Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз зери хона об меравад, девор чаппа шавад, чӣ кор кунем?" ВИДЕО


Сокинони ҳадди ақал чаҳор манзил дар кӯчаи Зайнаббибии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки хонаҳояшон бо хатари фурӯравӣ рӯ ба рӯ аст.

Шикоф шудани лӯлаи обрасонӣ дар зери замини кӯча, хоки зери манзилҳоро нарм сохта, боис ба фурӯ рехтани сохтмонҳо шудааст. Ин ҳодиса пас аз он сар зад, ки "Корхонаи обу корез"-и Душанбе дар манзили сокинони ин кӯча ҳисобкунаки об насб намуд.

Сокинон мегӯянд, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат кардаанд, аммо аз ин ниҳод посух гирифтанд, ки ин ҳодисаи табиӣ нест ва ба онҳо ҳеҷ кӯмаке карда наметавонанд.

Саъдуллоҳ Нуралиев, сокини кӯчаи Зайнаббибии шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз рӯзи панҷшанбе аст, ки лӯлаи байни кӯча кафидаст. Вақте ҳисобкунакҳоро насб карданд, ҳамон вақт шурӯъ шуд. Ҳоло хонаҳо ҳама садамавӣ шудааст, бубинед, деворҳо рехтаанд. Таги хона ҳама об аст. Метарсем, ки хоб равем. Хонаи иҷора гирифта рафтем. Шаш кас ҳастем, ду кӯдаки хурд ҳам дорем. Девор дар болоямон чаппа шавад, чӣ кор кунем?"

Сокинони ин манзилҳо дар кӯчаи Зайнаббибӣ пас аз ошкор шудани сӯрохии лӯлаи об ба "Корхонаи обу корез"-и Душанбе муроҷиат карданд. Онҳо мегӯянд, кормандони ин корхона ба сӯрохи лӯлаи бузурги обгузар пораи чӯб андохтанд ва бо ҳамин гӯё мушкилро ҳал карданд. Аммо, ба қавли онҳо, ҳанӯз ҳам об ба зери замини хонаҳояшон ҷорист ва тахриби манзилҳояшон идома дорад.

"Аз зери хона об меравад, девор чаппа шавад, чӣ кор кунем?"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:09 0:00

Дилшод Қаландаров, сокини ҳамин маҳалла мегӯяд, ки хонаашро ба наздикӣ таъмир карда буд ва ҳоло деворҳо кафида ва имкони дар дохили утоқҳо зиндагӣ кардан вуҷуд надорад.

Вай мегӯяд, ба Корхонаи обу корез ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат карданд, вале мушкилашон ҳанӯз ҳал нашудааст. "Шабҳо хоб нестем, кӯдакҳоро ба хонаҳои ҳамсоя бурда, хоб мекунем. Ба кӣ муроҷиат кунем, намедонем", - мегӯяд ин сокини кӯчаи Зайнаббибии Душанбе.

Аксар манзилҳои дар ҳоли харобшавӣ нав таъмир шудаанд. Ҳар яке аз ин манзилҳо аз 6 то 8 утоқ ва иншоотии дигар доранд. Бар изофа, ин мушкил сокинони ин кӯчаро чанд рӯз боз аз оби ошомиданӣ маҳрум кардааст.

​Хонимгул Абдураҳимова, сокини ҳамин кӯча мегӯяд, ки аз як ҳафта ба ин тараф беобанд ва аз хонаҳои ҳамсояҳо об мекашанд.

Сокинони зиёндида мегӯянд, онҳо ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат кардаанд, аммо аз ин ниҳод посух гирифтанд, ки ин ҳодисаи табиӣ нест ва ба онҳо ҳеҷ кӯмаке карда наметавонанд.

Дар сурати пурра хароб шудани манзилҳояшон, онҳо умед надоранд, ки ҷуброни суғурта дарёфт мекунанд. Аммо оё "Корхонаи обу корез"-и Душанбе, ки масъули хароб шудани манзилҳои сокинон дар кучаи Зайнаббибӣ гуфта мешавад, зиёни мардумро ҷуброн хоҳад кард ва ё хайр, суолест, ки ҳанӯз посух надорад.

Масъулони ин идора ҳозир нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG