Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳаллаи “муаллақ” дар Душанбе. "На ба таваллудхона роҳ дорем, на ба мактаб". ВИДЕО


Манзили беш аз дуним ҳазор аҳолии як маҳаллаи Душанбе беш аз ду даҳсола боз дар ҳеч куҷо сабтином нашуда ва “дар ҳаво муаллақ мондааст”.

  • Сокинони ин хонаҳо ҳақ надоранд, ки худро дар манзили зисташон сабтином кунанд. Дар интихоботҳои 25 соли охири Тоҷикистон боре ҳам овоз надодаанд ва писарони онҳоро бе даъватномаи расмии комиссариат ба артиш мебаранд.
Ман рус ҳастам, шояд пагоҳ аз ин ҷо биравам. Вале инҳо одамони Шумо ҳастанд. Садои моро бишунавед! Вақте ба Маҷлиси олӣ муроҷиат кардам, гуфтанд, ки “Шумо 5-6 нафар ҳастед”. Чӣ хел 5-6 нафар?

Хона ё бӯстонсаро?

Маҳалли зисти онҳоро, ки бо маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт ҳамшафат аст, танҳо ба хотири ҷамъоварии андоз ва пули обу барқ ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ворид кардаанд. Дар асл манзили онҳо ҳеч санад надорад ва дар ҳеч куҷо сабтином нашудааст.

Масъулони маҳалла мегӯянд, манзилҳои зисташон дар гузашта бӯстонсарои тобеи Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон будааст. Дар солҳои навадум аксаран гурезаҳо ин бӯстонсароҳоро харидаанд. Сабаби то ба имруз дар ягон идораи манзилӣ ҳамчун хона сабтином нашудани ҷои зисти ҳудуди 3000 нафарро мақомоти ҳукумати ноҳияи Фирдасвии Душанбе низ маҳз ҳамчун бӯстонсаро сабт шудани маҳалла шарҳ медиҳанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Маҳаллаи "муаллақ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

“Аз ваколати мо берун аст”

Гулрухсор Наимова бо хонаводааш 20 сол аст, ки дар маҳаллаи Гулбутта зиндагӣ мекунад. Се фарзанди донишҷӯ дорад ва ҳеч кадоме аз онҳо дар хонаи худ сабтином нашудаанд. “Наметавонем, ба беморхонаи ноҳия муроҷиат кунем, фарзандонро ба боғча барем. Дар интихоботҳо ба мо варақа намеоранд. Ба ноҳияҳои дигар муроҷиат мекунем, ки моро сабтином кунанд, лекин қабул намекунанд. Мо ҳеҷ ҳуқуқ надорем”, - гуфт Гулрухсор Наимова.

Дар 25 сол ҳеч осоре аз бӯстонсаро ё дачаҳои даврони Шӯравӣ боқӣ намондааст ва мардуми мӯҳтоҷ ба хонаву сарпаноҳ ин биноҳоро ба манзили зист табдил додаанд. Вале дар ин муддат сарнавишти манзилҳои зисти 2 ҳазору 689 сокини ин маҳалла ҳалношуда мемонад.

Мақомоти ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳолати сокинони Гулбуттаро “ғайриқонунӣ” дониста ва мегӯянд, ки бо ҳамин сабаб онҳо ҳаққи сабти номи худро надоранд. Шералӣ Хушзода, муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ 11-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир рӯзи шанбеи гузашта бо сокинони маҳаллаи Гулбатта мулоқот кард ва фаҳмонд, ки ҳалли масъала “аз ваколати онҳо берун аст”.

“Худсарона зиндагӣ доранд”

“Онҳо тайи беш аз 20 сол, ки зиндагӣ доранд, дар ноҳияҳои дигар, ба мисли Сино сабтином шудаанд. Дар маҳаллаи Гулбутта ғайриқонунӣ ва худсарона зиндагӣ доранд. Ҷои зисти онҳо бӯстонсароҳои идораи Роҳи оҳан мебошад. Дар ҷои бӯстонсаро, ки барои зиндагии муваққатӣ пешбинӣ шудааст, набояд манзили зист месохтанд. Аввал мақоми ин маҳалла аз “бӯстонсаро” ба “манзили зист” иваз карда шавад, баъд мумкин аст роҳи ҳал пайдо шавад. Ҳоло аз тавони мо берун аст”, - мегӯяд муовини аввали раиси ноҳия.

Ба иттилои ӯ, барои пурра бозбинӣ шудани мақоми маъмуриву ҳуқуқии маҳаллаи Гулбутта чанд сохтори давлатие ба мисли Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи замин ва дигар ниҳодҳо дастбакор шаванд.

Иқболбӣ Тӯраева, сокини Гулбутта, мегӯяд, ҳар сол барои дарёфти нафақааш дар ҳаҷми 300 сомонӣ худро дар ҳар ноҳияи дигар сабти ном мекунад.

“Пули андозро мегиранд, кори моро буд намекунанд”

Сабоҳатхон Муродова, ки мегӯяд 17 сол боз дар инҷо зиндагӣ мекунад, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро надорад. Ӯ гуфт, надоштани санад мушкилоти ӯро хеле зиёд мекунад. Як мояи аслии нороҳатии сокинони Гулбутта ин аст, ки аз назари онҳо вазифаву салоҳияти шаҳрвандии худро дар баробари давлат иҷро мекунанд, пули андозу хадамоти коммуналиро сари вақт мепардозанд, аммо дар ҷавоб мақомот масъалаи онҳоро ҳал намекунад.

Абдукарим Яъқубов, муовини раиси маҳаллаи Гулбуттаи кӯчаи Неъмат Қарабоев мегӯяд, ин мардум “дачаро бо пули ҳалоли худ харидаанд, лекин соли 1997 Идораи Роҳи оҳан аз маҳаллаи мо даст кашид. Дигар моро дар ягон ҷо ба қайд нагирифтанд”.

“Дар куҷо зиндагӣ мекунам? Дар миёни замину осмон”

​Ягона корманди Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки аз замонҳои Шӯравӣ дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад, барои кумак ба ҳаммаҳаллаҳояш дари даҳҳо идораро кӯфта, аммо ҳамеша ҷавоби рад гирифтааст. Ин зан, ки худро Мария Александровна муаррифӣ кард, гуфт, ӯ ҳам бе сабтином зиндагӣ мекунад.

“Мардум маълумотнома гирифта наметавонанд, занҳо роҳат таваллуд карда наметавонанд, чунки дар зоишгоҳ маълумотномаи маҳалли зист талаб мекунанд. Ман дар куҷо зиндагӣ мекунам? Дар миёни замину осмон. Хеле хуб, фарз кардем, ман рус ҳастам, шояд пагоҳ аз ин ҷо биравам. Вале инҳо одамони Шумо ҳастанд. О садои моро бишунавед! Вақте ба Маҷлиси олӣ муроҷиат кардам, гуфтанд, ки “шумо 5-6 нафар ҳастед”. Чӣ хел 5-6 нафар? Ҳатто замони тобеи Роҳи оҳан будан, дар ин макон 250-280 манзили зист ва бӯстонсаро буд. Ҳоло хеле бештар шудааст.”

Сокинони Гулбутта мегӯянд, бинобар дар қайди давлатӣ набудани манзилҳои зисташон ва набуди қайди манзили зист дар шиноснома, масъалаи фавт, таваллуд, ақди никоҳ, дарёфти шиносномаву шаҳодатномаи таваллуд хеле мушкил шудааст. Дар як номаи дастҷамъӣ бо имзои 2689 нафар бори дигар аз ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар ниҳодҳои кишвар хоста шудааст, ки ба мушкили онҳо расидагӣ шавад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG