Пайвандҳои дастрасӣ

Тамоми омӯзгорони зан ва духтарони донишҷӯ дар мактабҳои олии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки аз рӯзи 1 марти имсол то анҷоми ҷашнҳои наврӯзӣ бо либоси атласу адрас ва чакан дар дарсҳо ҳозир шаванд. Ин дастури расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон охири моҳи январ ба донишгоҳҳои кишвар бо имзои муовини вазир Б.Одиназода фиристода шудааст.

Аксарият бо интиқод аз нашри дастури ҳатмии вазорат мегӯянд, ки дар солҳои охир таваҷҷӯҳи мақомот ба намуди зоҳирии ҷавонон назар ба барномаву сифати таълими онҳо бештар шудааст.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин номаи тавсиявӣ буда, натанҳо ба омӯзгорони зан ва духтарони донишҷӯ, балки ба ҳамаи муаллима ва толибаҳои мактабҳои миёна низ дахл дорад. Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, гуфт, "бидуни ин нома ҳам мардум аз якуми март ба пӯшидани либоси миллӣ, махсусан атласу адрас шурӯъ мекунанд. Вазорат озодии касеро маҳдуд накардааст. Фақат тавсия додем, ки дар ин фасл метавонанд бо либоси дарсӣ маҳдуд нашаванд ва либосҳои миллиро ҳам ба бар кунанд."

Дар номаи расмии Вазорати маориф ва илм ба мактабҳои кишвар, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ ҳам шуд, таъкид гардидааст, ин кор барои тарғиб ва эҳёи анъанаҳои гузаштагон сурат мегирад.

Дар ин дастур гуфта шудааст, "Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиб ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва таҷлили шоистаи Наврӯзи байналмилалӣ ба Шумо дастур медиҳад, ки аз 1 марти соли ҷорӣ дар муассисаи таълимӣ ва аз ҷониби омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарон пӯшидани сару либоси миллиро аз матои атласу адрас ва чакан бо сабку услуб ва нақшу нигораҳои миллӣ дӯхташуда роҳандозӣ намоед."

Саломат Қувватова, раиси бахши занон ва духтарон дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, рӯзи 3 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, як дастур ба ин мазмун ба онҳо дастрас шудааст. Вай гуфт, дар гузашта танҳо пешниҳод мешуд, ки дар айёми Наврӯз духтарон либоси миллӣ бипӯшанд, "вале бори аввал аст, ки чунин супориш дастрас шудааст."

Қувватова афзуд, "аз ҳоло духтарон барои худ либос дуруст мекунанд ва бояд тӯли тақрибан як моҳ либоси миллӣ бипӯшанд. Мо бо духтарон дар ин бора сӯҳбат карда ва дастурро ба онҳо фаҳмондем."

Намунаи либоси ҳатмии дунявии омӯзгорон ҳам бо пешниҳоди вазорати маориф муаррифӣ шуда буд
Намунаи либоси ҳатмии дунявии омӯзгорон ҳам бо пешниҳоди вазорати маориф муаррифӣ шуда буд

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин пешниҳод се сол қабл аз тарафи онҳо ироа шуда буд ва ҳадафаш ҳам тарғиби фарҳанги миллист. Мақомоти тоҷик дар солҳои гузашта аз афзоиши пӯшиши исломӣ, бахусус ҳиҷобу рӯсарӣ дар ҷомеаи кишвар нигаронӣ карда ва дар ивази он тарғиби либосҳои миллиро пешниҳод карданд. Аз сӯи дигар, бо як дастури махсуси Вазорати маориф аз соли 2007 дар муассисаҳои таълимии кишвар аз донишҷӯён ва омӯзгорон пӯшидани либоси расмӣ тақозо шудааст. Ин либос ба шакли аврупоӣ таҳия мешавад.

Аз ҳоло хабари пӯшидани ҳатмии либоси миллӣ аз ҷониби омӯзгорони зан ва духтарони донишҷӯ баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт ва аксарият бо интиқод аз нашри дастури ҳатмии вазорат мегӯянд, дар солҳои охир зоҳиран таваҷҷӯҳи мақомот ба намуди зоҳирии ҷавонон назар ба барномаву сифати таълими онҳо бештар шудааст.

Матн дар давоми рӯз такмил мешавад

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG