Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи як ғизои аслии тоҷикон боло рафт. ВИДЕО, САДО


Нархи тухми мурғ, яке аз хӯрокҳои асосии сокинони Тоҷикистон, дар як моҳи ахир боло рафта, харидоронро, ки асосан аз қишри миёнҳол ва фақири кишваранд, нигарон кардааст. Арзиши як бастаи 30-донаии тухм дар бозорҳои кишвар аз 27-28 сомонӣ то ба 30-35 сомонӣ расид. Бархе аз соҳибкорон бовар доранд, як сабаби гаронии нархи тухм "пурра манъ шудани воридот аз хориҷ аст". Мақомот манъи ворид кардани тухми мурғро аз хориҷ рад мекунанд.

Садафмоҳ Акобирова даҳ сол боз ба тиҷорати тухми мурғ машғул аст. Вай рӯзи 15-уми январ гуфт, харидорон бештар аз нархи арзони тухм дар Узбекистон мисол меоранд ва сабабии гаронии нархро аз онҳо мепурсанд. "Баҳс мекунанд ва табъи моро хира мекунанд. Дар асл рост ҳам мегӯянд. Дар аввал 20 сомонӣ буд ва мардуми камбизоат бештар тухми мурғ мехарид, ҳоло шояд наметавонанд," -- гуфт ӯ.

Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим

Соҳибкорон мегӯянд, тухмро аз корхонаҳои паррандапарварии кишвар, ки ҳоло таъмингари асосии бозоранд, бо нархи қимат мегиранд. Бибимоҳ Масолуқова, тоҷири бозори "Меҳргон", мегӯяд, дар рӯзҳои сард маҷбур мешавад аз баҳри даромад гузарад ва як бастаи тухмро бо арзиши 28-30 сомонӣ низ бифурӯшад.

Бархе аз соҳибкорон сабаби гарон шудани нархи тухмро дар пурра манъ ва маҳдуд шудани воридоти он аз хориҷ медонанд. Вале гурӯҳи дигар ба ин боваранд, ки дар фасли сармо бо баста шудани роҳҳо ва афзоиши хароҷоти корхонаҳо болоравии нархи тухм як амри маъмулист.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Як соҳибкори дигар дар фурӯшгоҳи "Садбарг" ба Радиои Озодӣ гуфт, "фабрикаҳо як гап доранд: хӯроки мурғҳо қимат шудааст. Ҳамааш ҳамин гапро мегӯянд."

Тухми мурғ аз маводи серистеъмолу дастрас барои ҳама қишри аҳолӣ дар Тоҷикистон буд. Қаблан Оҷонси омор ҳам иттилоъ дод, ки ба ҳисоби миёна ҳар сокини кишвар рӯзе то 2 дона тухм мехӯрад.

Шаҳрӣ, як сокини пойтахт, гуфт, "хурду калон дар хонаи мо субҳ тухм мехӯрад. Нархаш хеле гарон шуд. Мо маъмулан ҳар моҳ тухм бисёр мехарем. Ҳоло ҳам, ки нархаш боло рафт, маҷбурем бихарем, дигар чӣ кор мекунем? Барои ҳама чӣ тухм даркор аст".

Як сол пеш, баъди кушода шудани марзҳои Узбекистон, тухми мурғ аз ин кишвар ба Тоҷикистон сарозер шуд ва арзиши ин мавод якбора поин рафт. Нархи ҳар бастаи тухм он замон то ба 16 сомонӣ расид. Аммо ин хурсандӣ дер давом накард. Пас аз онки "Тоҷикстандарт" риояи талаботи беҳдоштиро ҷиддӣ гирифт, воридоти тухм аз Узбекистон қатъ шуд ва нарх ҳам ба сатҳи пешинааш баргашт.

Тибқи иттилои расмӣ дар соли 2019 воридоти тухм ба кишвар ба фарқ аз соли 2018-ум 175 тонна кам шудааст. Исмоил Андамов, намояндаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, рӯзи 15-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "соли 2019 беш аз 550 миллион тона тухм дар дохили кишвар истеҳсол шудааст ва беш аз 32 миллион тухм аз хориҷ ворид гаштааст. Ин ба сари ҳар нафар 77 дона тухм дар як сол рост меояд."

Аммо талаботи аҳолии Тоҷикистон ба тухми мурғ ба беш аз 1 миллиард дона баробар будааст.

Пештар тоҷирон ва ширкатҳо бештар аз Эрону Ҳиндустон ва қисман аз Қазоқистон ба Тоҷикистон тухми мурғ ворид мекарданд. Бархе агар тасмими маҳдуд шудани воридоти тухмро аз хориҷ барои ҳимояи манфиати истеҳсолкунандагони дохилӣ муҳим номанд, ҷониби дигар мегӯянд, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ "эҷоди маҳдудият роҳи ҳал нест".

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG