Пайвандҳои дастрасӣ

Ба роҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Душанбе иҷозат надоданд. САДО


Раҳпаймоӣ дар Иди Ғалаба. Шаҳри Хоруғ, 5 майи соли 2015

Рӯзи 9 майи имсол дар Душанбе роҳпаймоӣ ё маъракаи “Полки абадӣ” баргузор нахоҳад шуд. Мақомоти шаҳрдорӣ рӯзи 4 май далели ин тасмимро “фаннӣ” номиданд. Онҳо гуфтанд, ки баргузории маъракаи “Полки абадӣ” дар як вақт бо гашти низомӣ бо ҳузури ҳазорҳо техникаву ҳарбиён дар Боғи Ғалабаи пойтахт ғайриимкон аст. Раҳбарияти Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар оғоз мувофиқати лафзӣ барои роҳпаймоии “Полки абадӣ” ба даст омада буд, аммо дар ниҳоят тасмим дигар шуд.

Дар канори Тоҷикистон, Узбакистон низ расман баргузории амалиёти “Полки абадӣ”-ро мамнӯъ кард. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, “ба далели вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон анҷоми ҳамчунин тадбирро мувофиқи мақсад намешуморанд”.

Дар ҳоле ки тасмими мақомот бархе аз гурӯҳҳои ҷонибдори гашти “Полки абадӣ”-ро нороҳат кард, коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон ба унвони давлати мустақил хостори ин нест, ки дар кишвар рамзҳои хоси Русияи муосир таблиғ шавад.

“Полки абадӣ” – поси хотири гузаштаҳо

“Полки абадӣ” (“Бессмертный полк”) аз соли 2011 дар Русия ва бархе аз кишварҳои дигар бо нияти поси хотири қурбониёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон бо ширкати ҳазорҳо собиқадорони ҷанг ва сокинони оддӣ баргузор мешавад. Ҳар хонаводае, ки наздиконашон дар ҷангҳои солҳои 1941-1945 иштирок кардаанд, рӯзи 9 май бо акси калони онҳо ба кӯча баромада, хотири гузаштагонро гиромӣ медоранд. Соли гузашта дар Боғи Ғалабаи Душанбе ҳам бархе аз сокинон бо акси бобоҳои худ зоҳир шуда, бо ин роҳ барои корнамоиҳои азизонашон сипосгузорӣ карда буданд.

Имсол дар канори Тоҷикистон, Узбакистон низ расман баргузории амалиёти “Полки абадӣ”-ро мамнӯъ кард. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, “ба далели вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон анҷоми ҳамчунин тадбирро мувофиқи мақсад намешуморанд”.

“Лентаи георгиевӣ” – рамзи Русияи муосир?

Дар ҳоле ки тасмими баргузор нашудани маъракаи мазкур дар Тоҷикистон мавзӯи баҳси ҷонибдорону мухолифонаш дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст, бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, маъракаи “Полки абадӣ” дар Русияи имрӯза бештар мазмуни сиёсӣ касб карда, баҳонае барои таблиғоти идеологии ҳукумат дар дохил ва хориҷи Русия гардидааст. Баробар бо ин чорабинӣ сари сина кардани “Лентаи георгиевӣ” – ҳамчун рамзи ғалаба дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, ки маҳз дар даврони президент Владимир Путин роҳ афтодааст, дигар василаи таблиғотӣ арзёбӣ мешавад.

Ташаббуси сари сина гузоштани “Лентаи георгиевӣ” дар Русия аз солҳои 2005 шурӯъ шуда, маъмулан таблиғи он як моҳ пеш аз таҷлили иди Ғалаба шурӯъ мешавад. Дар худи Русия ҳам мавқеи афкори умум дар заминаи ҷорӣ шудани анъанаи доштани ин рамз яксон нест. Тарафдорон мегӯянд, насли имрӯза бояд заҳмату қурбониҳои гузаштаҳои худро бидонанду эҳтиром кунанд. Мухолифон мегӯянд, рамзи лентаи георгиевӣ бо даврони имрӯза ҳеҷ умумият надорад ва соли 1769 аз ҷониби Малика Екатеринаи 2 (Императритса) ҳамчун ордени низомӣ ба номи Георгии муқаддас (қарни 3-и милодӣ) таъсис шудааст. Ин ҷоиза ба қаҳрамонҳои ҷанг тақдим мешуд.

Аз назари мунаққидон, муаррифӣ ва ҷорикунии анъанаи сари сина кардани лентаи георгиевӣ дар Русияи имрӯза ҳамчун рамзи даъвоҳои импературии президент Владимир Путин арзёбӣ мешавад. Аз назари бархе таҳлилгарон дар Тоҷикистон ҳам ин интиқод беасос нест. Аз ҷумла, Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил мегӯяд, “ин рамзҳо дар замони Русияи муосир пайдо шуд, чунин маънидод мешавад, ки дар ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ танҳо Русия пирӯз шуда ва кишварҳои дигари шӯравии пешин дар ин пирӯзӣ ҳеч саҳм надоранд”. Аз ин лиҳоз, вай таъкид кард, Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил набояд аз рамзҳои кишвари дигар истифода кунад.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Ин дар ҳолест, собиқадорони ҷанг ва хонаводи онҳо аз ин рамзҳо ба манзури поси хотири қурбониёну ветеранҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум истифода мекунанд ва онҳоро муқаддас медонанд. Аммо Нуралӣ Давлат гуфт, “дар замони Шӯравӣ, ки теъдоди зиёди ветеранҳои ҷанг зинда буданд, на “Полки абадӣ” буду на “Лентаи георгиевӣ”. Ин рамзҳо дар Русияи муосир, дар даврони ҳукумати Путин пайдо шуданд ва ба поси хотири ветеранҳои ҷанг иртибот надорад”.

Мухолифат бо рамзҳо дар ҷумҳуриҳои дигари ОМ

Соли гузашта Вазорати дифои Узбакистон аз мардуми кишвар даъват карда буд, ки аз гардондани “Лентаи георгиевӣ” худдорӣ карда ва ба ивази он аз лентаи бо рамзҳои давлатии ин кишвар истифода кунанд. Мухолифони "Лентаи георгиевӣ" дар Қирғизистону Қазоқистон низ пайдо шудаанд. Дар пайи ғасби Қрим тавассути Русия ва ҳаводиси шарқи Украина "Лентаи георгиевӣ" ҳамчуни рамзи султаҷӯиҳои Русия маънидод шудааст.

Дар Тоҷикистон дар остонаи иди Ғалаба "Лентаи георгиевӣ" бо ташаббуси сафорати Русия дар Душанбе тавзеъ мешавад ва дар ин амал ҷонибдорони сиёсати Русия аз ҳисоби донишҷӯёну фаъолони ҷамъиятӣ, аз ҷумла журналистон ҳам иштирок мекунанд.

Ҷашни Пирӯзӣ ва ташдиди чораҳои амниятӣ

Дар назар аст, рӯзи 9 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт расми гузашт ё паради низомӣ баргузор шавад. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳоло мавзӯи ширкати нирӯҳои дигари ниҳодҳои қудратӣ дар расми гузашт баррасӣ мешавад.

Дар остонаи ҷашни ғалаба дар 9 май тадобири амниятӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон сахттар шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 4 май ба Радиои Озодӣ гуфт, нирӯҳои ин вазорат барои суботу оромии кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздики марз бо Тоҷикистони Афғонистон ба вазъияти амниятӣ дар кишвар таъсир надорад. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ гуфт, таҳти тасарруфи Толибон даромадани минтақаҳои шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ба вазъи амниятӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон асаре надорад.

Зимнан, дар арафаи Ҷашни Ғалаба давлати Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва хонаводаи онҳо ба миқдори 3000 сомонӣ ё ҳудуди 350 доллар кумаки яквақтаи молӣ кардааст. Ҳамчунин, собиқадорону хонаводаи онҳо аз бархе аз имтиёзҳо, назири озод будани аз пардохти андози манзил ва табобату истироҳати ройгон дар осоишгоҳҳо бархурдор ҳастанд.

Аз Тоҷикистон дар сангарҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум 270 000 ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ҷумҳурӣ ширкат карда, қариб 90 ҳазори онҳо дар ҷанг кушта шуданд. 54 зодаи Тоҷикистон дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд. Бино ба маълумоти Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон, феълан дар кишвар 448 собиқадори Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм зиндагӣ карда ва бузургсолтарини онҳо Додарҷон Умарови 117-сола ва “ҷавонтарин” Леокадия Ковтуни 90-сола мебошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG