳам мешуданд, хушунатҳо идома кард.

XS
SM
MD
LG