Пайвандҳои дастрасӣ

"Businesswomen" – Нишасти тақрибан 200 зани соҳибкор дар Душанбе. ВИДЕО


Дар Душанбе ҳудуди 200 зани соҳибкор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон масоили ҳамкорӣ миёни худро баррасӣ мекунанд. Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ба манзури рушди чунин ҳамкорӣ кишвараш мехоҳад, дар ду соҳили рӯди Ому бозорҳои наздимарзӣ таъсис диҳад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Занони соҳибкор чӣ мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:38 0:00

Муассисаҳои молии Тоҷикистон дар соли 2017 ба тақрибан 189 ҳазор зан ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ қарзи боимтиёз додаанд

"Ҳарчанд сабукӣ дода шуд..."

Рӯзи 6-уми апрел меҳмонхонаи “Шератон” дар пойтахти Тоҷикистон мизбони ҳамоиши занони соҳибкор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон буд. Дар саҳни айвони ин меҳмонхона занони соҳибкори минтақа маҳсулоти худро ба намоиш гузошта буданд.

Ризқӣ Мӯсоева аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд қолиҳои бофтаашро манзури иштирокдорон карда, умед дорад, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш шарикони тиҷоратии наверо пайдо мекунад.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тақрибан таҷрубаи 50-солаи қолибофӣ дорам. Ин ҳунарро дар шаҳри Қӯрғонтеппаи собиқ аз як шинос омӯхтам ва сипас дар ноҳияи Ашт пешаи худ кардам. Қолиҳои бофтаамро сокинони маҳаллӣ мехаранд. Ҳарчанд имсол барои ҳунармандон сабукиҳои андоз дода шуд, харидорон ҳанӯз кам ҳастанд."

​"Далели амниятӣ монеъ шудааст"

Индирa Кордӯст, паноҳандаи афғон дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, ба манзури афзоиши харидорони маҳсулоти дӯхтааш талош мекунад онро ҳам барои сокинони Афғонистон ва ҳам Тоҷикистон мувофиқ таҳия кунад.

Дар посух ба ин суол, ки оё дар Афғонистон ҳунармандони зан имкони фаъолияти озодро доранд ё не, Кордӯст гуфт: "Дуруст аст, ки дар Афғонистони ҷангзада ҳамарӯза инфиҷор рух медиҳад ва фаъолияти занҳо маъмулан дар дохили хона сурат мегирад. Вале занҳои афғон муборизанд ва итминон дорем, ки рӯзе ба мисли бонувони кишварҳои ҳамсоя озод фаъолият хоҳем дошт. Заминаҳо барои ҳамкориҳои судманд миёни занони соҳибкори Афғонистон ва Тоҷикистон зиёд аст, аммо ба далели амниятӣ ҳоло наметавонем аз он ба таври пурра истифода кунем."

Ҳилолбӣ Қурбонзода
Ҳилолбӣ Қурбонзода

Қарзи боимтиёзи Тоҷикистон ба тақрибан 190 ҳазор зан

Дар маҳфили занони соҳибкор дар Душанбе намунаҳое аз маҳсулоти тиҷоратии Афғонистон, назари маҳсулоти дӯзандагӣ ва ҳам ҷавоҳирот ба намоиш гузошта шуд. Аксар маҳсулоти дӯзандагӣ ба шеваи миллӣ таҳия шуда, айни замон, ба қавли соҳибкорзанони афғон, ҷузъиёте аз мӯд ва шеваи таҳияи либоси аврупоӣ ҳам дошт.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустии порлумон, дар ҷараёни ҳамоиши минтақавии соҳибкорзанҳо эълон кард, ки президенти Тоҷикистон ҳамасола ба занҳои кишвар барои рушди шуғлашон ба маблағи як миллион сомонӣ грант ё қарзи бебозгашт медиҳад. “Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон муассисаҳои молии кишвар дар соли 2017 ба тақрибан 189 ҳазор зан ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ қарзи боимтиёз додаанд. Ин ҳама ба хотири амалӣ сохтани сиёсати мақомоти Тоҷикистон ба ҷалби бештари фаъоли занҳо дар ҳаёти иқтисодии кишвар анҷом дода мешавад”, - афзуд ӯ.

Алмос Сайфиддинов
Алмос Сайфиддинов

Аммо Алмос Сайфиддинов, муассиси саҳифаи интернетии “Навидҳои иқтисодии Тоҷикистон” дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки соҳибкории занҳо дар кишвар метавонад рушди бештаре дошта бошад. Вале бештари вақт гаронии дарсад ё фоизи қарз монеи ин амр шудааст.

Муштаракот ва тафовути Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар посух ба ин суол, ки оё эҳтимоли ҳамкории соҳибкорзанҳои Тоҷикистону Афғонистон воқеӣ аст ё не, Алмос Сайфиддинов гуфт: “Ҳарчанд миёни Тоҷикистон ва Афғонистон муштаракоти зиёде ҳаст, аммо тафовутҳо низ кам нестанд. Дар Афғонистони ноором миллатҳои зиёде зиндагӣ мекунанд. Гузашта аз ин, дар Афғонистон мардсолорӣ ҳукмфармост ва роҳандозии ҳамкориҳои миёни соҳибкорзанҳо ду кишвар чандони кори соддае нест”.

Кевин Коверт
Кевин Коверт

Феълан бо фаъол шудани пулҳо миёни Тоҷикистону Афғонистон соҳибкорони ду кишвар, асосан аз ҷумлаи мардҳо ба тиҷорати бузург машғуланд. Тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон маводи ғизоӣ ворид шуда, аз ин кишвар ба Афғонистон масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.

Пешниҳоди таъсиси бозори наздимарзӣ барои занон

Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар чунин вазъ роҳи ҳал роҳандозии бозорҳои наздимарзист. Ӯ гуфт, “миёни Тоҷикистону Афғонистон чанд пули мошингузар сохта шудаанд. Мо бар ин назарем, ки Амрико бояд барои таъсиси бозорҳои наздимарзии бештар талош карда, роҳҳои мошингузар то ба маҳалли бозорҳоро сармоягузорӣ кунад. Дар ин бозорҳо бояд занҳои соҳибкор бо тавлидоти худ тиҷорат кунанд”.

Зимнан, сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз сармоягузорони ҳамоиши занони соҳибкори минтақа аст. Ҳамоиши нахустини соҳибкорзанҳои Осиёи Марказӣ соли 2012 дар шаҳри Бишкек баргузор шуда, имсол ба кори он Афғонистон пайваст ва ширкатҳои бархе аз кишварҳои ғарбӣ низ намояндаҳои худро ба Душанбе фиристодаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG